(Дар партави суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси КИМ ҲХДТ, 30 ноябри соли 2022)
Чун ба матни пурраи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 30 ноябри соли 2022 тавассути нашрияи “Минбари халқ” аз 7 декабри соли 2022, №48 (1394) ошноӣ пайдо намудем, эҳсос гардид, ки тавоноии ҳизб дар муддати 28 соли фаъолият ба маротиб зиёд гардида, ҳамакнун ба зинаи тамаддунсозии миллӣ расидааст. Набояд фаромӯш созем, ки то ин вақт миллати тоҷик тавассути фарзандони фарзонаи худ се бор ба ҷаҳониён тамаддун додааст. Ҳамзамон, аз ҷониби Маҷмааи умимии Созмони миллали муттаҳид пазируфта шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар самти об, яъне эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, инчунин аз соли 2025 ба баъд ҳамасола санаи 21 мартро ҳамчун Рӯзи муҳофизати пиряхҳо эълон кардан, нишонаи дигари боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Чунин нишонаҳои комёбӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меҳвари ҳизб ба ҳисоб рафта, халқро атрофи худ муттаҳид намудааст, хеле зиёданд.
Ба мавқеи тамаддунсозӣ расиданро бошад аъзо ва ҷонибдорони ҳизб солҳо интизор буданд. Ин ҷо мебояд қайд намоем, ки чунин марҳилаҳои муҳимми таърихӣ аксаран бе сару садоҳои хоса оғоз ёфта, музаффариятҳои он дар натиҷаи заҳматҳои содиқонаву дастаҷамъонаи даҳсолаҳову садсолаҳо анҷомдода ба даст меоянд. Мо дар марҳилаҳои аввал бисёр санҷида, устувор ва боваринок қадам ниҳода истодаем, ки барои муваффақ шудан дар марҳилаҳои минбаъда хеле муҳим аст.
Дар робита ба ин, Раиси муаззами ҳизб зимни суханронии худ дар маҷлиси КИМ ҲХДТ чунин қайд намуданд: “Ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, зарур аст, ки дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои худро роҳандозӣ намояд”.
Ҳамзамон, барои ноил шудан ба ҳадафҳои созанда ва бо омодагии ҷиддӣ ба марҳилаи нави тамаддунсозӣ ворид шудан Раиси муаззами ҳизб дар назди роҳбарият ва аъзои ҳизб як қатор вафаҳои муҳимро гузоштанд, ки татбиқи амалии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро тақозо мекунад.
ҲХДТ дар шароити мураккаб шудани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронии худро дар маҷлиси КИМ ҲХДТ чунин оғоз намуд: “Имрӯзҳо мо дар шароите қарор дорем, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи мо торафт мураккабу печида гардида истодааст. Бархурди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳилаи нави ҷанги сард, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯбарӯ кардаанд”.
Дар робита ба бартараф ва ё ҳадди ақал кам кардани таъсири чунин омилҳо ба ҳаёти сокинони кишварамон мо аъзои фаъоли ҳизбро мебояд бо садоқати баланд ба Пешвои миллат, ки ифодакунандаи ормонҳои халқ ҳастанд фаъолият намоем. Махсусан, андешаи ҷомеаро ба он мутамарказ намоем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ташаббускори сиёсати “Дарҳои боз” бо кишварҳои ҳамсоя буда, ҷонибдори бо роҳи музокира ва сулҳомез ҳал намудани ҳамаи масъалаҳои доғи ҷаҳони имрӯза мебошад. Ин тартиб ба мо имкон медиҳад, ки аз як тараф ҷомеаи кишварро дар пешорӯи буҳронҳои эҳтимолӣ омода созем ва механизмҳои бартарафсозии буҳронҳоро коркард намоем, аз ҷониби дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳхоҳ ва инсондӯст дар арсаи байналмилалӣ устувортар гардонем.
Боз ҳам баланд бардоштани нақши барномаҳои ҲХДТ дар рушди ҷомеа ва кишвар
Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зикр карданд, ки “Вазифа ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад”. Тавре медонем, айни замон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ду барномаи созанда халқу кишварро роҳбарӣ карда истодааст: якум Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва дуюм Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027. Бо назардошти он, ки соли 2020 дар интихоботи парлумонӣ ҲХДТ ва аксари номзадҳои он, инчунин дар интихоботи президентӣ номзади ҳизб аксарияти овози интихобкунандагонро соҳиб шуданд, барномаҳои болозикр ҳамчун барномаҳои амали давлату Ҳукумат пазируфта шудаанд.
Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 аз пешгуфтор, 8 бахш ва хулоса иборат буда, дар он сиёсати ҳизб вобаста ба таҳким бахшидани истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, сиёсати иқтисодӣ, сиёсати иҷтимоӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг ва иттилоот, такмили қонунгузорӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, инчунин, сиёсати хориҷӣ муфассал дарҷ ёфтааст.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 бошад, тавре дар муқаддимаи он мебинем, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа равона гардидааст. Барномаи мазкур бошад аз муқаддимаву хулоса ва 7 бахш: нақшаҳои барномавӣ барои то соли 2027, маориф ва илм, шуғл, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маънавиёт ва иттилоот, ҷавонон, занон ва варзиш, масъалаҳои сиёсӣ, волоияти қонун, амният, мудофиат ва такмили қонунгузорӣ, инчунин, сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ иборат аст.
Набояд фаромӯш созем, ки дар меҳвари барномаҳои ҳизбӣ амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар истодаанд.
Барномаҳои мазкур дар радифи Оинномаи ҲХДТ китоби рӯимизии ҳар як узви фаъоли ҳизб ба ҳисоб рафта, роҳи моро ба сӯи ояндаи босаодат равшан месозанд. Ба ин хотир, моро зарур аст зимни таҳияи ҳама гуна нақшаи чорабиниҳои муҳим барномаҳои ҳизбиро ба асос гирем, то сифати баланди рушди ҷомеа ва кишварро дар муддатҳои кӯтоҳтарин таъмин сохта тавонем.
Вазифаҳои аъзои фаъоли ҳизб дар самти мафкурасозӣ
Бахши дигари суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самти идеология ва мафкурасозӣ ташкил медиҳад. Тавре қайд гардид, “Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ҳизби мо ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст... Илова бар ин, хотирнишон месозам, ки мардуми кишвар бояд аз талошҳои ҳизб барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ огоҳии комил дошта бошанд”.
Тавре дар идомаи суханронӣ ишора рафтааст, мо бояд минбаъд низ аз имкониятҳои муосири васоити ахбори омма васеъ истифода бурда, мардумро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват намоем, нуктаҳои асосӣ ва дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ҳизбу давлатро бо истифода аз зарфиятҳои зеҳнии аъзои ҳизб шарҳу тавзеҳ диҳем ва дар маҷмуъ холигоҳи мафкуравиро дар миёни ҷомеа пурра аз байн бардошта, пеши роҳи гароиши ҷомеа ба самти андешаҳои бегонаву зарарнокро саривақт бигирем.
Дар ин самт моро зарур аст, ки бештар талош намоем. Зеро дар рафти суханронӣ чунончи ҳушдор дода шудааст: “Тавре аз таҳлили навиштаҳои ҳамватанон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, на ҳамаи аъзои ҳизб масъулияти узвиятро дар сафҳои ҳизб пурраву амиқ дарк мекунанд”. Ин ишораи хос бори дигар мо аъзои фаъоли ҳизб, хусусан, кормандони блоки идеологиро водор месозад, ки корро дар самти мафкурасозӣ дар шакли нав ва низоми мушаххасу мукаммалтар ба роҳ монем. То дар ин замина ба он даст ёбем, ки баланд будани манфиатҳои давлату миллат аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ба таври ҳатмӣ дар меҳвари андешаи миллӣ қарор дода шавад.
Баланд бардоштани сатҳу сифати чорабиниҳои ҳизбӣ
Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати чорабиниҳои ҳизбӣ низ ишора намудаанд, ки идомаи мантиқии дарстурҳояшон дар самти мукаммалнамоии низоми мафкурасозӣ мебошад. Тавре зикр гардид, чорабиниҳо бояд “... мақсаднок ва барои баланд бардоштани рӯҳияи мардум, тақвияту тавсеаи тафаккури миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаи ҳизб бо мардум доир карда шаванд”. Вобаста ба ин, ба андешаи мо мебояд нақши аъзои кумитаҳои иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин кумитаҳои ибтидоиву ташкилотҳои ибтидоӣ дар таҳия ва ташкили чорабиниҳо фаъолтар гардонида шавад. Ҳамзамон, бо назардошти оне, ки ҲХДТ ҳамчун қудрати бузурги сиёсӣ дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар сохтори бонизому устувори худро дорад, зимни ташкилу баргузории ҳамаи чорабиниҳои сатҳҳои гуногуни сиёсӣ самтҳои маънивии онҳоро ҳизб ба роҳбарӣ гирад. Тавре аз идомаи суханронӣ бармеояд, дар доираи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ зимни баргузории чорабиниҳои сиёсӣ бояд ба се бахши муҳим таваҷҷуҳ намоем: 1) тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ; 2) тарғиби сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ва 3) таблиғи равандҳои бунёдкоронаву созанда баҳри амалӣ сохтани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ.
Дар ин бахшҳо, дар баробари дигар гӯшаву канори кишвар дар шаҳри Кӯлоб низ корҳои амалӣ хеле зиёд сурат гирифта истодаанд. Дар баробари корҳои таблиғотӣ вобаста ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва сиёсати давлатӣ, ҳамзамон, корҳои созандагӣ вусъати тоза мегиранд. Дар шаҳри Кӯлоб дар пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди саноат ва роҳҳои обод пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ҳамзамон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои шахсии вазир Азим Иброҳим, ки роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти истиқболи шоиста аз 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мебошанд ва роҳбарияти шаҳр баҳри ободии роҳҳо ва рушди саноати ватанӣ як қатор тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд. Махсусан, боиси ифтихор аст, ки дар суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби ҳизбиён махсус зикр гардид. Ин ишора ба бунёди мактаби №46-и шаҳри Кӯлоб бо ибтикори яке аз аъзои фаъоли ҳизб, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Назарзода Бахтиёр Худоёр мебошад, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои бузурги созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки рӯҳияи созандагӣ дар ниҳоди мардум рӯз аз рӯз бештар ташаккул ёфта, истифода аз усулҳои муассири мафкурасозӣ дар дарозмуддат ба он такони нав мебахшанд.
Вазифаҳои мо дар самти тарбияи занону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ
Бахши дигари суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сиёсати занону ҷавонон ташкил дод. Тавре қайд гардид: “Таваҷҷуҳ ба масъалаи занону ҷавонон ва тарбияву сафарбар кардани онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки кори ҳизбӣ мебошад.”
Зимнан, ба тақвият бахшидани кори ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар маҳалҳо ишора рафт, ки иқдоми саривақтист. Зеро воқеан ҳам бо назардошти мураккаб шудани авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон аҳамияти хоса касб карда, дар маҳалҳо фаъолияти муташаккилонаро тақозо мекунад. Дар ин росто, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохторҳои ҳизбӣ дар самти пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои номатлуб бо истифода аз усулҳои муосири иттилоотӣ баҳои арзанда дода, тақвият бахшидани фаъолиятро дар ин самт амри зарурӣ донистаанд.
Воқеан ҳам, мо аъзо ва фаъолони ҳизбро, ки вазифаи асосиамон рушди маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб меравад, лозим аст, дар пайравӣ аз ҳидоятҳои созандаи Раиси муаззами ҳизбамон бо ҷавонон бештар кор кунем ва дар айни замон таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, ба муд табдил ёфтани амалҳои ғайриахлоқӣ ва таъсиррасониҳои пушидаву кушодаи гурӯҳҳои ифротиро ба мафкураи ҷавонон саривақт безарар гардонем.
Тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ
Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маҷлиси КИМ ҲХДТ ҳамчун падари дилсӯз ба ҳамаи самтҳои фаъолияти ҳизбӣ дахл намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дастуру ҳидоятҳои созанда пешниҳод карданд. Яке аз чунин масъалаҳои муҳим рушди корҳои дохилиҳизбӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади мустаҳкам кардани корҳои дохилиҳизбӣ дар гузашта дар баробари тағйиру иловаҳо ба Оиннома ва низомномаҳои ҳизбӣ, ҳамчунин санади дигари муҳим - Одобномаи корманди ҳизбиро тасдиқ намуданд, ки фаъолияти амаливу фитрии кормандони ҳизбиро дар доираи регламенти муайян ба танзим медарорад.
Ба ин хотир Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизб мебошад”. Дар масъалаи қабул ба сафи ҳизб бошад, таъкид гардид, ки “...мо ҳамеша ҷонибдори сифат ҳастем, на миқдор”.
Инчунин, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбиро ба тариқи озмун дастур дода, дар айни замон, барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҳизбӣ ташкили курсҳои омӯзишӣ ва соатҳои сиёсиро амри зарурӣ шумориданд. Амалӣ шудани тадбирҳои мазкур баҳри боз ҳам тақвият ёфтани интизоми ҳизбӣ, услуби хоси кори дохилиҳизбӣ, болоравии касбият ва ҳамчун шахсияти ҳизбӣ ташаккул ёфтани корманди ҳизбӣ нақши калон доранд.
Дар қисмати ниҳоии суханронии худ Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки: “Ҳизби мо нерӯи бузурги таҳкимбахши ваҳдату ягонагӣ дар ҷомеа ва тарғибгари ғояҳои созанда аст... Боварӣ дорам, ки ҳар як роҳбар ва кулли аъзои ҲХДТ, ки ба хотири амалӣ гардидани манфиатҳои милливу давлатӣ бо азму иродаи қавӣ кору фаъолият мекунанд, Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу сарсабз мегардонанд, шуҳрати онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми босазои худро мегузоранд”.
Мо аъзои ҳизбро мебояд минбаъд низ тамоми кӯшишу ғайрат ва имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии худро ба он равона созем, ки сазовори чунин эътимоду боварии қавии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллати тоҷик ва роҳи бошарафона тайнамудаашон баҳри наҷоти Истиқлолият ва халқи азияткашидаи Тоҷикистон, инчунин, баровардани кишвар аз буҳронҳои сангини сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ барои ҳар яки мо мактаби бузурги инсонӣ ва роҳбарӣ аст, ки ҳамвора бояд омӯзем ва пайравӣ кунем. Маҳз ҳамин роҳи созанда, ки ҳар як қадами он дар доираи барномаҳои ҲХДТ шакл гирифтаанд, имрӯз моро ба сатҳи бунёди тамаддуни нави миллӣ барои худ ва ҷомеаи башарӣ боло баровард ва маҳз таҳти ҳамин сиёсат мо ба бунёди комили он даст меёбем.
Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ҳамидиён Орзу Зубайдулло,
шаҳри Кӯлоб.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP