Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва нақшачорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сохта ба истифода додани иншоотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, коммуналӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин сангфарш ва мумфаршгардонии роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо маром идома доранд.
           Санаи 7 июни соли равон зимни сафари кории роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз рафти мумфарш ва сангфарш намуданаи роҳҳои маҳаллӣ боздид намуда, ба мутахассисони соҳа маслиҳатҳои муфид доданд.
         Ёдовар мешавем, ки иқдоми дастаҷамъона имрӯз аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард"-и шаҳри Кӯлоб бо ҷалби техникаҳо нақшабандӣ гардида, корҳои таъмир ва мумфаршкунӣ амалӣ гардид.
          Чунин иқдомҳои дастаҷамъона ва созанда дар дигар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб дар оянда низ анҷом дода мешавад.
 
                                                                                                                                                       Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP