Аслиддин Достиев дар шаҳри Кӯлоб
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб муаррифии китоби рӯзноманигори равоншод Аслиддин Достиев '"Бобои Эшон"доир гардид,ки дар он рӯзноманигорону адибони кишвар ва фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Назарзода Бахтиёр, раиси шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ бахшида, аз нақши қаламкаши моҳир дар инъикоси масоили мубрами рӯз ёдовар гардида, мактаби касбии ӯро шоёни ибратомӯзии рӯзноманигорони ҷавон арзёбӣ намуд.
Шодравон Аслиддин Достиев аз рӯзноманигорони маъруфи кишвар маҳсуб меёфт,ки давоми фаъолияти пурсамари худ дар расонаҳои гуногуни кишвар бо матлабу гузоришҳои таҳлиливу андешасози худ дар ҳалли мушкилиҳои ҷомеа нақши муассир дошт.
Баъдан, Саёфи Мизроб, сардабири нашрияи СССР, бародари Аслиддин Достиев, аз хизматҳои мондагори ин рӯзноманигори маҳбуби мардум ёдовар гардид.
Зикр гардид,ки журналистикаи ҳақиқӣ оинаи таҷаллои ҳаёти ҷомеа аст, ки дар он мардум зиндагии воқеии худро мебинанд.
Дар идомаи чорабинӣ ҳамқаламон, дӯстону мухлисони рӯзноманигори шодравон Аслиддин Достиев суханронӣ намуда, аз ҳаёту фаъолияти пурсамари ӯ ба некӣ ёдовар гардиданд.
Сипас, сардабири рӯзномаи СССР Саёфи Мизроб китоби "Бобои Эшон"-ро ба раиси шаҳри Кӯлоб, ки дар нашри ин китоб саҳми худро гузоштааст, тақдим намуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз ба тамоми иштирокчиёни чорабинӣ китоби рӯзноманигори зиндаёд инъом гардид..
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP