(НИГОҲЕ БА МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАҲДАТОФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ)
Чаро ҳушёриву зиракии сиёсӣ? Албатта, хубтар фикр кунем аз лиҳози сиёсӣ ҳушёру зирак бошем, пас, метавонем беҳтарину арзишмандтарин дастовард – ваҳдату ягонагиро устувор нигоҳ дорем. Ва аз лиҳози сиёсӣ ҳушёру бедор сохтани дилхоҳ ҷомеа танҳо бо роҳи бурдани корҳои дурусти идеологӣ ба миён меояд. Гарчанде, ки идеология ҳамчун илм дар ҷаҳон қабул нашуда бошад ҳам, вале ба воситаи корбарии дурусти он метавон мувозинати тафаккури мардумро вобаста ба саҳм доштан дар рушди давлату давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳояш нигоҳ дошт.
Қайд кардан муҳим аст, ки иштибоҳои зиёд аз миён гузаштанд ва чун дар давраҳои гуногуни таърихӣ фазои идеологӣ холӣ монд ва боис бар он шуд, ки миллати тоҷик садсолаҳо ба парокандагӣ дучор гардад, садҳо донишмандону андешамандони аҳли илму фарҳангро аз даст диҳад ва аксарият маконҳои таърихиву фарҳангиамон харобу зери хок раванд. Душманони миллати тоҷик дар марҳилаҳои таърихӣ тамоми имкониятҳо истифода карданд, ки то тоҷикро ҳамчун миллат нашиносанд ва минбаъд низ он арзи ҳастӣ накунад.
Фаротар наравем ва нигоҳе ба охирин лаҳзаҳои вазнини таърихии миллати тоҷик, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ назар меафканем, ки дар он вақтҳо фазои иделогӣ хуб нигоҳ дошта нашуд ва аз чунин ҳолат гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳи ҷинояткор истифода намуда, дар ҳудуди Тоҷикистон ба бедодгариҳо даст заданд. Гурӯҳҳои гуногуни манфиатхоҳ бо сардории шахсони ҷоҳталаб яроқбадаст шуда, касеро мехостанд, ҳукмашро бо ҳар шакл мебароварданд, куҷоеро мехостанд, ғайриқонунӣ ғасб карда мегирифтанд, дар умум ҳар кори дилашон мехост мекарданд, парвои хосу ом надоштанд ва бераҳм ҳукмфармоӣ мекарданд.
Иқболи баланди тоҷик буд, ки дар ҳамон лаҳзаҳои мураккаб бо хости Худо халқ раҳнамоӣ худро пайдо намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамое, ки ҳазосолаҳо боз интизораш будем.
Аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии давлатро ба даст гирифтан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар аз ҳама эҳсос мекарданд, ки дар ҷомеа идеологияи барои миллати тоҷик бегона роҳ ёфтааст. Сарвари давлат медонист, ки агар ҳарчи зудтар мардумро ба ҳам зери ақидаҳои созандагиву бунёдкорона ба ваҳдату ягонагӣ нарасонад, ин холигиҳҳои афкори ҷомеа ба бархурди азими харобиовар оварда расонида, миллаташ абадан сарсону саргардон ва бе ному макон хоҳад шуд. Зеро душманони миллат он шабу рӯз дар навбати аввал афори ҷомеаро мавриди ҳуҷум қарор доданд.
Пас, Пешвои азизи миллат дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ, ки баробараш ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зада буд, рисолати давлатсозиву миллатсозиро бар душ гирифта, пайваста ба ҳамаи минтақаҳои мамлакат сафар карда, лаҳзаҳо гарчанде хатарнок буданд, вале Сарвари давлат аз касеву чизе наҳаросида, бо иродаи шикастанопазир ҷони хешро дар хатар гузошту паҳлуи халқу миллат истоданд. Тамоми мардумро бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда бо асли хеш тавассути иқдому ташаббус ва суханони нангбедоркунандаашон шиносонида, ҳамагиро барои ҳамдиливу ҳаммаромӣ даъват мекарданд. Дар баробари ин, ҳамаи олимону донишмандон ва шоирону нависандагонро ҳамчун гурӯҳи талбиғгарони ваҳдату субот ба ҳам оварда, миллати тоҷикро мунтазам ба ояндаи дурахшон умед медоданд. Дуруст аст, ки соли 1991 истиқлолият ба даст овардем. Аммо миллат соҳиби ваҳдати миллӣ набуд. Ин Абармард, ки ба Ватан меҳри беандоза доранд, ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу ваҳдат медиданд ва дигаронро ҳам талқин менамуданд. Мардуми Тоҷикистон ваҳдати миллиро бесаброна, вале бо нигароние интизорӣ мекашиданд. Халқи тоҷик фикри онро дошт, ки мабодо бо чунин раванд идома ёфтани ҷанги таҳмилӣ боис бар он гардад, ки дигар соҳиби зиндагии орому осуда нагарданд.
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, сабурӣ, ботамкинӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҷодаи ватансозиву ватандорӣ ба якдигарбахшии халқи тоҷик мусоидат намуд ва ниҳоят ҳодисаи фараҳбахш санаи 27 июни соли 1997 рух дода, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон шароити мусоид фароҳам овард. Ва ин санаи таърихӣ, тақдирсоз ва рӯзи саид барои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Вале агар ба раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар орем, дарк мекунем, ки миллати тоҷик дар ин миён чи қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро паси сар намудааст.
Ваҳдати миллӣ ба мо чи дод!? Ба ростӣ, ки ҳамаи ормонҳову хостаҳои миллатро ҳадя кард. Муҳимтар аз ҳама аз поён ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар он ҳамватану ҳаммилату ҳамзабон хуни ҳамдигар мерехт, мужда дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати он дар арсаи ҷаҳонӣ бо маънои том шинохта шуд. Аз дигар нигоҳ нафаре мехост фарзандаш дар кӯдакистону баъдан дар мактабу донишгоҳ омӯхта соҳиби илм гардад, нафари дигар мехост дар ҷодаи варзиш муваффақият ба даст биоварад, нафари дигар мехост сиёсатшинос, соҳбикор, ҳунарманд ва ғайраҳо гардад, вале дар лаҳзаҳои вазнин, ки он вақтҳо ваҳдату осудагӣ набуд (солҳои 1992-1997) , барои дилхоҳ шахс дар он шабу рӯз танҳо орзуву ҳавас буду халос, шароит муҳайё намуд, ки ин орзуҳо амалӣ шаванд. Аз нуқтаи назари дигар ваҳдати миллӣ имконият дод, ки миллати тоҷик ба зиндагии шоиста ноил гардад. Бале зиндагии шоиста! На мисли аксарияти мардуми азияткашӣ қитъаи Африқо саҳар аз хоб бедор шудаву назди дари хонаҳояшон нишаста (Кадом хона!? Аксаран мардуми бечорааш чор чубро бо ҳам баста, қамишу хасу боз чизе дигарро гирди он печонида, иқомат мекунанд), интизори он ҳастанд, ки кадом як созмони ҷаҳонӣ ё нафари сарватманди хайрхоҳ (ҳамонам аз дигар давлатҳои рушдкарда) аз маконашон гузаштаву ба онҳо маводҳои хӯрокворӣ ё ягон ашёи рӯзгорро мадад мерасонда бошанд. Ё ба монанди бархе аз давлатҳо миллати тоҷик дар тарсу ҳарос нест, ки ҳоло, фардо ё пасфардо гӯшаеро бомбаборону тирборон мекунанд ва куштору хунрезӣ мешавад.
Нияти нек ва пойи қадами файзбори Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон сулҳу ваҳдатро овард. Сарвари давлатамон бо аз худгузариҳои зиёд хубтар аз ҳама қадри ин дастовардҳои бузурги миллат – Истиқлоли двлатӣ ва Ваҳдати миллиро медоданд. Имрӯзҳо бо эҳсоси замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин, торафт вусъат гирифтани миқёси таъдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ пайваста таъкид месозанд, ки: “Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаам ва бори дигар хотирнишон менамоям, ки шумо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошед, дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва таъсири манфии унсурҳои фарҳангиву тамаддунии бегона манфиатҳои давлативу арзишҳои миллиро ҳимоя кунед ва дар мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатарҳои бар зидди давлату миллати худ равонгардида омода бошед”.
Аз ин таъкидҳои судманди Сарвари давлатамон дар ҳама ҷабҳаҳо ҳушёру зираку омода буданамон лозим аст ва ҳар амаламон бояд саршор аз илму маҳбубият ба Ватану миллат бошад. Фаромӯш набояд кард, ки ваҳдату оромиву осудагии Тоҷикистон ваҳдату оромиву осудагии ҳар як шаҳрванди боору номуси тоҷикистонӣ мебошад.
Фарорасии ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!
Саймуминзода Фирӯз Саймумин – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP