Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо гурӯҳҳои корӣ доир гардид.
Зимни баромад роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар баромад намуда таъкид доштанд, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳо ва консепсияҳо дар самти кор бо занон ба тасвиб расидааст, ки ин аз сиёсати бобарору мувафақонаи роҳбари давлатамон ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳҳои корӣ, ки аз ҳисоби занону бонувони фаъол, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат мебошад, ки мақсаду ҳадафашон ин пеш аз ҳама бо мардум аз наздик шинос шудан ва корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ҷиҳати иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон " ва тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, фарҳангӣ оиладорӣ, тарғиби либоси миллӣ, муошират ва дигар масъалаҳои марбут ба занону бонувон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб марказҳои савдо, кӯчаву маҳаллаҳо ва тариқи усули хона ба хона ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб зимни суханронии худ иброз намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамеша барои татбиқ намудани сиёсати кадрӣ аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд таваҷҷӯҳи беандозаи худро равона карда истодаанд ва дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо бояд мо пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон бо масъулият бошем.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки зимни вохӯриҳо бо занону ҷавондухтарон корҳои тарғиботиро бештар намуда, вобаста ба фарҳанги либоспӯшӣ, аз ҷумла чакан ва атлас, ки имрӯз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид ба рӯйхати мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд ва бояд ҳар як духтари тоҷик ин либосро ба бар кунад ва барои духтани он аз модарону чеварон истифода баранд.
Агар аз як ҷиҳат духти либосро аз худ намоянд, аз ҷиҳати дигар таҳаммулу зебоипарастии ҳар як ҷавондухтарон нисбати Ватан, модар ва ояндаи худ равшан менамояд. Пас вазифаи аҳли ҷомеа дуруст дарк кардан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти ҳамин масъалаҳо мебошад.
Дар интиҳо, масъулин ҷиҳати тамоми он дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки мо бонувон ҳамеша татбиқкунандаи сиёсати созандаву бунёдкорона ва роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва хоҳем монд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ғайринақшавии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид, ки дар он раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, аъзоёни комиссия, инчунин муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Ҳотамшо, сардори Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Зафар Нуралиев ва муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Њалимзода Миралӣ ва дигар масъулон ширкат намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, изҳор доштанд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани сангу шағал аз сойҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, ба ин васила пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ мебошад. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки тибқи Амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 29 апрели соли 2024, №88 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба тавсиб расидааст, ки то имрӯз масъулин ҷиҳати пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корҳои назаррасро анҷом доданд. Вале ин моро қаноатманд карда наметавонад ва мо боз масъулияти худро дар самти пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷойҳои хавфноктарини шаҳру деҳоти Кӯлоб равона менамоем.
Дар идома муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Латифзода Ҳотамшо баромад намуда, ҷиҳати корбариву коргузории Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар самти роҳандозӣ намудани Комиссияи доимамалкунанда ва сафарбар намудани техникаҳои лозима ва ҳашарҳои дастаҷамъона барои пешгирии офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки тибқи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҷойҳои муқарраргардида то санаи 12 майи соли 2024 идома меёбад.
Дар робита ба ин, ба тамоми ташкилотҳои шаҳриву минтақавӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо ҷалби техникаҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки масъулин низ пеш аз ҳама вазифадор карда мешаванд, ки дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани маҷрои каналҳо, селпартовҳо, сойҳо, заҳбуру заҳкашҳо, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва кашонидани партовҳо камари ҳиммат баста, масъулияти баланд нишон диҳанд.
Дар идома муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон полковник Њалимзода Миралӣ баромад намуда, бо изҳори боварию эътимод ба Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати саривақт баргузор намудани ҷаласаҳои комиссия, ҳамзамон мунтазам гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона ва ба ин васила тоза намудани сойҳои болозикр бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳри Кӯлоб баҳои баланд дода, ба раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва иштироки фаъолона дар пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода бо Ифтихорномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи грждании вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, бо ҳамин мазмун ба роҳбарони корхонаҳои МД “Беҳдошти замин ва обёрии шаҳр” ва МД “Обу конализатсияи шаҳр” бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар интиҳои ҷаласаи мазкур Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо боварию эътимоди баланд ва қадрдонӣ намудан изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мо ҳама вақт ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид омода ҳастем ва бо як масъулияти баланди ватандӯстона содиқонаву софдилона вазифаҳои ба зимма доштаамонро иҷро менамоем.
Изҳори сипоси худ ва тамоми сокинони шаҳри Кӯлобро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ алалхусус дар самти пешгирии офатҳои табиӣ расониданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз мавзеъҳои сойи Даҳана ва сойҳои якҷояшавии сойи Зиракӣ ва Даҳана дидан намуда, ҷиҳати ироиши корҳои анҷомдодашуда ба Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам бехатар анҷом додани корҳои боқимонда корро дар ин самт ҷоннок намоянд. Инчунин, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунии деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, назди пули мошингузари самти Фурудгоҳ ва маҳаллаи Суғдиён дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавзеъҳои болозикр пеш аз ҳама тоза намудани селпарто ва ҷӯйборҳои обрав, хобонидани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва ба роҳ мондани корҳои заминӣ, барқарорсозии назди пул ва баровардани сангу шағал, инчунин тоза ва бо тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона баровардани партовҳо сурат гирифт ва ин корҳо ҳанӯз идома дорад ва зери таваҷҷуҳи Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарор дорад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати расонидани кӯмакҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдати оилаҳое, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будан ва мутаассифона имрӯз бо мо нестанд рафанд.
Зимни суҳбат меҳмонон бо фарзандону наберагон аз шуҷоатмандию далерии ҳар як иштирокчии ин набард, хизматҳои шоёни онҳо дар татбиқ гардидани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, изҳор намуданд, ки ҳеҷ вақт таърих номи он шахсиятҳое, ки барои Ватан ҷоннисориҳо намудаанд, фаромӯш нахоҳад кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри ҷомеаро ҳамеша дастгирӣ менамояд.
Дар идома раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз хизматҳои ҳар яки онҳо пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон, ободкорию созандагӣ ва саҳми босазо гузоштан дар рушду нумуи шаҳри Кӯлоби бостонӣ ёдовар гардида, изҳор доштанд¸ ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид саҳми худро ба он оилаҳое, ки ниёзманд мебошанд расонанд.
Дар навбати худ собиқадорон ва фарзандону наберагони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз доштани чунин шахсиятҳои таърихӣ ифтихор намуда, арзи сипосу миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагиашон расонида, аз доштани чунин як Ватани маҳбуб, Роҳбари оқилу доно, дурандеш ва ташаббускору созанда ифтихор намуданд. Иброз доштанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари ташаббускор мешиносанд ва эътироф менамоянд, ин ҳама дастоварди замони истиқлолият ва хизматҳои шоёни сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кўлоб