Санаи 27 августи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин доираҳои тиҷоратии вилояти Хатлон ва минтақаҳои Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд карданд, ки Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда ва ба рушди муносибатҳои дӯстона алоқамандӣ нишон медиҳад.
Дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор додани клиникаи сайёри тиббӣ аз ҷониби Муассисаи байналмилалии корҳои башардӯстонаи шоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз дар моҳи майи соли ҷорӣ намунае аз чунин равобити устувор арзёбӣ мегардад. Раиси вилоят аз номи худ барои Муассисаи шоҳ Абдуллоҳ ва дигар ташкилотҳои саҳмгузор дар ин лоиҳа изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сафири Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон аз таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои лозима ҷиҳати таъмини ниёзҳои мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, афзуд, ки бахшҳои клиникаи сайёри тиббӣ дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои барномаи “Фоили Хайр”-и Барномаи хайриявии шоҳ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд ба шумор рафта, тибқи ин лоиҳа чаҳор минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо панҷ клиникаи сайёр таъмин мегарданд. Ин дармонгоҳҳо хидматрасониҳои аввалиндараҷа ва дуюминдараҷаи тиббӣ, ташхиси бемориҳо, ҷарроҳӣ ва ренгенҳо, омӯзиши кадрҳо дар соҳаи тиб, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи тиб, ки бештар аз 700 ҳазор нафарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми панҷ сол дар бар мегирад, ки барои роҳандозии ин Лоиҳа 18 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст.
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни дидори худ бо Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд таъкид дошта буданд, ки мо дар Тоҷикистон кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ дорем, - зикр карданд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Дар мулоқот қайд гардид, ки мардумон ва кишварҳои моро муштаракоти зиёди таърихию тамаддунӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайвандад.
Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии амиқро барои рушду таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар миёни шаҳрҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва Арабистони Саудӣ, таъкид намуда, оид ба имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ табодули назар карданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи 27 август дар шаҳри Кӯлоб сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдонро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин доираҳои тиҷоратии вилояти Хатлон ва минтақаҳои Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд карданд, ки Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳоест, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда ва ба рушди муносибатҳои дӯстона алоқамандӣ нишон медиҳад.
Дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор додани клиникаи сайёри тиббӣ аз ҷониби Муассисаи байналмилалии корҳои башардӯстонаи шоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз дар моҳи майи соли ҷорӣ намунае аз чунин равобити устувор арзёбӣ мегардад. Раиси вилоят аз номи худ барои Муассисаи шоҳ Абдуллоҳ ва дигар ташкилотҳои саҳмгузор дар ин лоиҳа изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сафири Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон аз таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои лозима ҷиҳати таъмини ниёзҳои мардуми тоҷик изҳори сипос намуда, афзуд, ки бахшҳои клиникаи сайёри тиббӣ дар Тоҷикистон яке аз дастовардҳои барномаи “Фоили Хайр”-и Барномаи хайриявии шоҳ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд ба шумор рафта, тибқи ин лоиҳа чаҳор минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо панҷ клиникаи сайёр таъмин мегарданд. Ин дармонгоҳҳо хидматрасониҳои аввалиндараҷа ва дуюминдараҷаи тиббӣ, ташхиси бемориҳо, ҷарроҳӣ ва ренгенҳо, омӯзиши кадрҳо дар соҳаи тиб, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи тиб, ки бештар аз 700 ҳазор нафарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми панҷ сол дар бар мегирад, ки барои роҳандозии ин Лоиҳа 18 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст.
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни дидори худ бо Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд таъкид дошта буданд, ки мо дар Тоҷикистон кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ дорем, - зикр карданд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Дар мулоқот қайд гардид, ки мардумон ва кишварҳои моро муштаракоти зиёди таърихию тамаддунӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайвандад.
Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии амиқро барои рушду таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар миёни шаҳрҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва Арабистони Саудӣ, таъкид намуда, оид ба имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ табодули назар карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP