Салим Салом. Умедворам тансиҳату осудахотиред. Ахиран Радиои «Озодӣ» таҳти унвони «Муҷассамаи модар ба модари кӣ монанд аст?» гузорише пахш кард, ки пур аз ғараз ва таҳқир буд. Ман ҳеҷ гоҳ сиёҳро сафед ё баръакс нагуфтаам ва инро хонандаам хуб медонад. Аз қазияи мазкур шояд бештар аз дигарон огоҳам, ки кор аз куҷо оғоз шуду ба куҷо расид. Хабарнигоре, ки ин гузоришро таҳия кард, агар барои шумо ҳамагӣ хабарнигор бошад, барои ман шогирд асту чун фарзанд. Гарчанде, ки аз рӯйи такаббур ва худхоҳӣ ду се соли ахир худи ӯ инро эътироф кардан намехоҳад. Аммо шогирд буданашро Муъмин Аҳмадӣ, Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Сайёфи Мизроб, Орзу Ҳамидиён, Ширинҷон Сафарзода, Додарбек Сайдалиев ва боз даҳҳо журналисти дигари муқими Кӯлоб- пирони кор ба хубӣ медонанд. Бале, ин бача аз дастпарварони банда асту журналисти бад нест, аммо ин бор иштибоҳе кард, ки тамоми орзуҳои моро дар мавриди ояндаи дурахшони ӯ зери савол гузошт. Ману ту ку акнун кайҳо баччаяк нестем, ки даст ба ҳангомаю воҳима зада «лайк»-у «коммент» дарёфта обрӯйи хасакӣ ғундорем. Салиму Аҳмад кайҳо дар майдонҳои фарохи журналистика асп тозонда, дар ҷабҳаҳои гуногун сангар гирифта, бо нархи ҷон обуруйи журналистӣ ғундоштаанд. Иқрор мешавам, замоне Салим барои Аҳмади Иброҳим улгу буд. Орзу мекардам чун ту маводе таҳия карда ҳамаро дар ҳайрат гузорам, аммо ҳайҳот, ки истеъдоди ту дар журналистика фавқулода асту кам нафарон ба пояи он расида метавонанд.
Бинобар ҳамин дарк карда наметавонам, ки чаро таҳқири як модари марҳумро, ки мисли модарони мо ба фарзандони худу ҳама ҷаҳон сулҳу салоҳ ва оромию осоиш мехост, ту эҳсос накарда бошӣ. Агар кардӣ, чаро гузоштаӣ, ки гузориш то ҳанӯз дар оинаи радио боқӣ бимонаду ҳар кадом аз душманони ҳукумати тоҷик онро ба нафъ ва ғарази худ истифода баранд?
Чун гуфтам, ки банда беҳтар аз дигарон аз қазия огоҳам мақсадам ҳамин буд, ки ман дар ин қазия чизеро медонам, ки дигарон, аз ҷумла ту ҳам намедонӣ. Ҳама исботамро сари он қарор мегиронам, ки журналисти шумою фарзанди мо ин бор хеле маҷҳулона иштибоҳ кард. Аз ин иштибоҳ ба ҷуз таҳқири як модари бегуноҳ ва покдоман чизе дигар боқӣ намондааст, агар шармандагии радиоро ба инобат нагирем. Муаллифи гузориш ба хубӣ дарк накарда наметавонад, ки чигуна ба таври шигифтомез лағжидаасту дар хатар аст ва раҳоияш дар дасти шумо кормандони радио аст.
Тангназартарин инсон ба аксҳои гузоштаи шумо назар карда дарк мекунад, ки модари шаҳрдор ба ин муҷассама усулан монанд нест, ягон зарра, агар мебуд қабл аз шумо мо хабарро пахш мекардем, чунки дар сарчашма қарор дорем. Бинобар ин, аз рӯйи акси ин модар эъмор шудани пайкара аз ҳақиқат дур аст. Гузашта аз ин медонем, ки ғарази киву «закас»-и кӣ буд… Мутмаинам, шумо аз ин тарафи қазия огоҳ нестед.
Агар шумо ҳукумат ва ё Назарзодаро бад мебинед ё бароятон бадӣ карда бошад, ман муқобил нестам, ки шумо бо ӯ муборизаи беамон баред, аммо мубориза ҳам меъёр ва ҳадду ҳудуд доштагист. Ҳафтавори зердасти банда «Пайк» ҳам камбудиҳои шаҳрдориро дар ҳар шумора ёдрас мекунад, аммо аз муваффақиятҳо ҳам ҳарф мезанад. Ин, албатта ба мафкураи баъзе аз мухолифон, ки аз муваффақиятҳо чизеро дидан намехоҳанд ва бо ҳамин ғазаби ҳукуматро меоранд, созгор нест. Набошад наход анкабути роҳҳои асфалтшудаи дурдасттарин навоҳиро набинанд? Бояд бубинанд, то онҳоро ҳам бубинанд!
Опозитсияи ҳукумати Тоҷикистон иддао дорад, ки масъулини алоҳида аз пушти онҳо алайҳи модарону хоҳаронашон ҳам мубориза мебаранд. Шояд ин то андозае дуруст бошад, аммо биё мо ҳарду нишаста як бор андеша кунем. Магар қабл аз ин намояндагони алоҳидаи опозитсион боре ба иззати нафси модарону хоҳарон ва духтарони узви ҳукумати феълӣ ё сарвари давлат, ки тамоман аз сиёсат дур буданд, дар мақолаву гузоришҳои худ нарасида буданд? Агар шумо босаводтару донотар аз узви ин ҳукуматед, пас маҳз шумо ба ин масъулин ибрат нишон додаед, ки алами Исоро аз Мӯсо биситонанд. Гарчанде, ки ту, Салим, узви опозитсион нестӣ, балки як журналисти танҳомондаӣ, нисф зиёди умр дар ғурбат будӣ, беҳамто, бедӯст ва гирифтори тӯҳмату таҳқир аз ҷониби ҷоҳилон барои ғаразу маҳалгароӣ.
Алорағми ҳамаи ин дар саҳфаҳои журналистикаи тоҷик ҳамчун як нобиға боқӣ мемонӣ, ман инро эътироф мекунам.
Хулоса, масъулини мақомот алайҳи хабарнигори шумо ва шогирди ман далелу мадраки зиёде ғундоштаанд. Ман намедонам иттиҳомот алайҳи Далери Эмомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Пирмуҳаммадзода, Саидаминӣ то куҷо ба ҳақиқат наздиканд, чунки наздик ба онҳо набудам, дар мурофиа ҳам иштирок накардаам, гарчанде, ки бо тамоми ҳастиам қарзи худ донистам, ки ҳамчун як журналист то охирин рӯзи мурофиа дастгириашон кунам, он ҳам аз дохили Ватан!
Ҳоло ягона ҳолатест, ки ба ҳимояи як шогирдам бархоста наметавонам, чунки далелҳо алайҳи моанд. Наҷоти ин журналист дар дасти шумо аст. Гузоришро аз сомона гиред ва аз шаҳрдор барои нашри акси модари арҷмандаш (Худо ҷояшро ҷаннат кунад) ва нороҳат кардани рӯҳи ӯ пузиш бихоҳед. Ин имкон медиҳад, ки мо ҳам ба назди шаҳрдор рафта барои шогирдамон бахшиш пурсем ва хоҳиш кунем, ки аз даъвояш гардад. Минбаъд саҳфаҳои таърихи журналистикаи тоҷикро бо чунин гузоришҳо доғдор насозем, дар китоби муқаддаси журналистикаи тоҷик саҳфаи наву нангину орӣ аз шарафу номус ва ҷавонмардию риёро накушоем.
Агар ману ту, Салим, ба ин кори кучак қодир набошем, пас, чӣ гуна талаб карда метавонем, ки журналистони зиндониро ҳукумат бубахшад?
Боқӣ бо умеди тансиҳатии шумо, камтарин дуогӯятон Аҳмади Иброҳим.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP