КӮЛОБ: БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлату ҳукумат ба шумор рафта,  вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

Бо ин мақсад санаи 1 октябри соли равон дар Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи гусели тирамоҳии ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, волидайни даъватшавандагон  ва ашхоси касбу кори гуногун иштирок карда, наваскаронро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзу марзу буми кишвар гусел намуданд.

 Сараввал, дар чорабинии мазкур роҳбарияти шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аждодӣ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст”.

 Зикр гардид, ки имрӯз ҳар як сокини шаҳри Кӯлоб бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд, сидқан ифтихор мекунанд. Ҳоло Қувваҳои мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд. Давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва ба онҳо ифтихор доранд.

 Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, раиси шаҳр ба ҳамаи онҳо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно намуд.

Ҳамчунин, як қатор волидайни даъватшавандагон ва ҷавононе, ки ба ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд,   баромад карда миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар  Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон баён намуданд.

 Баъдан маросими мардумии “Нонгазон” аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.  

Дар  қисмати охир ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP