Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва нақшачорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин сангфарш ва мумфаршгардонии роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо маром идома доранд.
            Чунин иқдоми дастаҷамъона имрӯз бо ҷалби техникаҳо, кормандони Корхонаи воҳиди таъмиру барқароркунии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ корҳои таъмир ва мумфаршкунӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки маҳаллаи ба номи Тамошотеппаи шаҳри Кӯлоб ба таъмир ва мумфаршкунӣ ниёз дошт, ки санаи 9 июни соли 2024 аз ҷониби масъулин анҷом дода шуд.
           Чунин иқдомҳои дастаҷамъона ва созанда дар дигар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб дар оянда низ анҷом дода мешавад.
 
                                                                                                                                                    Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP