Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дастури бевоситаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати иҷрои дастру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва истиқбол аз ҷашни Ваҳдати миллӣ санаи 8 июни соли 2024 бо иштироки тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб шанбегии дастаҷамъона доир гардид. Партовҳо аз дохили сойи Тебалай бароварда шуда, ба ҷойҳои махсус бурда расонида шуд. Маврид ба зикр аст, ки ҳар ҳафта чунин Аксияҳои тозагӣ аз ҷумла дар сойҳо доир гардида, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии гирду атрофи сойи Тебалай гузаронида мешавад.
        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо истифода аз фурсат аз тамоми аҳолии назди сойи Тебалай эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба тозагӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар корҳои ободонӣ саҳми худро гузоранд.
 
                                                                                                                                                Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP