Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар нисбати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон зиёд гардидааст.
Аз ин лиҳоз бо мақсади дастгирии табақаи осебпазири аҳолӣ, фарогирии пурраи бонувон ба шуғл бо истифода аз тамоми имкониятҳо, дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон бо ташаббус ва ҳамоҳангии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 20 нафар занону духтарон ба курси дузандагӣ ҷалб гардида ба фаъолияти шуруъ намуданд.
Ифтитоҳи курси мазкур санаи 2 феврали соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Рӯъё Сафарӣ оғоз гардид.
Маҳмудзода Рӯъё Сафарӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Дар толори Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё Сафарӣ, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила Нурзода Парвина, аъзои Шӯрои занон, раисони шӯроҳои занони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолона кор ва роҳбарӣ мекунанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ занону бонувони соҳибкасбу соҳибмаърифат зиёданд, ки боиси ифтихор аст.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё Сафарӣ оид ба фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Зимни баромад иброз гардид, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти шӯъбаи кор бо занон ва оила таъмин намудани кафолатҳои баробарҳуқуқии мардон ва занон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, таъмин намудани фаъолияти соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии занон, иштирок дар ҳалли мушкилоти оилавӣ ва дар маҷмуъ риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сипас, намояндаи шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саидова Мамлакат, аъзои Шурои занони соҳаи тандурустӣ Раъно Ғафурова, шоираи ваҳдатсаро Хосият Вализода ва дигарон баромад намуданд.
Дар кори Шӯро пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, хусусан бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар анҷоми ҷаласа нақшаи кории ҳайати нави Шӯро ва нақшаи корӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давалату Ҳукумат, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҳамчунин бо мақсади амалигардии ҳадафи чоруми старатегии кишвар- саноатикунонии босуръати мамлакат ҳар ҳафта вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр бо соҳибкорону сармоягузорон баргузор карда мешавад.
Ин навбат санаи 3 феврали соли 2023 бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳои дар самти саноат мавҷудбуда, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, вусъат бахшидан ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар корхонаи ҶСК “Сомон Кӯлоб Таҷҳизот” вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои сохташаванда баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба шароит ва рафти фаъолияти кории корхонаи ҶСК “Сомон Кӯлоб Таҷҳизот” шинос гардида, бо кормандони корхона суҳбат намуд.
Сипас дар толори маҷлисгоҳи корхонаи мазкур бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ машварат баргузор гардид.
Зимни машварат қайд гардид, ки бо дастгирию ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб низ ҳамчун яке аз шаҳрҳои пешрафта дар самти саноат рушд ёфта истодааст. Бо ин мақсад, ҳар як соҳибкорро мебояд фаъолияти корхонаҳои саноатиро беҳтар намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсиси дода шавад, дар ин замина сатҳи зиндагии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб беҳтар хоҳад шуд.
Дар охир роҳбарияти шаҳр ҳар як масъулинро вазифадор намуд, ки фаъолияти корхонаҳои саноатиро хуб ба роҳ монанд то сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар гардида, ҷойҳои кории нав барои сокинон фароҳам оварда шавад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ба ҳамагон маълум аст, ки нақши занону бонувон дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, таҳти таваҷҷуҳи хоссаи мамлакат қарор дорад.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои ҳунаромӯзӣ таъкид ва ёдоварӣ намуда, нақши калидии занону модаронро дар раванди омӯзишу равнақёбии ҳунаромӯзӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, дар доираи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо дастгирии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Рӯъё Сафарӣ дар мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб суҳбату вохӯриҳо барои ҷалби занону ҷавондухтарон ба курсҳои ҳунаромӯзӣ (дӯзандагӣ) ва забономӯзӣ гузаронида шуд.
Ба курсҳои дӯзандагӣ аз муассисаи мазкур 5 нафар, аз ҷумла 3 нафар духтарон ва 2 нафар омӯзгорон шомил карда ба 22 нафар духтарон омӯзиши курси забони англисиро ба роҳ монда, раванди кори омӯзиш то ба итмом таҳти назорати Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарор мегирад.
Маҳмудзода Рӯъё Сафарӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Миҳд- шаҳри Кӯлоб