Имрӯз, 6 феврали соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини якум ва муовинон, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирко доштанд.
Дар оғози ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъкиду супоришҳои дигаре, ки дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дода шуда буд суханронӣ намуданд. вобаста ба ин масъала ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дода шуд.
Дар идомаи ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бармеояд назару андешаи худро бо факту далелҳо ва таҳлилҳои амиқу дақиқ ба аҳли толор изҳор доштанд.
Ҳамчунин дар идомаи ҷаласа намояндаи шӯъбаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар идома мудири бахши иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Ғаффорзода Давлатҷон бобати қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб дар бораи озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Тоҷикистон-Ватани азизи ман, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ба саҳми ҳамагон расонид.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу вобаста ба омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди раиси шаҳр муфассал ҳисобот дод.
Зимни баррасӣ ва муҳокимаронии масъалаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати саривақт иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охир, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, таъмини иҷрои дурнамои кишти маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, бо оби нушокӣ наъмин намудани аҳолие, ки аз об танқисӣ мекашанд, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иҷрои нақшаи андоз ва пардохт намудани бақияпулиҳои он, саривақт пардохт намудани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, назорат аз рафти амаликунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, шинонидани дарахтон ва гулу буттаҳо дар назди ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб
Имрӯз, 4 феврали соли 2023 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои саривақтии сокинон ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр қабули шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад.
Дар рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти шаҳр зиёда аз 50 нафар сокинон аз ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмаки моддиву молиявӣ, мусоидат барои гирифтани табобат, таъмири роҳҳо ва амсоли инҳо пазируфта шуданд.

Бояд қайд намоем, ки зимни қабули шаҳрвандон ҳамаи муроҷиаткунандагон миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дастгириҳои пайваста баён намуданд.
Раиси шаҳр пас аз шунидани муроҷиатҳои сокинон ба масъулини сохторҳои шаҳрӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои матраҳшуда супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар нисбати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон зиёд гардидааст.
Аз ин лиҳоз бо мақсади дастгирии табақаи осебпазири аҳолӣ, фарогирии пурраи бонувон ба шуғл бо истифода аз тамоми имкониятҳо, дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон бо ташаббус ва ҳамоҳангии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 20 нафар занону духтарон ба курси дузандагӣ ҷалб гардида ба фаъолияти шуруъ намуданд.
Ифтитоҳи курси мазкур санаи 2 феврали соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Рӯъё Сафарӣ оғоз гардид.
Маҳмудзода Рӯъё Сафарӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Дар толори Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё Сафарӣ, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила Нурзода Парвина, аъзои Шӯрои занон, раисони шӯроҳои занони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона кор ва роҳбарӣ мекунанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ занону бонувони соҳибкасбу соҳибмаърифат зиёданд, ки боиси ифтихор аст.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё Сафарӣ оид ба фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Зимни баромад иброз гардид, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти шӯъбаи кор бо занон ва оила таъмин намудани кафолатҳои баробарҳуқуқии мардон ва занон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмин намудани фаъолияти соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон, иштирок дар ҳалли мушкилоти оилавӣ ва дар маҷмуъ риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сипас, намояндаи шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саидова Мамлакат, аъзои Шурои занони соҳаи тандурустӣ Раъно Ғафурова, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода ва дигарон баромад намуданд.
Дар кори Шӯро пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, хусусан бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласа нақшаи кории ҳайати нави Шӯро ва нақшаи корӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб