Санаи 16 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахдори шаҳр, роҳбари бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Ҷаласаро мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд.
Аз рӯи масъалаи якум тибқи тартиби муқаррарнамудаи рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Қадамшо “Оид ба фаъолия, дастовард ва мушкилотҳои соҳаи маорифи шаҳр дар соли нави таҳсили 2022-2023” ҳисоботи пешниҳод намуд.
Сипас, Нуриддинзода Сайҷамолиддин, директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ” барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб, Қурбонов Аскаршоҳ, раиси кумитаи падару модарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Кӯлоб ва Ҳайдарова Назира, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб маърӯзаҳои хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Дар идомаи кори маҷлис раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, қайд кард, ки маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок таҳти назари бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар давари соҳибистиқлолӣ дар ин самт дигаргуниҳои куллӣ сурат гирифтанд. Имрӯзҳо барои наврасону ҷавонони мо шароите фароҳам оварда шудааст, ки баҳри баланд гардидани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва шаклгирии мафкураи ҷавонон мусоидат намоянд. Пешвои муааззами миллат дар суханрониҳояшон чунин қайд кардаан, “Мо бояд ба таълиму тарбияи фарзандонамон, рушди илму маориф, бахусус, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки асоси омода кардани мутахассисони ояндасози миллӣ мебошад, эътибори аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки дар байни ҷомеаи мо ва махсусан наврасону ҷавонон андешаҳои хурофотиву таасуб ва унсурҳои фарҳанги бегона нуфуз пайдо намоянд”.
Ҳамчунин дар ҷаласаи васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб матни лоиҳаи муроҷиатномаи иштирокчиёни машварат аз ҷониби котибот, мудири кабинети методии шуъбаи маориф Шомадова Гулчеҳра пешниҳод гардид. Баъдан дар ҳузури иштирокчиёни машварати имрӯза лоиҳаи қарори муроҷиатномаи мазкур тасдиқ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласаи мазкур Раҳимзода Ойниҳол, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб, гирандаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло дар равияи табиӣ-риёзӣ бо Ифтихорнома ва маблағи 5000 сомонӣ, роҳбари муассисаи мазкур Ҳайдарова Назира бо маблағи 3000 сомонӣ, Раҳимова Маҳтобӣ омӯзгори МТМУ №1 бо маблағи 2000 сомонӣ ва Директори маркази рушди истеъдодҳо Иззатуллоев Идимад бо маблағи 3000 сомонӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Дар охири ҷаласаи васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба собиқадорини соҳаи маориф, беҳтарин омӯзгорону мураббиён ва дигар кормандони соҳа, ки тайи солҳои зиёд саҳми хешро дар тарбияи насли наврас саҳми шоиста гузоштанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ инчунин шаҳодатномаи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб