Санаи 1 сентябри соли равон дар Литсейи №1 ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ҳайати омӯзгорону таълимгирандагони муасссиса ва дигар шахсони масъул Дарси сулҳро бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Зимни оғози чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, тамоми сокинони шаҳру деҳоти Кӯлобро ба муносибати ҷашни бузургтарину муқаддаси миллат- 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 сентябр- оғози соли нави таҳсили 2022-2023, Рӯзи дониш аз самими дил табрику муборакбод намуд. Иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои хирадманду муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф диққати аввалиндараҷа медод ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кард. Бинобар ин тамоми чораҳо андешида шуданд, ки заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ сол аз сол беҳтар, шароити кору зиндагии омӯзгорон шоистатар гарданд.
Сипас, директори Литсейи №1 ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Пирмурод Сабуров баромад намуда, меҳмононро ба ин даргоҳи муқаддас хайрамақдам хонда, омӯзгорону хонандагоро ба ин муносибати соли нави таҳсил табрик намуд. Зимни баромад қайд намуд, ки Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели эҳтироми баланди давлат ва мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат мебошад ва хонандагони муассисаро мебояд бо баҳои аъло таҳсил намуда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ меҳнати пурмаҳсул намуда дар ободию пешрафти ҳаёти мамлакати азизамон саҳми арзанда гузорем.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор хонандагоне, ки ба синфи якум қадам ниҳоданд аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Тазаккур бояд дод, ки дар ҳамин муассиса раиси шаҳри Кӯлоб, омӯзгорон ва хонандагон баромад ва суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,ки дар Донишкадаи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Синои шаҳри Душанбе, ки мустақиман тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиои сурат гирифт бо як таваҷҷуҳи хосса тамошо намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб