Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб, раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулода Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Ҳалимзода Миралӣ, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб полковник Раҳмонзода Содиқҷон, инчунин аъзоёни комиссияи шаҳрӣ ва минтақавӣ ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласаи мазкур раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, изҳор дошт, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва иҷроиши қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 феврали соли 2016 доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №799 аз 30 декабри соли 2015 “Дар бораи таъсиси Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба ҳолатҳои фавқулода” ва нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир ба баргузории ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода бо доираи васеъи аъзоён ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳрию минтақавӣ доир гардид. Ҳадаф аз баргузоррии ҷаласаи мазкур ин пеш аз ҳама омодагии ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ мебошад.
Зимнан ёдовар гардид, ки шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамчун минтақаи осепазири ҳолатҳои фавқулода ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди он зиёда аз 32 минтақаҳои хавфнок сар задани сел дар натиҷаи боридани боронҳо ва баланд шудани сатҳи об дар соҳилҳо метавонад ҳар лаҳза ба ҳаёти шаҳрвандон ва соҳаҳои гуногуни хаҷагии халқ хавфро эҷод намояд.
Бинобар сабаби оне, ки шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамчун минтақаи зиёд будани хавфи ҳолатҳои фавқулода мебошад, таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон қарор дошта, пайваста ғамхорӣ карда мешавад ва барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода доимо кӯмак расонида мешавад.
Инчунин, баргузории ҷаласаи имрӯза низ дар иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва фаъолияти кории ҳар як аъзоёни комиссия дар пешгирии ҳолатҳои фавқулода ҳамзамон ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ки бояд то имрӯз анҷом меёфт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон таъкид намуданд, ки санаҳои 26 то 28 уми апрели соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи боду ҳаво ногувор арзиёбӣ гардид ва тавре, ки ба ҳамагон маълум мебошад дар баъзе шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ хатари офати табиӣ дида шуд. Имрӯз дар доираи нақшачорабиниҳои таҳиягардида ва корбарию коргузории ҳаряки мо масъулонро вазифадор мегардонад, ки тамоми чораҳои дахлдоро андешем ва тибқи нақшаҳои тасдиқгардида ҷиҳати пешгирии аз офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкуниро дар ҷойҳои хавфнок ҷиддитар бинем то ин ки дар оянда ягон хавфу хатар эҷод накунад.
Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати татбиқ намудани дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омода ҳаст, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва он салоҳияте, ки бар зимма дорем онро анҷом диҳем.
Дар идомаи ҷаласа муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Ҳалимзода Миралӣ, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб полковник Раҳмонзода Содиқҷон ва Сайдаҳмадов Бахтиёр сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб баромад намуда, изҳор намуданд, ки рӯзҳои охир бо боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сел дар аксарият шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷумла минтақаи Кӯлоб зарар расонд, ки дар натиҷа хонаҳои шаҳрвандон осеб диданд. Дар идома таъкид доштанд, ки дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷойҳои хавфнок, ки бар асари боронҳои пай дар пай ва сел осеб мебинанд кам нестанд. Дар ин росто, ҳар яке моро мебояд дар самти фаъолияти кории худамон корро боз ҳам беҳтар намоем ва дар ҳолатҳои омодабошӣ тайёр бошем ва аз техникаву таҷҳизотҳои дигар дар самти ҳолатҳои фавқулода нигаронида шудааст истифода барем.
Дар идома муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон изҳор дошт, ки имрӯз ҷаласаи баргузоргардида бори дигар ҳар яки моро водор менамояд, ки дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода омода бошем. Инчунин таъкид доштанд, ки имрӯз бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб он ҷойҳои хавфнок аз ҳама гуна партовҳо бо техникаҳои лозима тоза карда шуда истодааст ва ин иқдом дар оянда низ идома меёбад.
Тавре, ки медонем дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 32 мавзеъҳои хавфнок ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 6 ададаш минтақаҳои ниҳоят хавфнок ва 26 адади дигараш хатарнок ба ҳисоб мераванд.
Аз ин рӯ, тамоми масъулин бояд фаъолияти худро дар самти корашон новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд, ки дар пешгирӣ аз офатҳои табиӣ фаъолияти пурсамар дошта бошанд.
Дар интиҳо, раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб аз аъзоён ва ҳар як шаси масъул пурсон гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти кори худ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кўлоб
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ҷиҳати иҷроиши нақшачорабиниҳои тасдиқгардида, вобаста ба номусоидии боду ҳаво, боронҳои пуршидати санаҳои 26-28 апрели соли 2024 бо ҷалби қувва ва воситаҳои низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои Дарёчаи Кӯлоб ва Девонасойи маҳаллаи Хатти роҳ бо ҷалби 1-экскватор ва 2 автомашинаи боркаш маҷрои обҳои ҷоришавандаи сел аз сангу шағал тоза ва бехатар карда шуд.
Тибқи маълумоти Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоб чунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва бехатар гардонидан дар дигар маҷрои обҳои ҷоришаванда идома меёбад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар он масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута ва фаъолон иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами рӯз, ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва 3 моҳаи аввали соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 октябри соли 2022 дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва амалиёти густурдаи ифротиву террористӣ рӯбарӯ гардида буд. Имрӯз мо бо итминони комил изҳор медорем, ки ба шарофати ваҳдату дастгирии мардум ва сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аз вартаи он фоҷеа раҳо ёфт. Аз ин рӯ, мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатар ва пайомадҳои ин зуҳуроти ниҳоят харобиовар ҳушдор медиҳем.
Дар идома фаъолияти прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар давраи соли 2023 ва 3 моҳаи аввали соли 2024 натиҷагирӣ шуда, таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбарият ва кормандони прокуратураи шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо, таҳдиду хатарҳои муосири терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ, ҷинояткориҳои дигари муташаккили фаромиллӣ ва таъмин намудани амнияти мудофиавии кишвар мунтазам дар ҷамоатҳои деҳоту маҳаллаҳо, масҷидҳо корхонаву ташкилотҳои дар шаҳри Кӯлоб ҷойдошта бо зиёиёну аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизму терроризм, муайян намудани саркардагони пайравону аъзои гуруҳҳои ифротӣ, ҷоннок намудани оғози парвандаҳои ҷиноятӣ, нисбати ин гуна шахсони ифротгаро, дар ин замина муайян намудани маблағгузории онҳо дар амалӣ намудани корҳои ғайриқонунӣ, ки ба манфиатҳои миллӣ таҳдид мекунад, инчунин оид ба хурофотпарастию рафтори ҷавонон, хусусан онҳое, ки мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар муҳокимаи мавзуҳои баррасишуда аъзои Шуро ва дигар иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, фикру андеша ва таклифҳояшонро иброз намуданд.