Пос доштани хотираи устодону собиқадорон ва шахсоне, ки дар рушди варзиши тоҷик хизматҳои бузург доранд барои насли оянда як руҳияи тозаеро мебахшад.
Бо ин мақсад дар толори Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб VII-умин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “Гуштингирӣ” байни ҷавонони соли таваллудашон 2003-2004 бахшида ба гиромидошти хотираи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Устод Шариф Саидов баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо як нерӯи тоза иштирок намуда қувваозмоӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинии варзишӣ Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иштирок намуда, аз хизматҳо ва саҳми хотираи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Устод Шариф Саидов дар риштаи варзиш ёдовар гардида аз корҳои неки ин шахсияти бузург ба варзишгарон сухан гуфтанд.
Дар идома ба як қатор устодони варзиш барои ҳамкориҳои созанда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди варзиши миллӣ, инчунин бахшида ба хотири гиромидошти хотираи Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Устод Шариф Саидов бо Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.
Сипас, мусобиқа оғоз гардида, варзишгарон байни ҳамдигар дар вазнҳои муайянгардида рақобат намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз, 21 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия вакилон, муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Иҷлосияи мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар кори иҷлосияи ғайринавбатӣ масъалаҳо;
- Дар бораи як қатор ваколатҳои вакилоне, ки бинобар сабаби иваз намудани ҷои зист ваколатҳояшон пеш аз муҳлат қатъ карда шаванд
-Дар бораи таъин кардани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботи вакилони хориҷшуда
-Дар бораи таъсиси Комиссияи интихоботии шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас, вакилон рӯзномаи маҷлисро тасдиқ намуда, масъалаҳои мазкурро баррасӣ намуданд.
Зимни баргузории иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони шаҳри Кӯлоб роҳбарияти шаҳр суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яки моро мебояд ҷиҳати зиёд намудани корҳои ободониву созандагӣ, таъмини тозагиву ободии маҳал, тақвият бахшидани корҳои созандагиву ободкорӣ бо сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ ҳамкории зич намоем.
Баъди муҳокимарониҳои масъалаҳои иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос буда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум саъюу талоши бештар дошта бошем, то ин ки дар ободониву созандагии шаҳри Кӯлоб саҳмгузор бошем.
Ба ҳамин иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб бо садо додани Суруди миллӣ ба итмом расид.
Бахши матбуотии Миҳд- шаҳри Кӯлоб
Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон – Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб – Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб – Гадоев Салим Сайвалиевич, кормандони масъули ҳизбӣ, аъзоёни Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, раисон ва муовинони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, собиқадорон, аъзои фаъоли ҲХДТ ва ВАО маҷлиси ҷамъбастии шашмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм;
2. Дар бораи тадбирҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ гузаронидани маъракаи “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”;
3. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои нимсолаи дуюми соли 2023
4. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ;
5. Тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб;
6. Таъсиси ситоди таблиғотиву ташвиқотии ҳизбӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба ҷалби ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Натиҷагирӣ аз озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2023”.
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич аз натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 ҳисобот дод.
Баъд аз анҷоми ҳисобот музокирачиён Асозода Ҳотам Раҷаб ва Абдулҳакимзода Саодат ба сухан баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.
Дар рафти баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Гадоев Салим Сайвалиевич баён доштанд, ки ҳамасола яке аз маъракаи муҳими сиёсӣ-“Обуна” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” меистад, ки аз ҳар кадом аъзои Кумитаи иҷроия масъулияти баланди ташкилӣ ва ташаббускориро тақозо мекунад. Зеро маҳз, ҳамин нашрияҳо инъикосгари асосии фаъолияти амалӣ ва корҳои таблиғотиву идеологии ҳизб мебошанд. Бо дар назардошти ин дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ситоди “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” таъсис дода шуда, ҳайат ва нақшаи тақсимотии он тасдиқ карда шуд.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис С.Гадоев баромад карда, лоиҳаи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои нимсолаи дуюми соли 2023 ба ҳозирин шинос намуданд. Ҳамин тариқ лоиҳаи нақшаи корӣ ба овоз гузошта шуда, қабул карда шуд.
Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроия зикр намуд, ки соли 2024 аз таъсисёбии ҲХДТ 30-сол сипарӣ хоҳад гашт. Дар робита ба ин моро лозим аст, ки аз ин рӯз омодагӣ гирифта нақша-чорабинии худро таҳия намоем. Баъдан аз ҷониби раискунанда лоиҳаи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайати Кумитаи иҷроия пешниҳод карда шуд. Ҳайати Кумитаи иҷроия ба лоиҳаи нақшаи мазкур шиносоӣ пайдо карда, онро маъқул донистанд.
Дар доираи масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тағйирот ворид карда шуд.
Аз руйи масъалаи шашуми рӯзнома дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби собиқадорон, фаъолон, вакилони ҳизбӣ ва олимону донишмандон Ситоди доимоамалкунандаи таблиғотиву ташвиқотии ҳизбӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба ҷалби ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуд.
Дар ҳамбастагӣ ба масъалаи ҳафтуми рӯзномаи маҷлис аз озмуни “Беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбии соли 2023” натиҷагирӣ карда шуд. Ва пешниҳод гардид, ки озмуни мазкур дар охири соли равон ҷаъбаст хоҳад гардид ва фаъолон бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Зимни идомаи маҷлис узви КИМ ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва раиси КИВ ҲХДТ Саидзода Ҷамшед Ҳамро суханронӣ карда, вобаста ба тақвияти додани фаъолияти ҳизбӣ, саҳмгузорӣ кардан дар корҳои созандагиву ободонӣ, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтан аз ҷашнҳои муҳимми ҳизбиву давлатӣ, тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва дигар масълаҳои мубрам таъкидҳои судманд намуданд.
Дар идома ба раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр табрикоти Раёсати КИВ ҲХДТ ҷиҳати дастболо гардидан дар интихоботи миёнадаврӣ ва интихоб шудан ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии №8-и шаҳри Кӯлоб дар фазои тантанавӣ супорида шуд. Инчунин, барои дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштан дар тадбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ як қатор яъзои ҳизб бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, ба якчанд нафар аъзои нави ҲХДТ, ки бо ариза барои шомил гардидан ба сафи ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб муроҷиат намуда буданд, дар фазои тантанавӣ ба онҳо билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд.
Дар охири маҷлис ҳамаи аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва вакилону масъулони ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки фаъолияти худро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, баҳри татбиқи мунтазамии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дар шашмоҳаи дуюми соли 2023 чораҳои зарурӣ андешанд.
Шуъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти КИ ЊХДТ дар шањри Кўлоб
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба масъалаи бофароғат гузаштани таътили тобистонаи мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳои тобистона таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои беҳдошти саломатии хонандагон, ҷалби онҳо ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву зебопарастӣ тадбирҳои заруриро сари вақт роҳандозӣ менамояд.
Ҳамин аст, ки бештари хонандагон таътилро шоду хурсандона дар майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ва истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрӣ гузаронида, баъд аз истироҳат бо як нерую қувваи тоза боз ба мактаб бар мегарданд.
Дар робита ба ин бо дарназардошти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №126 аз 28 марти соли 2023 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб оид ба қарори раиси вилояти Хатлон истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” воқеъ дар ноҳияи Мӯъминобод барои гузаронидани таътили тобистонаи мактаббачагони шаҳру деҳоти Кӯлоб барои соли 2023 ифтитоҳ гардида ба фаъолият шуруъ намуд.
Зимни кушодашавии истироҳатгоҳ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ва дигар масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, ба хонандагон истироҳати хубу бофароғатор таманно намуданд.
Даминзода Арафамо, муовини раиси шаҳри Кӯлоб зимни баромади хеш иброз намуд, ки кӯдакону наврасон ҳамеша дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта ҳамасола баҳри истироҳу фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳри шароити мусоид фароҳам меоварад.
Сипас аз ҷониби мактаббачагон маҳфили шеъру суруд пешниҳод гардид, ки хотири иштирокрокчиёнро шод намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб