Дар оғоз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
якҷо бо меҳмонон аз дастовардҳои кӯдакони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои варзишӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии "Заршедабону" шинос шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Зимни боздид аз намоиши дастовардорҳои кӯдакону наврасон роҳбарият аз дастгириҳои ҳамешагии абармарди арсаи сиёсати сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ёдовар гардида, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим ва пеш аз ҳама тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва наврасону кӯдаконро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳидоят намуданд.
Сипас, дар макони чорабинии асосӣ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, таъкид доштанд, ки имрӯз дар саросари олам аз Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон истиқбол карда мешавад, мову Шуморо пешвози ҳамин санаи фархунда дар фазои софу беғубори Ватани азизамон гирди ҳам овардааст.
Имрӯз ҳар яки мо шукрона аз он менамоем, ки фарзандонамон дар ватани соҳибистиқлол ва дар фазои оромиву ободӣ ба воя расида истодаанд. Ҳамаи ин пешравиҳо аз неъмату баракати сиёсати созандаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Чеҳраи кушода ва дилҳои ба зиндагӣ гарми кӯдакон мо калонсолонро ба ояндаи дурахшони кишвар ва идомаи насли пурифтихори миллат умед мебахшад.
Боиси хурсандист, ки дар кишвари азизамон аз тарафи давлату ҳукумат ва аҳли ҷомеа ба тарбияи насли наврас аҳамияти ҳамаҷониба дода мешавад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, ки танҳо насли навраси аз ҷиҳати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ солим метавонад дар оянда барои ҳалқу миллат хизматҳои арзанда кунад. Ба ин хотир, дар кишварамон аз 22 июни соли 2019 “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” амал мекунад. Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур беҳтар намудани шароит ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва ба танзим даровардани системаи тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошад.
Дар Конвенсияи умумибашарии ҳуқуқи кӯдакон омадааст, ки «Давлат ӯҳдадор аст кӯдакро аз ҳар гуна шаклҳои ҳуқуқпоймолкунӣ муҳофизат намояд ва баҳри муҳофизати ҳуқуқии он чораҳои дахлнопазир андешад». Дар ин миён, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки беҳтарин таҷрибаи қонунэҷодкунӣ дар сатҳи ҷаҳонист, иқдоми дурандешона баҳри баланд бардоштани мавқеи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он дар оила ва ҷомеа мебошад.
Дар ин росто, баҳри таваҷҷӯҳу бештар ба ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқиву иҷтимоии кӯдакон дар назди мақомотҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Комиссияи доимоамалкунандаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкил шудааст. Комиссияи мазкур баҳри амалисозии сиёсати имрӯзаи давлат, қарору дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилоят ва раиси шаҳр корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Маҳз тавассути ҳамин комиссия бобати пешгирӣ аз ҳама гуна қонуншиканӣ байни ноболиғон, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз зӯроварии калонсолон ва ба таълиму тарбия ҷалб намудани онҳо чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Вобаста ба ин, ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҳамарӯзаи кӯдакону наврасон мушоҳида мегардад. Махсусан, Пешвои муаззами миллат ба таълиму тарбияи кӯдакони бо амри тақдир аз падару модар ятиммонда таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, онҳоро фарзандони худ медонанд ва пайваста нисбаташон ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Дар доираи ҳамин ғамхориҳои падарона баҳри таъмини шароити мусоиди таҳсилу истироҳати кӯдакон таъмиру азнавсозии мактаб-интернатҳо, кӯдакистонҳо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои бозии кӯдакон ва дигар имкониятҳо ҳамасола аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маблағҳои лозима ҷудо карда мешавад.
Айни ҳол, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб 103 гурӯҳи инкишофи кӯдакони синни томактабӣ амал менамоянд, ки 2510 нафар кӯдакро ҳамарӯза ба таълим фаро мегиранд.
Бояд қайд намоем, ки дар шаҳри Кӯлоб 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 1710 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои мазкур мураббияҳо ва омӯзгорони пуртаҷриба ва ихтисосманд кӯдаконро таълиму тарбия медиҳанд.
Месазад қайд намоем, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи кишварамон ҳар як кӯдак барои истироҳат, фароғат, иштирок дар бозиҳо ва чорабиниҳои шавқангез мувофиқи синну солаш ҳуқуқ дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки дар мавсими тобистони имсола беш аз 4000 нафар хонандагонро дар 7 намуди истироҳатгоҳҳо ба фароғат фаро гирад. Бо ин мақсад барои лагери беруназшаҳрӣ беш аз 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар мавсими истироҳати кӯдакон соли равон дар назди муассисаҳои таълимӣ низ лагерҳои солимгардонию фароғатӣ ташкил карда мешаванд.
Моро мебояд дар самти тарбияи насли наврас ва муҳофизати кӯдакон муносибатро боз ҳам ҷиддитар гардонем. Зеро фардои Ватани азиз ва тақдири ояндаи миллат аз тарбияи имрӯзаи насли наврас вобастагии калон дорад. Зеҳни кӯдак мисли варақи сафеди холист, ки имрӯз ҳарчи дар он навишта мешавад, фардо ҳамон хонда хоҳад шуд. Имрӯз фарзандонамонро бояд дар рӯҳияи солими худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба арзишҳои давлатдории миллӣ ва меҳнатдӯстиву ободкорӣ тарбият намоем.
Бо ҳамин ниятҳои нек, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳозиринро ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбод гуфта, барои ҳар як кӯдак – фарзандони азизи халқи тоҷик хандаи беғаш, муҳити солими оилавӣ ва рӯзгори босаодатро таманно намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор роҳбарони муассисаҳо ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар охири чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби кӯдакону наврасони муассисаҳои томактабӣ якҷо бо бахши фарҳанг омода гардида буд, дар фазои сулҳу оромии Ватани маҳбубамон пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.