ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ

3 октябри соли ҷорӣ  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бо иштироки  раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаву  ҷамоатҳова дигар шахсони масъул машварати корӣ доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур    оид ба таъмини иҷрои супоришҳои қаблӣ, оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,    оид ба ҳолати ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ,  рафти обунашавии соҳаҳо ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ тибқи нақшаи тақсимот барои соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

Нахуст тибқи рӯзномаи тасдиқгардида роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр  Абдуллоев Файзулло оид ба супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда  гузориши муфассал пешниҳод намуд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур роҳбарияти шаҳр аз масъулон ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколӣ пурсон гардид.

Оид ба масъалаи дуюми машварати корӣ  муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён  вобаста ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон баромад намуда, масъалаи сафарбарноамоии ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр  масъулони сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин комисариати ҳарбии  шаҳри Кӯлобро муваззаф намуданд, ки  вобаста ба ҷалби ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бахусус падарону модарон ва ҷавононро  баргузор намоянд ва дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, корро дар ин самт дуруст ба роҳ монанд.

Бо ҳамин тартиб тибқи банди сеъми рӯзномаи маҷлис муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо баромад намуда, аз рафти иҷрои нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳисоботи муфассал пешниҳод кард. Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъулони кумитаи замин, раёсати кишоварзӣ, раисиони ҷамоатҳо ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи кишти зироатҳо дасутур супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар идомаи кори ҷаласа муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо оид ба рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ дар назди ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин зимни ҷаласаи масъалаҳо оид ба пардохти иҷрои нақшаи андозҳо, таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани раванди истифодаи самараовари заминҳои кишт, пешбурди корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, тақвияти корҳои оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ, саривақт иҷро намудани супоришҳои аз ҷониби роҳбарият додашуда, шинонидани гулҳои мавсимӣ, иваз намудани шиору овезаҳо, рафти фаъолияти корхонаҳои саноатии дар минтақаи саноатӣ ҷойдошта ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр масъулонро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.

 Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP