Санаи 15 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр доир гардид, ки дар он муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, соҳибкорон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ҷаласаро ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд. Сипас, иброз доштанд, ки баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбариро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриамоноро бо дастовардҳои навин истиқбол намоем.
Баъдан, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Роҳбари дасгоҳи шаҳри Кӯлоб Абдуллоев Файзулло оид ба супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда ҳисобот пешниҳод намуд.
Тибқи банди дуюми рӯзномаи маҷлис муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо оид ба рафти иҷрои “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” баромад намуда, қайд кард, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ҳуҷҷати асосие мебошад, ки баҳри амалӣ намудани “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” мавқеи ҳалкунанда дошта, ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат нисбат ба баланд бардоштани мавқеи занону духтарон буда боиси ифтихори мо занону бонувон мебошад.
Дар идомаи кори ҷаласа Муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо оид ба рафти кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва Ҳамидиён Орзу оиди рафти омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуданд.
Зимни маҷлиси навбатӣ масъалаҳо оиди фаъолияти қатъии гуруҳҳои корӣ, иваз намудани шиору овезаҳо, рангу бор намудани ташкилоту муассисаҳо ва хонаҳои баландошёна, рафти омодагии муассисаҳои мактабӣ ба соли нави хониш, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон дар муассисаҳо, дар сатҳи баланд гузаронидани Конференсияи августии омӯзгорон, супоридани бақияпулиҳои андоз, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP