Дар доираи татбиқи барномаҳо дар самти мубориза бар зидди бемории сил сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Маннуел Микаллер, намояндагии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ, Ассотсиатсияи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон» ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Меҳмононро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, масъулини муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд. Дар идома роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, вобаста ба таърихи пайдоиш, мавқеи ҷуғрофӣ, расму оин, шуғли асосии сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб ва рушду нумӯи мунтаззами соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мубодилаи афкор намуд.
Зимнан ҷаноби Маннуел Микаллер аз ҳодисаи фоҷиабор-садамаи нақлиётӣ, ки нимаи дуюми рўзи 6-уми августи соли равон дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ ба вуқуъ пайваст ёдрас шуда, ҳодисаи ба амал омадаро боиси андӯҳи худ арзёбӣ намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва захмиёни ин ҳодисаи фоҷиабор изҳори амиқи ҳамдардӣ намуд.
Сипас, ҷонибҳо ба масоили нишона ва омилҳои пайдоиши бемории сил, дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоате, ки гирифтори бемории сил мебошанд, ҳимояи ҳуқуқи шахсони гирифтори бемории сил ва ҳамкории иҷтимоӣ дар идораҳои давлатӣ барои гирифтани имтиёзҳо, мусоидат ба беҳтар ва васеътар намудани хизматрасониҳои стандартии иҷтимоӣ, ки ба шахсони гирифтори бемории сил расонида мешаванд, дастгирии иқтисодӣ, таъмини кӯмакҳо ба оилаҳои камбизоате, ки мубталои бемории сил мебошанд, изҳори назар карда шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб дастгоҳи ренгении шуш ҷиҳати дарёфт ва муайянкунии саривақтии бемории сил мавҷуд аст, ки меҳмонон бо ҷарраёни гузаронидани ташхиси ин беморӣ шинос шуданд.
Дастрасии гирифторони бемории сил ба чунин дастгоҳи наву замонавӣ бобати пешгирӣ ва рафъи бемории мазкур муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда шуд.
Дар идомаи ин тадбир ҷонибҳо аз аҳамияти таҳкими ҳамкориҳо бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти мубориза алайҳи бемории сил ёдовар шуда, дар хусуси зарурати фароҳам овардани шароит ба хотири ташхису табобат ва пешгирии бемории сил изҳори назар намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки шоми 6 август, тахминан соати 19:30, дар шаҳри Кӯлоб садамаи мудҳиши нақлиётӣ шуд, ки дар натиҷа хисороти калони ҷонию молӣ ба бор овард.
Мошини боркаши тамғаи Дулан дорои ядак (прицеп) рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кулоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, даҳҳо нақлиётро бо мусофиронаш зер карда, хонаеро чаппа гардонидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуданд.
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилӣ, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон , раиси вилояти Хатлон, раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуда, ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддиву молиявӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешиданд.
Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки дар доираи омодагӣ ба сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.
Бо мақсади чунин корҳои ободонию созандагӣ санаи 29 июли соли равон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ нуқтаи фурӯши сӯзишвории рақами 57-и ҶДММ "Газпром нефт- Таджикистан" мавриди истифода қарор дода шуда, ба дастрасӣ ба сӯзишвории босифату тарзи хизматрасонии замонавӣ мусоидат менамояд.
Зимни ифтитоҳи нуқтаи фӯруши сӯзишворӣ ба роҳбарияти ҶДММ "Газпром нефт- Таджикистан" барои кушодани нуқтаи замонавии хизматрасонии мазкур аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори сипос баён гардид.
Бояд қайд намоем, ки ширкати мазкур аввалин маротиба нуқтаи сӯзишвории худро дар минтақаи Кӯлоб дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб соли 2021 таъсис дода, то ин давра фаъолият намуда барои ба талаботи станадартии бехатарӣ, ба роҳ мондани кору хизматрасонӣ нуқтаи фурӯши худро дар назди даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуд.
Дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур 20 нафар кормандон, аз ҷумла 4 нафар занону духтарон аз ҳисоби истиқоматкунандагони маҳалӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҶДММ "Газпром нефт- Таджикистан" ягона ширкате мебошад, ки сӯзишвории дараҷаи "Эвро-5"-ро ба фурӯш мебарорад, ки аз ҷиҳати экологӣ ба талабот ҷавобгӯ буда, назорати сифати маҳсулот мунтазам аз ҷониби озмоишгоҳҳои ширкат гузаронида мешавад ва барои бо сифати хуб ба мизоҷон дастрас намудани сӯзишворӣ мусоидат менамояд.
Баъд аз боздид Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, қабул ва муроҷиати шаҳрвандонро гузаронид.
Муроҷиати 17 нафар шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб доир ба масъалаҳои расонидани кумаки молиявӣ ба оилаҳои ниёзманду фарзандони маъюбдошта, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кумак дар сохтмони манзили истиқоматӣ, қитъаи замин барои сохтмони мактаб, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, тоза кардан ва мустаҳкам кардани канал ва соҳилҳои харобшуда, сохтмони пули харобгашта, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда ва дигар масоили рӯзгор қабул карда шуд.
Раиси вилоят баъди муроҷиати шаҳрвандон ба масъулони вилоятиву шаҳрӣ барои иҷрои масъалаҳои зикршуда супориш доданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ Раиси вилоят бори дигар масъулонро вазифадор кард, ки ба соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, доир ба харидории сару либоси истеҳсоли ватанӣ ва сифати он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Инчунин, омодагӣ ба даъвати навбатии хизмати ҳарбӣ, доир ба анҷом додани кишти такрорӣ, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, ҷалби сармоя дар соҳаи саноатикунонӣ, вохӯрӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ, омодагӣ ба зимистони пешомада дар соҳаи барқ ва интиқоли он, ба масъулон дастуру супориш доданд.