Санаи1 феврали соли 2023 дар дар театри мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи "Рудоба ва Зол" -и Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ -мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Намоишномаи “Зол ва Рудоба” аз рӯйи яке аз достонҳои ҳамноми асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” таҳия шуда, онро коргардон Қурбонзода Баҳром ба саҳна гузоштааст.
Дар нақшҳои Зол- Фирдавси Турдиалӣ, Рудоба - Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр - Саидзода Отахон, шоҳ Сом - Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт - Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон - Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ кардаанд.
Бояд қайд намуд, ки ҳунармандони ҷавони театр бо як маҳорати хосса дар саҳна баромад намуданд.
Дар анҷоми намоишномаи театрӣ ҳунармандони шаҳри Бохтар миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои бевосита ба ҳунармандони театр ва ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид изҳори сипос намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни миллии бостонии Сада чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ҷамоату деҳоти шаҳр, ҳунарҳои мардумии занону бонувони Кӯлобшаҳри бостонӣ, дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ ва самараи дастранҷи деҳқон ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.
Намоишномаи дастовардҳои кишоварзон бозгӯи он буд, ки деҳқонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар соли 2022 ҳосили фаровонбардошта дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.
Тибқи иттилоъ дар соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 810,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 32,1 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 104,1 фоизро ташкил дод.
Меҳмонон ва роҳбарияти шаҳр барои дар сатҳи баланд омода намудани ин намоишгоҳ ба аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб баҳои баланд доданд.
Баъдан, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни суханронии хеш ба муносибати ҷашни Сада сокинони шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва рӯзгори хушу пурбаракатро таманно намуд.
Қайд гардид, ки Сада ҷашни ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар суннату оинҳои бостонии миллати тоҷик бар пояи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шудааст.
Сипас муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам баромад намуда, изҳор аз он дошт, ки иди Сада ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорад. Ҳамчунин қайд гардид, “Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми Тоҷикистон аз ҷумла, сокинони Хатлонзамин ин ҷашни бостониро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии хеш дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд.
Зимни чорабинии тантанавӣ собиқадори соҳаи маориф Нозим Талаб вобаста ба таърихи пайдоиши иди Сада изҳори андеша намуд.
Дар идомаи маросими идона бахшида ба ҷашни бостонии Сада аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб, ба кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ, ҷамоату деҳот, масъулин ва кормадони ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир барномаи омода намудаи аҳли фарҳангу санъати шаҳр ки ифодагари Иди Сада буд, пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳамдиёрони азиз,
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шуморо ба фарорасии Иди Сада самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, рӯзгори осуда ва ба Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол суботу осоиштагии пойдорро таманно менамояд.
Сада ҷашни ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар радифи дигар суннату оинҳои бостонии миллати тоҷик бар пояи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шудааст. Тавре Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид”.
Аз рӯи таърихи пайдоиш Сада рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил гардида, мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун оини бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешавад. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Яъне, иди Садаро метавон муждае аз фасли баҳор ва гармиву рушноӣ ном бурд. Мардум дар шаби Сада гулханҳои бузург афрохта шодиву хурсандӣ менамоянд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.
Мо мардуми шарафманди Кӯлобшаҳри бостонӣ дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки асолатан ба некиву покӣ ва гармиву рушноӣ майл дорем ҷашни Садаро бо хушиву хурсанди истиқбол мегирем.
Дар охир бори дигар таманнои онро менамоем, ки бигзор бо фарорасии ҷашни Сада файзу баракат дар заминҳои кишти марди деҳқон ва хонадони ҳар яки Шумо зиёда гардида, саломативу сарбаландӣ насибатон бошад.
Ҷашни миллии Сада муборак ҳамдиёрони азиз!
Ятимону бепарасторон ва шахсони имконияташон маҳдуд доимо таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба онҳо ҳамеша ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Дар доираи сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба маъюбони гуруҳи 1-ум Ҳасан ва Ҳусейни 14 сола ки айни ҳол истиқоматкунандаи маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлобанд мунтазам дастгириву кӯмак расонида мешавад.
Ин навбат ба Ҳасан ва Ҳусейни 14 сола 2 адад мебели рахти хоб бо таҷҳизотҳои лозима, ҷевони либосҳо ва ҳамчунин чанд миқдор маводи сухт ва маводи хӯрока дастрас гардид.
Модари Ҳасан ва Ҳусейн аз ин иқдом шод гардида миннатдории бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои дастгириҳои пайваста изҳор намуд.