Тӯли чанд рӯз боз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ таҳти шиори “Тани солим-руҳи солим” миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва наврасону ҷавонони шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши шашкаю шоҳмот, тенниси рӯи миз, тенниси калон, футболи хурд, волейбол ва гуштини миллӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур санаи 5 октябри соли равон дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо баргузор намудани чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.
Дар ин чорабинии тантанвӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Нозимзода Файзулло Ватан, Давлатзода Раҳмон , сардори қисми минтақавии РВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр. зиёиён ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, ба ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом ҳунармандони шаҳри бостонии Кӯлоб барномаи консертии омоданамудаи хешро манзури иштирокчиён гардониданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб