Санаи 20-уми январи соли 2023 иҷрокунандаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.
Дар ин сафар меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсон ҳамроҳӣ намуданд.
Дар доираи сафари кории худ нахуст Давлаталӣ Саид аз Маҷмааи “Дуои Модар”, ки моҳи октябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд, дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба модар гулгузорӣ намуданд.
Дар доираи сафари кории худ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳри бостонии Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон аз Оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ба аёдати собиқадори меҳнат, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоибро аёдат намуданд.
Гуфта шуд, ки заҳмати собиқадори меҳнат, шахсиятҳои хидматнишондода, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қобили зикр аст, ки Ҳақназар Ғоиб дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.
Ӯ баъди хатми Донишкада як сол ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, баъдан, ба пешаи рӯзноманигорӣ рӯй овардааст. Ҳақназар Ғоиб дар гузашта раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маданият, сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб, котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон», сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» дифои вазифа намудааст. Соли 1976, унвони Шоири халқии Тоҷикистон соли 1996, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, соли 2000 Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳинро соҳиб шудааст. Як силсилаи достонҳои ӯ «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки Офтоб», «Сурӯши Хатлон» рӯи нашр омадаанд. Ҳақназар Ғоиб соли 1989 барои эҷоди Достони қаҳрамонии «Эҳёнома», ки ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, сазовори нахустин Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст. Соли 2000 асари «Сурӯши Хатлон» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудааст.
Роҳбарияти вилоят, барои хизмати содиқона ва бисёрсола ва саҳмгузориаш дар рушди адабиёти тоҷик, тарбияи насли наврасу ҷавон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз собиқадори меҳнат дар соҳаи тандурустӣ Раъно Ғафуроваро аёдат намуданд.
Собиқадори меҳнат Раъно Ғафурова ба ҳайси духтур-момодоя 49 сол дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намудааст. Заҳматҳои ин модари кордонро ба инобат гирифта бо унвони «Аълочии тандурустии СССР», медали «Шавқат», «Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қадрдонӣ карда шуданд.
Айни замон Раъно Ғафурова давлати пирӣ меронад.
Зимни суҳбат Раъно Ғафурова бо иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, аз ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, ба Пешвои муаззами миллат изҳору сипоси миннатдорӣ намуданд.
Дар идомаи сафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон аз фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб шинос гардиданд.
Инчунин аз наздик бо беморон ҷиҳати хизматрасонии тиббӣ пурсон гардида ба масъулин ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар хизматрасонии тиббӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тавсияву маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур аз соли соли 1989 ҳамчун Диспансери бемориҳои дили шаҳр фаъолият дошта, он дорои 50 кати хоб буда, аз 3 шуъба иборат мебошад. Аз ҷумла, шуъбаи Ишемиявии дил, шӯъбаи ИҶБВ ва шӯъбаи эҳёгарӣ буда, имрӯзҳо ба сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмати хуби тиббӣ мерасонад.
Ҳамчунин, дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб буда, соҳибкорону кишоварзон ва дигар шахсони масъул доир шуд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар баромад намуд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар назди ҳозирин баромад намуда изҳор аз он дошт,ки таърих гувоҳ аст, ки мардуми сарбаланди Кӯлоб ҳамеша бо далерию шуҷоат, ифтихори баланди ватандорӣ, саховатмандию ободкориашон маъруф гардида, намунаи ибрат мебошанд.
Дар идома таъкид гардид, ки ҷавонмардони Кӯлоб дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва ҳоло ҳам барои ҳифзи якпорчагии давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ истодагарӣ карда, дар рушду ободонии мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Ҳамчунин зимни баромади худ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қайд кард, ки барои фаъолияти муташаккилона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, ки 10 январи соли ҷорӣ доир гардид, шаҳри Кӯлоб ҳамчун шаҳри беҳтарин дар вилоят ба ҷойи якум сазовор шуд. Тибқи натиҷаи соли 2022 баробари дастовардҳо дар шаҳр баъзе нишониҳандаҳои манфӣ низ ҷой доранд, ки дар соли ҷорӣ бояд бо меҳнати суботкорона ва азму талоши дучанд барои ислоҳи онҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Қайд гардид ,ки ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва тибқи нақша, ба истиқболи ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 462 бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти Кӯлоб бо шукргузорӣ аз давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол минбаъд низ дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ ва ваҳдату субот дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт.
Дар интиҳои вохӯрӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро вазифадор кард, ки ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо, даромаду хароҷоти буҷет, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, иҷрои лоиҳаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, татбиқи лоиҳаҳо, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақим, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бештар ба соҳаҳои иқтисодиёт равона намудани қарзҳои бонкиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа ва соҳибкорони баору номус чораҳои муассир андешанд.
Инчунин дар идомаи мулоқот як қатор сокинон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб дар назди ҳозирин баромад намуда аз ташаббусу дастгириҳои пайвастаи бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардила ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипосу миннадории хешро баён намуданд.
Баъд аз мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз
корхонаи нассоҷи «Ваҳдаттекстайл»- и шаҳри Кӯлоб, ки мохи октябри соли 2021 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд, боздид намуда бо роҳбарият ва кормадони ин коргоҳ суҳбат карданд.
Масъулини корхона ба роҳбарияти вилоят иттилоъ доданд, ки коргоҳи мазкур аз ду баст иборат буда, айни замон 113 нафар коргар дар як баст кор мекунанд. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур ду намуди маҳсулот занона ва мардона истеҳсол мешавад. Аз соли 2021 то соли 2022 корхона 2 миллиону 136 ҳазору 300 дона ҷӯроб истеҳсол кардааст.
Санаи 16 январи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул доир гардид.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб ҷаласаро оғоз намуда изҳор дошт, ки аз сабаби бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани самтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2022 шаҳри Кӯлоб дар миқёси вилояти Хатлон бо Дипломи дараҷаи 1 ҳамчун “Шаҳри беҳтарин”-и вилоят эълон гардид. Ин натиҷаи фаъолияти босамари ҳар як корманд ва дар маҷмуъ мардуми созандаву бунёдкори шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина моро мебояд минбаъд низ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самари корамонро бештар намуда, соли 2023 ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ноил гардем.
Дар идомаи ҷаласа ҳамчунин раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Амиров Давлат, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, директори генералии Муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотамшо, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Қадамшо, аз таваҷуҳ ва дастгириҳои бевостиаи Роҳбарияти Олии мамлакат ба сокинони шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби раиси Кумтиаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Гадоев ба раиси шаҳрии Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба ин муносибат Табрикнома аз номи кулли аъзои ҳизб дар шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур пешниҳод гардид, ки маблағи ҷоизаи “Шаҳри беҳтарин”, ки 10000 сомониро ташкил медиҳад, баҳри харидани маводи хӯрока ва дигар ашёи зарурӣ ба Мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлобтақдим карда шавад.
Баъдан ба Шарипов Миралӣ - директори Корхонаи давлатии фаръӣ ва обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб ва Ғафуров Фирдавс – директори идораи равшаннамоии шаҳр Ифтихорномаи Корхонаи Воҳиди Давалатии Хоҷагии Манзилию Комуналӣ барои меҳнати софдилонаю ташаббускорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди хоҷагию манзилии комуналӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Бо ҳамин тартиб вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб, раиси Ситоди зимистонгузаронӣ дар шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти зимистонгузаронӣ ва мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту комунткатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Хуҷамқулов Абдураззоқ оид ба таъмини аҳолӣ ба нерӯи барқ ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар охир Муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба фарҳанги сарфакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ ва аҳамияти пардохти ҳаққи хизмати он баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Зимни баргузории ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб оид ба фаъолияти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ аз масъулин пурсиш ба амал оварда, баҳри пешрафти кор ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
09.01.2023
Боиси сафарозист, ки ҳамасола 10 январ ҳамчун рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон қайд карда мешавад.
Ин навбат санаи 9 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бахшида ба 16-солагии таъсисёбии рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Сардори шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Ҷамшед, мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи раиси вилоят Содиқ Аминҷонов, Неъматзода Рустам, мудири қабулгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, кормандони шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Ҷамъомади мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас сардори шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Гулмаҳмадзода Ҷамшед меҳмононро хайрамақдам хонда тамоми кормандони мақомоти корупсияро ба ин муносибат табрик намуд.
Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Содиқ Аминҷонов табрикоти раиси вилояти Хатлонро ба саҳми ҳозирин расонид.
Зимни ҷамъомад раиси шаҳри Кӯлоб бо сухани табрикоти баромад карда қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.Ҳамчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ҳамчунин яке аз кормандони шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баромад намуда миннатдории кулли кормандони мақомотро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ иброз намуд.
Дар охир ба як қатор фаъолони кормандони шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи ҷомеа Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 6 январи соли 2023, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳо, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзилии шаҳр ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.
Ҷаласаро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки дар соли 2022 фаъолон ва аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикргардида, сайъу кӯшиш намуда истодаанд.
Сипас, тибқи тартиби ҷаласа муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо баромад намуда оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023 ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Қайд гардид, ки соли 2022 барои сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб таърихӣ ва хотирмон буд. Бахусус сафари кории Ҷаноби Олӣ рӯзҳои 23-24 октябр ба шаҳр ва дар рафти сафари корӣ мавриди истифода қарор дода шудани якчанд иншооти таъиноти гуногун ба сокинон рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Ҳамин тариқ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгӯзори мамлакат қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону раиси вилояти Хатлон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба роҳбарӣ гирифта, дар зарфи 12 моҳи соли 2022 бобати пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва назаррас нишон додани натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб саҳми корҳои муайянеро ба итмом расонид.
Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ мудири бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Зокирзода Раҳмон, директори корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб Миралӣ Шарипов ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Саймуминзода Марям оид ба фаъолияти соҳаҳо дар соли 2022 дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Дар идомаи муҳокимаи масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб оид ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, фаъолияти клубу хонаҳои фарҳангӣ ва зиёд намудани китобхонаҳои электронӣ, пешгирӣ намудани вайроншавии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон баромад намуда натиҷаи фаъолияти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлобро хуб арзёбӣ намуд.
Дар идома намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим нуқтаҳои муҳимии суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин ироа намуда аз фаъолияти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2022натиҷагирӣ намуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ба фаъолони шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои нақшаву ҳадафҳои дар соли 2022 амалигардида, изҳори сипосгузорӣ намуда, иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарону ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд, то ба натиҷаҳои беҳтару бештар ноил гарданд.
Дар охир ба як қатор фаъолони шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар раванди корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва ғолибони озмуни шаҳрии хонаи беҳтарин, оила, кадбону, маҳалла, ҷамоат ва деҳоти беҳтарин бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб