17 майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи 4-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” баргузор гардид.
Пеш аз оғози Конференсия истиқболи меҳмонон бо гузоштани гулчанбар дар назди пайкараи “Дасти дуои модар” аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оғоз гардид. Ҳамчунин дар даромадгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иштирокчиёни Конференсия ба намоиши асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омӯзгорон шинос шуданд.
Қисми расмии Конференсия дар толори асосии Донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он меҳмонони баландмақом, зери раёсати муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, Муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат Абдусалом, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати роҳандозӣ намудани чунин ҳамоиши сатҳи баланд дар шаҳри Кӯлоб ба ташкилкунандагон аз ҷумла, ба Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд ва меҳмононро ба шаҳри Кӯлоб хушомадед намуда, зимни баромади хеш изҳор доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва то имрӯз он ҳадафҳои пешгирифтаи ҳизби созандаву бунёдкор барои пешрафт ва зиндагии шоситаи мардум натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овардааст. Имрӯз мо бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ истиқбол аз 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид корҳои созандагию бунёдкориро ба роҳ монда, талош варзида истодаем, ки нақшаҳои тасдиқшударо сарбаландона иҷро намоем. Имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланди рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва рӯ ба беҳбудӣ қарор дорад, ки ин аз фазои сулҳу оромии кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамчунин, дар кори Конференсия ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, олимону муҳаққиқон ва коршиносони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, кормандони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар фаъолони ҳизб иштирок доштанд.
Ҳамчунин, аз донишгоҳҳои Федератсияи Россия тариқи фосилавӣ олимону муҳаққиқон бо баромадҳои алоқаманд баромад намуданд. Илова бар ин, намояндаи Сафорати Россия дар Тоҷикистон Тайсаев Куцук Казбекович дар кори Конференсия тариқи фосилавӣ иштирок намуд.
Дар қисмати расмии конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр сухани ифтитоҳӣ намуданд.
Иброз гардид, ки илм поягузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад. Дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия ба илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд.
Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш иброз намудаанд: «Баланд бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарфаи натиҷаҳои илмию таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд».
Ҷалби олимону муҳақиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқат аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидори илмии мактаби сиёсии Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.
Зимнан, бо мақолаҳои таҳлилию илмӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Маҳмаддовуд, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбари дирексияи барномаҳои таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия Саломатин Александ Василевич (тариқи фосилавӣ), дотсенти кафедраи сиёсатшиносии муқоисавии Донишгоҳи давлатии Москва Популях Даниил Сергеевич ва омӯзгори муассисаи таълимии Россия-Тоҷикистон Прокопенко Мария Николаевна баромад намуданд.
Баромадкунандагон зимни ироаи маърӯзаҳои илмӣ таъкид доштанд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории миллӣ санаҳои пурарзиш ва сабақомӯзе ҳастанд, ки аз ояндаи нек башорат медиҳанд ва мардумро ба амалӣ намудани ташаббусҳои шоиставу ифтихорӣ ҳидоят менамоянд.
Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи мақсаду аҳдофи сиёсии оинномавӣ фаъолияти худро шарафмандона амалӣ намуда истодааст, ҷиҳати мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, рушди самтҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тарғиби афкори миллии иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.
Бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-назариявии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мунтазам Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат” баргузор карда мешавад.
Маълумот дода шуд, ки Конференсияи мазкур маротибаи чорум аст, ки бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-амалии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун идомаи мантиқии конференсияҳои гузашта баргузор мегардад.
Дар конференсияи 140 нафар олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз мактабҳои олии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи кишвар аз ҷумла аз Федератсияи Россия ва дар он 140 мақолаи илмӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешавад.
Дар анҷоми қисми пленарии конфронс ба як қатор фаъолон ва олимону муҳаққиқон Сипосномаҳо тақдим карда шуд. Кори конференсия қисмати 2-юми рӯз дар панҷ бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Маориф ва илм», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» идома меёбад.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии идона бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, собиқадорон, занону бонувони фаъоли шаҳр баргузор гардид.
Зимни баромади худ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба саҳми иштирокчиён расонида изҳор намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди шаҳрро самимона ба Рӯзи байналмилалии оила табрику муборакбод менамояд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойдории оилаҳо ҳамчун унсури муҳими ваҳдату ягонагии халқи тоҷик ҷиддӣ муносибат намуда, пайваста баҳри ташаккули оилаҳои ҷавон ва тарбияи насли наврас дар оилаи солим талош меварзад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Оила ниҳоди асоси ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солимии зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад”.
Инак 31 сол боз дар саросари кишвари азизамон ҳамасола дар таърихи 15 май Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад, ки нишона аз фарҳанги баланди худшиносии миллати тоҷик аст.
Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки оила як рукни муҳими ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин, фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Яке аз ин марҳилаҳои муҳими зиндагӣ бунёди оила мебошад.
Оила ва устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст. Ободию пешрафти ҳар давлат, инчунин, маърифат ва фарҳангу ахлоқи мардум пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад.
Боиси тазаккур мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб тибқи маълумоти оморӣ 232 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аз ин 113 ҳазору 700 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ 2295 нафар, маориф 4010 нафар ва фарҳанг 130 нафар занону ҷавондухтарон фаъолияти пурсамар доранд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шумораи оилаҳои намунавӣ кам нестанд. Аз ҷумла, оилаи Талаб Нозимов, Зариф Валиев, Ғулом Исломов, Искандар Хоҷаев, Сайвалӣ Ёқубов, Шодӣ Холназаров ва даҳҳо оилаҳои дигарро метавон ном бурд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми босазои хешро гузошта истодаанд.
Боварӣ дорем, ки он анъана ва суннатҳои неки ниёгонамон, ки ба таҳкиму пойдории оила, покиву назокату иффати ҷавонон ва садоқату самимияти аъзои оила равона шудаанд, минбаъд низ аз тарафи сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб идома дода мешаванд.
Сипас, меҳмонон таманиёти худро ҷиҳати таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила ва дар сатҳи баланд баргузор намудани он ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки мо бояд модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баланд дошта бошем ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.
Ҳамчунин ба навхонадорон ва тифлакон туҳфаҳои хотиравӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди шаҳрро самимона ба Рӯзи байналмилалии оила табрику муборакбод менамояд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойдории оилаҳо ҳамчун унсури муҳими ваҳдату ягонагии халқи тоҷик ҷиддӣ муносибат намуда, пайваста баҳри ташаккули оилаҳои ҷавон ва тарбияи насли наврас дар оилаи солим талош меварзад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Оила ниҳоди асоси ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солимии зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад”.
Инак 31 сол боз дар саросари кишвари азизамон ҳамасола дар таърихи 15 май "Рӯзи байналмилалии оила" таҷлил карда мешавад, ки нишона аз фарҳанги баланди худшиносии миллати тоҷик аст.
Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки оила як рукни муҳими ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин, фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Яке аз ин марҳилаҳои муҳими зиндагӣ бунёди оила мебошад.
Оила ва устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст. Ободию пешрафти ҳар давлат, инчунин, маърифат ва фарҳангу ахлоқи мардум пеш аз ҳама аз оила сарчашма мегирад.
Боиси тазаккур мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб тибқи маълумоти оморӣ 232 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ дорад, ки аз ин 113 ҳазору 700 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ 2295 нафар, маориф 4010 нафар ва фарҳанг 130 нафар занону ҷавондухтарон фаъолияти пурсамар доранд.
Ногуфта намонад, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб шумораи оилаҳои намунавӣ кам нестанд. Аз ҷумла, оилаи Талаб Нозимов, Зариф Валиев, Ғулом Исломов, Искандар Хоҷаев, Сайвалӣ Ёқубов, Шодӣ Холназаров ва даҳҳо оилаҳои дигарро метавон ном бурд, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми босазои хешро гузошта истодаанд.
Боварӣ дорем, ки он анъана ва суннатҳои неки ниёгонамон, ки ба таҳкиму пойдории оила, покиву назокату иффати ҷавонон ва садоқату самимияти аъзои оила равона шудаанд, минбаъд низ аз тарафи сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб идома дода мешаванд.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати "Рӯзи байналмилалии оила" табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва хонаи ободро таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро шуд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” аз 5 марти соли 2024, №791, моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Дар асоси фармони болозикр, ҳамчунин, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-май аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб