Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми хизматчиён ва собиқадорони мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иди касбияшон – Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод менамояд!
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар радабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон ва сатҳи боварии мардум ба мақомоти милитсия Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад. Ҳамзамон, шароити кору фаъолияти раёсату шуъба ва бахшҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз беҳтар гашта истодааст. Дар шаҳри Кӯлоб низ солҳои охир дар баробари кушда шудани бинои Коллеҷи миллитсия, инчунин бинои дастаи таъиноти махсус ва соли равон бинои хизматии хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ шахсан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шуд. Инчунин, дар арафаи Рӯзи милитсияи тоҷик шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ба бинои нави барҳаво куч баста, ин ҷоро дар якҷоягӣ таъмиру азнавсозӣ намуда, мавриди истифода қарор медиҳем.
Бояд гуфт, ин ҳама аз таваҷҷуҳи беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти милитсия ва хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳа гувоҳӣ медиҳанд.
Тавре муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба нақшу саҳми мақомоти милитсия иброз доштаанд: “Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд”.
Месазад қайд намоем, ки аз шаҳри Кӯлоб низ садҳо ҷавонмардони бонангу номус аз сохтори милитсия баҳри барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ кардаанд.
Хизматҳои софдилонаву содиқонаи як зумра собиқадорони милитсия, ки умри бобаракати худро баҳри таъмини суботу оромии ҷомеа сарф кардаанд ва имрӯзҳо насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намуда истодаанд.
Бо назардошти ин, Роҳбарияти давлату Ҳукумат хизматҳои кормандони мақомотро ҳамеша қадрдонӣ мекунад ва ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Махсус қайд менамоем, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти милитсияи шаҳру минтақаи Кӯлоб дар баробари анҷоми вазифаҳои хизматиашон ҷиҳати муборизаи беамон ба ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, дар ободӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб пайваста саҳм гузошта истодаанд.
Зимнан, аз сокинон даъват ба амал меорем, то бо мақомоти милитсия, ки барои пойдории оромиву суботи ҷомеа шабу рӯз хизмат карда истодаанд, ҳамкориро бештар намуда, дар роҳи таъмини зиндагии осудаи ҷомеа саҳми муносиби худро гузоранд.
Бо ин таманниёт, бори дигар фарорасии иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилиро ба хизматчиёну собиқадорони соҳа ва дар маҷмуъ ба кулли сокинони шаҳри Кӯлоб табрику шодбош мегӯем.
Рӯзи милитсияи тоҷик муборак, ҳамватанони азиз!
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Яке аз санаҳои фархундаву тақдирсозе, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистони мебошад, ин санаи 6 ноябри соли 1994-Рӯзи қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он ба таҳкими равандҳои давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ асос гузошт.
Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29- сол қабл дар як марҳилаи басо ҳассосу таърихӣ қабул гардид. Он ҳуҷҷатест, ки фазои амалаш маҳдуд набуда, сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад.
Дар ин санади муқаддас ҳадафҳои асосии халқи тоҷик дар бунёди ҷомеаи озоду босаодат инъикос шудаанд. Ин бахтномаи миллат, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намуда ба сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон асоси боэътимод гузошт.
Конститусияи Тоҷикистонӣ соҳибистиқлол баёнгари орзую ормони халқ буда, он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохтори ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян намуд. Конститутсия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳоро ба зиндагӣ, дахлнопазирии шахсият, ҳимояи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, доштани моликият ва мерос, ташкили оила, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва ғайраҳо дод.
Ин ҳуқуқҳоро ҳар касс сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди диннӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ соҳиб мебошад.
Конститутсия заминаҳоро барои давлати наву, давлатдории нав ба вуҷуд оварда, чаҳорчубаи фаъолияти онҳоро низ муайян намуд.
Бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва миллии ҳаёти мамлакат онҳо рушду такмил дода мешаванд.
Маҳз ба туфайли ҳамин ҳуҷҷати муҳим ҳоло дар кишвар усулҳои муташаккилу устувори сиёсӣ ташкил карда шудааст.
Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки коршиносони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, Конститутсияи мамлакати моро омухта, онро яке аз Конститутсияҳои беҳтарини олам донистанд.
Ҷаноби Олӣ таъкид кардаанд, ки «Танҳо дар ҳамон ҷамъияте, ки ба сифати омили асосии муайянкунандаи ҳаёти худ волоияти муқаррароти Конститутсия, қонунҳо ва тартиботро медонанд, пешрафту тараққиётро таъмин кардан мумкин аст».
Имрӯзҳо мардуми соҳибватани Тоҷикистони азиз иқболи баланди хешро дар он мебинад, ки дар ҷомеаи бо адолат умр ба сар мебаранду давлату Ҳукумат иқдомҳои некро барои таъмини сулҳу озодии шаҳрвандон, татбиқи фарогири Конститутсия амалӣ менамоянд.
Ҳозирини арҷманд имрӯз бо ифтихор гуфта метавонам, ки мардуми иродатманду меҳнадӯсти шаҳри Кӯлоби бостони бо меҳнати созандаву садоқати ватандӯстона сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатмадори арсаи сатҳи ҷаҳони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро минбаъд низ ҷонибдориву дастгирӣ намуда дар амал содиқонаву поквиҷдонона хизмат менамоянд.
Дар партави ҳидоятҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат тамоми кӯшишу фаъолияти худро баҳри гиромидошти муқаддасоти миллӣ, эҳтироми волоият ва маърифати қонун равона месозанд.
Бори дигар бо эҳтиром ва самимияти хос ин санаи ба ҳар яки мову Шумо азизу муқаддас, 29 солагии қабули ин ҳуҷҷати тақдирсозро, Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумо шодбош мегуям ва таманно мекунам, ки давлатамон ҳамеша ободу озод ва мардумаш хурраму пируз бошанд.
Зиндаву поянда бод Тоҷикистон азиз.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони гиромӣ.
27 октябри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Шӯрои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҳмудзода Руъё, раисони Шӯрои занони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Саравал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд. Имрӯзҳо занон дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ занону бонувони соҳибкасбу соҳибмаърифат зиёданд, ки айни замон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолияти назаррас доранд. Ҳамзамон ёдовар гардид, ки дар нумоҳи фаъолияти Шуъбаи кор бо занон ва оила як қатор корҳои назаррас бо иштироки аъзоёни Шӯро дар Ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб,ташкилоту муассисаҳо,муассисаҳои таълимӣ, кучаву маҳаллаҳои шаҳр ва бозору марказҳои савдо вохуриҳо оиди Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои мубрами руз суҳбату вохуриҳо бо тамоми қишри аҳоли гузаронида шуда инчунин дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ иштироки фаъолона намуда истодаанд.
Дар идома мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё оид ба фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар нумоҳи соли 2023 ҳисобот дода, таъкид дошт, ки имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон аз ҷумла шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб, модарону бонувон дар як фазои сулҳу оромии кишвар зери сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият ва зиндагии шоиста доранд. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти ҷирояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси нақшачорабиниҳои тасдиқгардида ва дастуру супоришҳои раиси шаҳри Кӯлоб, ки ҳар ҳафта дар маҷлисҳои назорати дода мешавад мунтазам фаъолияти худро бо аъозоёни шӯрро мавриди барраси қарор медиҳад. Инчунин ёдовар гардид, ки дар замони соҳибистиқлоли як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки ин шаҳодат аз дастгириҳои рузафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон мебошад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки тибқи дастур супоришҳои роҳбарияти шаҳр дар ҳамкори бо телевизиони Кӯлоб барномаи махсус зери унвони “АФКОР” ҳар ҳафта бо иштироки мутахассисони соҳаҳои гунонун доир гардида дар он нақши занон дар ҷомеа ва рисолати он дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар мавзуҳои мубрами руз барраси гардида пешниҳоди бинанда гардонида мешавад, ки ин аз манфиат холи нест. Дар идомаи ҷаласа дигар баромадкунандагон оиди фаъолияти шӯрро андешарони намуда иброз доштанд, ки мо занону модарон имруз бояд шукрона аз он кунем, ки чунин як давлати соҳибистиқлол ва тинҷу ором ва роҳбари хирадманду одил ва дурандеш дорем, ки ҳамеша дар ҳама баромадҳояшон такя ба занону модарон доранд. Пас мо фаъолзанонро мебояд, ки дар пешбурди сиёсати имрузаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносию худогоҳи ва ифтихори ватандори тарбия намоем, рисолати худро дар назди ҷомеа ва насли имрӯзи кишвар содиқонаву софдилона анҷом диҳем.
Дар кори Шӯро бобати пешгирии амалҳои номатлуб, бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо ҳамин ҷаласаи шурои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо натиҷаҳои наззарас ҷамъбаст гардида, инчунин аъзоёни шӯро барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти худ дастуру супоришҳо гирифтанд.
Дар доираи сиёсати муваффақонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Туркия ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон густариш меёбад. Дар ҳамин росто бо даъвати раиси вилояти Кунияи Ҷумҳурии Туркия раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ин минтақаҳо дар шаҳри Кунияи Ҷумҳурии Туркия қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар Намоишгоҳи байналмилалии пойафзол, ки аз 26 то 29 октябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Туркия оғоз шудааст иштирок намуда, ҳамзамон аз корхонаҳои саноатии ин минтақаҳо дида менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия бародаршаҳр буда, то инҷониб миёни ин шаҳрҳо Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расонида шудааст.
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ- ҳайати соҳибкорони шаҳри Кунияи Туркия таҳти роҳбарии раиси Палатаи савдои ин минтақа Селчук Озтурк моҳи сентябри соли 2022 аз шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.