Имрӯз, 5 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони тоҷикиӣ    ҷамъомади тантанвӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Нозимзода Файзулло Ватан,  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,  зиёиён, гуруҳи фаъоли “Авангард”,  гуруҳи захиравии шаҳри Кӯлоб ва дигар  шахсони масъул  иштирок доштанд.

Баъд аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад оғоз гардида, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан   вобаста ба аҳамияти  забони давлатӣ, ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон    муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамчуни раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, тамоми мардуми Кӯлобшаҳри бостониро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Зикр гардид, ки   бо туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти Олии мамлакат, Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд. Пешвои муаззами миллат забони тоҷикиро барои худ чунин мешуморад: “Забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугую муошират, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонамон ва оинаи осори ниёгонамон мебошад».

Ин гуфтаҳо далели онанд, ки забони давлатӣ зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат ва давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Дар идомаи ҷамъомади мазкур Давлатзода Раҳмон Қодир сардори қисми минтақавии РВКД ҶТ оид дар минтақаи Кӯлоб, ректори донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмонзода Дилшод  ва дигар зиёиён оид ба нақши забони давлатии тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.

Дар охир ба як зумра фаъолони шаҳру минтақаи Кӯлоб Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP