25 феврали соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти "Зарбдор"-и шаҳри Кӯлоб вохӯрии судманд доир намуданд.
Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кӯдакон дар самти беҳдошт, тозагӣ ва саломатӣ ҷаласаи Ташкилоти ҷамъияти Good Neighbors оид ба “Лоиҳаи рушди ҷомеа дар шаҳри Кӯлоб” бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳри Кӯлоб ва фаъолони маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.
Таҳти ин унвон дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади тақвият бахшидани корҳои оммафаҳмонӣ ва баррасии мақсадҳои лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил” вохӯрии намояндагони ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.
Як нишонаи шаҳр фаъол будани чароғаки роҳнамост. Инак баъди гузашти солҳои тулони бо ташабуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар чороҳаи кӯчаи Имоили Сомонӣ, Ҳилоли Аҳмар ва маҳалаи Корези поёни шаҳр (Чорсӯи Коператор) чароғаки роҳнамо аз нав фаъол карда шуд.