Бо мақсади омодагии дасатаҳои Лигаи Олӣ ба мавсими нави футбол дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва директори дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов бо масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби Президенти федератсия Алишер Урунов, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоҳқурбонов ва ҳамзамон сардори раёсати иншоотҳои варзишии ФФТ Раҳмон Муртазоев баргузор шуд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамзамон муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи маънавиёт, ҷавонон ва варзиш Орзу Ҳамидиён ва директори МД Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб Баҳром Рустамов иштирок намуданд.
Нахуст бо истифода аз фурсати муносиб ноиби Президенти федератсия Алишер Урунов раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва сарпарасти генералии даста ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”-ро барои ишғоли мақоми 2-юми “Равшан”-и Кӯлоб дар Чемптонати Тоҷикистон табрику шодбош гуфтанд.
Ҳамзамон иттилоъ доданд, ки дастаи “Равшан” яке аз роҳхатҳои Ҷоми КФО-ро дар соли 2023 ба даст оварда дар оғози мавсим барои “Шоҳҷоми Тоҷикистон-2023” бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе майдондорӣ менамояд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр якҷо бо масъулини ФФТ масъалаҳои рушди васеъи футбол дар ин шаҳри бостонӣ, ҳамзамон футболи кӯдакону наврасон, бонувон, футболи толорӣ, омодагии варзишгоҳи марказӣ ба мавсими нав ва қабули бозиҳои Осиёиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷониби масъулини ФФТ изҳор гардид, ки таи ду соли охир дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар Чемпионати Тоҷикистон бидуни ягон камбудӣ молиявӣ ва дигар мушкилиҳо бозиҳои худро баргузор намуданд ва дар натиҷа даста тавонист, ки яке аз мақомҳои ифтихориро соҳиб гардад.
Ҳамзамон дар рафти суҳбат директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоҳқурбонов оид ба ҳуҷҷатгузории даста барои ҷоми КФО, омодагии чаманзори варзишгоҳи Кӯлоб барои мавсими нав ва иҷрои талаботҳои комисияи шаҳодатномакунонӣ фикру андешаҳои худро иброз намуда омодагии худро барои мусоидат ба қабули бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Кӯлоб иброз доштанд.
Дар анҷоми суҳбат раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи Клуби футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар мавсими нав барои бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, иштироки фаъолонаи даста дар Ҷоми КФО ва дастгирии дастаҳои наврасону бонувон якҷо бо сарпарасти генералии даста ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф” изҳори андеша намуданд.
Ҳамасола санаи 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон дар саросари ҷаҳон муайян карда шудааст.
Бо ин мақсад имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорону фаъолони шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши маҳсули дастони нафарони имконияташон маҳдуд, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуд.
Дар идома роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба як қатор мутахассисон барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд, риояи меъёрҳои Қонуну Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияити давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим намуд. Ҳамчунин ба 20 нафар маъюбон аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.
Дар ин руз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба беш аз 200 нафар шахсони имконияташон маҳдуд дастархони идона ороста шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ кормандони Бахши фарҳанги шаҳри Кулоб барномаи омоданамудаи худро пешкаши меҳмонон намуданд.
Мавриди зикр аст, ки волидону пайвандони шахсони имконияташон маҳдуд аз ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гардида, бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву шароиту имкониятҳои мавҷуда,худ низ баҳри хушбахтиву саодати маъюбон саъю кӯшиши бештар менамоянд.
Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб