Омӯзгорони арҷманду хонандагони азиз, волидайни муҳтарам!
Ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Кӯлобро ба муносибати 1 сентябр- оғози соли нави таҳсили 2022-2023, Рӯзи дониш аз самими дил табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, рӯзгори хушу хуррам, осмони софу беғубор ва муваффақият дар кору зиндагиатон таманно дорам.
Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: “Дар кишвари мо Рӯзи дониш баробари дарси сулҳ арзиши баланд дошта, шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо ин санаи фархундаро бо шодиву хурсандӣ истиқбол мегиранд.
Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то ба имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд”.
Соли нави хониши 2022-2023 дар арафаи истиқболи ҷашни бузургтарину муқаддаси миллат- 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда истодааст. Мебояд тазаккур дод, ки боназардошти нақши бузург доштани дониш ва илму маърифат дар таълиму тарбияи насли наврасу ояндасози кишвар, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои хирадманду муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин соҳаи муҳим диққати аввалиндараҷа медод ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кард.
Бинобар ин тамоми чораҳо андешида шуданд, ки заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ сол аз сол беҳтар, шароити кору зиндагии омӯзгорон шоистатар гарданд. Аз ҷумла дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 32 иншооти нав ва 203 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 12480 ҷойи нишаст бунёд карда шуданд. Дар асоси барномаи махсус ҳама муассисаҳои таълимӣ бо компютер таъмин гашта, бо ба роҳ мондани дарс хонандагон технологияи компютериро аз бар карданд ва карда истодаанд. Музди маоши кормандони соҳаи иҷтимоӣ, бахусус омӯзгорон давра ба давра боло бардошта шуда истодаанд. Бахусус соли ҷорӣ шурӯ ъ аз аввали моҳи июл 20 фоиз зиёд гардид.
Боиси қаноатмандиву шукргузорист, ки бунёд ва таъмиру азнавсозии муасиссисаҳои таълимӣ босуръат идома доранд. Масалан сохтмони иморати мактаби нав барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарбдор, бо ашёву таҷҳизоти зарурии хониш таъмин шудааст ва дар арафаи рӯзи Истиқлолият мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Сохтмони муассисаҳои таълимии нав дар маҳаллаи Абдушукуроваи шаҳр ва барои 340 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Бахтободи ҳамин ҷамоат, бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишасти дар Муассисаҳои таълимии №14-и деҳаи Панҷосиёби ҷамоати деҳоти Зарбдор, бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 13, 21, 28, 41 ва ғайраҳо дар ҷараён мебошанд.
Хулоса давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳарчӣ бештар хуб кардани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои маорифи шаҳр маблағҳои зиёдеро масраф карда истодаанд ва бояд дар соҳа натиҷаҳо назаррас бошанд. Натиҷаи назарраси соҳа бошад, ин албатта ҳарчӣ беҳтар шудани сифати таълиму тарбия маҳсуб меёбад.
Қобили қайд аст, ки муассисаҳои таълимии шаҳр дар навбати худ тавонистаанд, ки дар самти хониш ба дастовардҳои назаррас ноил шаванд. Аз ҷумла дар соли хониши 2021-2022 хонандагони муассисаҳои таълимиии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар 103 олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 178 олимпиадаҳои байналмиллалӣ ширкат варзида соҳиби 103 ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Аз ҷумла 12 нафар медали тилло, 29 нафар медали нуқра ва 62 нафар медали биринҷиро соҳиб шуданд, ки боиси ифтихори на танҳо омӯзгорону муассисаҳои таълимӣ, балки тамоми мардуми шаҳру деҳоти Кӯлоб аст.
Айни ҳол дар шаҳр 82 нафар гирандагони Стипендияи Президентӣ, 4 нафар гирандагони Стипендияи раиси вилоят ва 10 нафар гирандагони Стипентияи раиси шаҳр мебошанд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти соли хониши 2021-2022, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Раҳимзода Ойниҳол Сафаралӣ бо гирифтани аттестати аълои унивесалӣ ва медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ сарфароз гардид. Устодони ин хонандаи болаёқат ва худи ӯ сазовор таҳсину офаринҳост.
Аз 3351 нафар хатмкунандагони синфҳои 11, имсол 2487 ё 74,2 фоизашон тибқи маълумоти тестӣ дор донишгоҳу донишкадаҳо аз қайд гузаштанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта 4,8 фоиз зиёд мебошад.
Аммо ин рақамҳо набояд боиси хотирҷамъӣ бошанд. Зарур аст тамоми чораҳо андешида шавад, ки дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб боз ҳам ҷолибу арзишмандтар шаванд.
Аз ҷониби худ Шуморо бовар мекунонам, ки ҳама он омӯзгороне, ки шогирдонашон дар фатҳи қуллаҳои дониш зафарёб мешаванд, ҳатман аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо туҳфаҳои қимматнок қадрдонӣ хоҳад шуд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба хонандагон муроҷиат ва хоҳиш менамоем, ки ҳар як лаҳзаро дар мактаб барои донишандӯзӣ истифода намоед. Сухани омӯзгорони худро чун ганҷи қимматбаҳо дар худ нигоҳ доред. Дар хотир дошта бошед, ки танҳо бо доштани илму касбу ҳунар, фардо хор намешавед. Махзани илму ҳунар бошад, муассисаҳои таълиму таҳсиланд. Шоир фармудааст:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ба қадри омӯзгорони худ расед. Меҳнати пурарзиши онҳоро эҳтиром кунед. Донед, ки онҳо аз ҳеҷ, фарде месозанд. Ба қавли шоир:
То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Волидайни муҳтарам! Дар тарбияи насли наврас- фарзандон, нақши Шумо асосӣ мебошад. Муассисаи таълимӣ ёрдамчии Шумоянд. Бинобар ин алоқаи Шумо бо мактаб бояд доимо мустаҳкам бошад. Танҳо дар ҳамин ҳолат таълиму тарбия натиҷаҳои хуб ба бор меорад.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар охир мебояд таъкид кунам, ки моро дар пеш ҷашни бузурги 35 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон интизор аст. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ин санаи муқаддас мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақшаи мушаххаси чорабиниҳои худро таҳия ва тасдиқ намуда тасмим гирифтааст, ки беш аз 460 иншооти таъминоти гуногунро бунёду азнавсозӣ карда, баҳри истифода ба мардум пешниҳод созад. Ҳар як корхона, ташкилот, муассиса ва шаҳрванди баору номус ҳам бояд ба ин муносибат нақшаи мушаххаси худро худро дошта бошад. Аз он ҷумла Шумо низ хонаву дар ва маҳалли зисти худро ба пешвози ин ҷашн бояд ҳамаҷониба омода намоед. Ана дар ҳамин кор ба ҳамаамон барору муваффақият хоҳонам.
Дар охир ҳамагонро ба Рӯзи дониш бори дигар табрик гуфта, орзумандам, ки соли нави хониш барои мактабу маориф боз ҳам бобарортар гардад.
Саломату сарбаланд бошед!