Ҳар як шахс дар зиндагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки кору амали нек карда, аз худ нишоне боқӣ гузорад. Баҳри ободии Ватани хеш бо кирдорҳои ибратбахш ба дигарон дарси ибрат омӯзад. Дар қатори чунин мардони некному ободкори Ватан номи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёрро гирем хато намекунем. ӯ дар тӯли фаъолияти кории шаҳрдориаш корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст, ки то ба имрӯз раисони гузаштаи шаҳр, нисбати шаҳру деҳоти Кӯлоб накарда буданд. Дар муддати зиёда аз нуҳ моҳ Назарзода Бахтиёр саҳми арзандаи худро дар ободию шукуфоии шаҳр тавонист гузорад, ки шоистаи таҳсину офарин аст.
Шаҳрвандони Кӯлоб ва мардуми ҷумҳурӣ хуб дар ёд доранд, ки назди даромадгоҳи дарвозаи Кӯлоб ва нумӯъи дарвоза чанд сол қабл дар чӣ вазъият қарор дошт. Каҷ нишину рост бигӯ, агар дилат беғараз, бе хусумати шахсӣ бошад! Айни замон ин макон ба як ҷойи дилрабою хушманзара табдил дода шудааст. Ба тарзи дигар гӯем, муҷассамаи Модар – симои модари тоҷик аст, макони меҳру муҳаббати модари ҳар яки мост, ки мо ҳангоми сафарҳо дасти дуои модарро эҳсос карда, хайрияти сафарро аз даргоҳи Худо талаб мекунем. Ин хиёбон ба маконе мубаддал гаштааст, ки хонандагону донишҷӯён ва калонсолон ба тамошо рафта, аз боғу гулгаштҳои он лаззат бурда, меҳру муҳаббати модарро дар қалби хеш ҷой карда, шукронаи сулҳу салоҳ, ободию хуррамӣ, ки ба шарофати амалҳои ободкоронаю созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гаштааст. Магар то ин замон буҷаи маҳаллии шаҳр маблағ надошт, ки раисони қаблии шаҳр наметавонистанд, ки ин маконро ободу зебо созанд?!
Бояд гуфт, ки дар замони фаъолияти кории ӯ, аксари кӯчаҳои шаҳр, ки таъмирталаб буданд, аз таъмир бароварда шуду роҳравҳо сафолакпӯш гардид. Худ шоҳиди ҳол ҳастӣ хонандаи нуқтасанҷ, ки роҳраву чароғакҳои назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба таъмир ниёз дошту хонандагону сокинони шаҳр бо як машаққати зиёд аз ин тарафи роҳ ба он тараф мегузаштанд. Ин мушкилотро дар рӯзҳои аввали фаъолияти кориаш шаҳрдори Кӯлоб муҳтарам Бахтиёр Назарзода аз байн бурда, чароғак васл намуд ва дигар чорроҳаҳои шаҳр низ бо чароғакҳои замонавӣ насб карда шуд. Дар маҳаллаи М.Раҳимзода мактаби замонавӣ бо тарҳи муосир ҷавобгӯй сохта, ба истифода дод. Бояд ёдовар шуд, ки даҳсолаҳо мушкилоти ронандагон ва бетанзимии ҳаракати воситаи нақлиёт дар назди бозори марказии шаҳр ҳукмфармо буд. Касе онро ба танзим дароварда натавонист. Аз рӯзе, ки раиси кунунии шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ба ҳайси раис интихоб гардиданд, дар шаҳр тағйирот ва дигаргунӣ ба амал омад. Роҳи нақлиётгарди назди бозор ба танзим дароварда шуду ба хотири тамба нашудани воситаи нақлиёт, роҳи алтернативӣ Чармгарони Поён васеъ карда, пурра асфалтпӯш гардид. Сохтмони Қалъаи кӯлобро то таъин гардидани раиси кунунии шаҳр, касе бозсозӣ накард. Аммо ӯ, кард! Аз рӯзе, ки ҳамчун раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардидааст, даст ба ободкорию созандагӣ зад. Ҳар коре, ки карду карда истодааст, барои мардум ва барои ободии як гӯшаи Ватан аст. Ба хотири пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр даҳҳо адад чароғакҳои замонавӣ насб гардид. Роҳраву кӯчаҳои шаҳр сафолакпӯш карда шуд. Бидуни таърифу тавсиф ва муболиға хонанда худ шоҳиди ҳол ҳастӣ, ки раиси шаҳр ҳамвора дар фикри обод кардани як гӯшаи диёр, шаҳри Кӯлоб аст! Барои ин ҳама ободию созандагиҳоро дарк кардан чашми бино лозим асту ақли расо.
То ба ин дам Минтақаи озоди иқтисодӣ ба ном вуҷуд дошт, аммо баъди раис таъин шудани ӯ, аллакай дар ин минтақа соҳибкорон ба сохтмони коргоҳу корхонаҳо шурӯъ карданд. Дар ин давом Марказҳои хизматрасонию фароғатӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода, шуданд.
Сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат на танҳо ба шаҳри Кӯлоб, балки ба ҳар шаҳру минтақаҳои ҷумҳурӣ ба вуқӯъ меоянд, ки шаҳодати ободӣ, кӯшоиши корхонаву муассисаҳои таълимию тиббӣ, иҷтимоию фарҳангӣ аз файзу баракати қадами некашон шаҳодат медиҳанд. Бояд мо ин ҳама, ободию сарсабзиро дар кишвари азизи худ –
Тоҷикистон бо чашми хирад нигариста, шукрона кунем, ки мо Ватани биҳиштосо дорем.
Мутаассифона, баъзан ба ном расонаҳои хориҷӣ, ки фаъолияташон ғайр аз иғво андохтан чизи дигар нест, ин ҳама ободию созандагиҳои шаҳрдори кӯлобро бо чашми ғараз нигоҳ карда, ҳар замон мехоҳанд, ки номи ӯро доғдору бадном кунанд. Аммо журналист набояд хусумати шахсӣ ва манфиати шахсии худро ба масъулияту фаъолияти корӣ ҳамранг намояд. Журналист бояд пеш аз ҳама манфиати ҷомеа, масъулияти фаъолияти кории худро пеш аз манфиати шахсӣ гузорад. Ҳамзамон бояд фикру андешаи сокинонро ба инобат гирифта, баҳри ободии шаҳри худ саҳмгузор бошад. Нимпайкараи Модар, ки дар назди даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ба таври инфрасохтори замонавӣ сохта шудааст ва як ҷаҳон ба худ маънии хоси фарҳангӣ дорад. Зимни сафари кории меҳмонони олиқадр Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он дидан намуда, ба ҳайкалтарошон баҳои баланд доданд. Мо сокинони мамлакат набояд, ки Модари тоҷикро ҷудо кунем, чун модар яктост, Ватан яктост! Ба ҷойи ин қадар навиш- таҷоти по дар ҳаво, бояд ҳар яки мо саҳми худро дар ободии диёр гузорем, на пайи танқиду хусумати шахсии якдигар шавем. Дар ҳама ҷо бояд инсон бо меҳру дили пок ба мардум ва шахсоне, ки дар ободкорию ободонӣ саҳм мегузоранд, эҳтиром ба ҷо орем. Боадолат бошед, то бегонаҳо ба мою шумо ҳайф нагӯянд. Модар яктост, Тоҷикистон яктост! Ин суханон бояд шиори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Навиди Кӯлоб»
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP