Ифтитоҳи бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
23.10.2022
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҳаким Неъматови шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсиониро баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комил-2010” соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ва ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ иҷро гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуданд.
Бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб барои 460 донишҷӯ пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ ва аз худ кардани технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Иншооти мазкур дорои синфхонаҳои компютерӣ, электронӣ, толори маҷлисгоҳ, китобхона, лабаратория ва синфхонаҳои дарсӣ буда, барои донишҷӯён шароиту имконоти муосири аз худ кардани технологияҳои пешрафта муҳайё карда шудааст. Дар муассисаи нави таълимӣ ду кафедра, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва радиоалоқа амал мекунад, ки мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои равияи техникӣ ва алоқа омода карда мешаванд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб ба донишҷӯён, ки баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд аз рӯи 13 ихтисос касбу ҳунар омӯзонида мешавад.
Бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб”
23.10.2022
23 октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб оғоз бахшиданд.
Бино дорои 16 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ду синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн барои духтарон ва писарон мебошад.
Ташаккули соҳибкорӣ маҳорати баланд, ихтисосмандӣ ва донишҳои муосирро талаб мекунад. Бо назардошти ҳамин дар доираи мизҳои мудаввар, мастер-классҳо, экспресс-курсҳо шаҳрвандон ба омӯзиши касбҳои сартарошӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва компютерӣ фаро гирифта мешаванд. Тадбирҳои омӯзиши ройгон сурат гирифта, хоҳишмандон имконият доранд, ки донишҳои худро дар самти бахши хусусӣ тақвият бахшида, фаъолияти соҳибкории худро ташкилу таҳким бахшанд.
Дар курсҳои дӯзандагӣ давоми ду моҳ 10 нафар соҳибкасб гардонида мешаванд. Дар курсҳои сартарошӣ ва ороиши рӯю мӯй бошад, давоми як моҳ омӯзиш сурат мегирад.
Дар Тоҷикистон барои татбиқи ғояҳои соҳибкорӣ имконият зиёд аст ва ба омӯзиш фаро гирифтани шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб метавонад барои афзун шудани муваффақият ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои намояндагони бахши хусусӣ мусоидат намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ масъулинро барои истифодаи пурраи имконияти фароҳамшуда ва омода кардани шаҳрвандон ҷиҳати фаъолият дар бахши хусусӣ вазифадор карданд.
Зиёрати оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
23.10.2022
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони баруманди халқи тоҷик дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми мамлакат, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.
23.10.2022
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Иншооти замонавӣ 4-ошёна буда, аз 19 ҳуҷра, маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст ва меҳмонхона иборат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2020 оғоз гардида буд ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Дар иншооти замонавӣ барои пешбурди фаъолияти хизматӣ ба кормандони Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб, Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб ва Корхонаи давлатии фаръии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Кӯлоб шароити замонавӣ фароҳам гардидааст.
Бинои хуштарҳу муосир дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандону мутахассисони соҳа супориш доданд, ки дар заминаи шароити фароҳамшуда хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд таъмин намоянд.