Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси байналмилалӣ бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: дастовард ва дурнамо” бо иштироки олимони номвари соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ходимони варзидаи давлатӣ, вакилони Парлумони ҷумҳурӣ, профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ оғоз гардид.
Дар қисмати пленарии конфронс ироаи сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, суханронии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, суханронии Прокурори шаҳри Кӯлоб Ғанизода Мансур Қадаммурод, маърӯзаҳои олимону донишмандон: Холиқзода Абдураҳим Ғафор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Назари ахлоқӣ-ҳуқуқӣ ба табиати Конститутсия: Конститутсия ганҷинаи хайри давлат”, Раҷабзода Равшан Муҳитдин, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи: “Нақши тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҳамчун омили асосии рушди қонунгузорӣ”, Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар қабул ва татбиқи Конститутсияи соҳибихтиёри Тоҷикистон” Ғаюрзода Шукрулло Каромат, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи: “Нақши Кодекси маданӣ дар амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Маҳмудов Нарзулло Раҳматҷонович, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, сардори шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Асосҳои конститутсионии таъмини амнияти миллӣ”, Диноршоҳ Азиз Мусо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муовини аввал, муовини директори иҷроияи оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалии Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе мавзуи “Масъалаҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Конститутсия", Угланова Оксана Александровна, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ба номи профессор И.Е. Фарбер ва профессор В.Т. Кабышеви Академияи давлатии ҳуқуқии Саратов дар мавзуи “Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ” суханронӣ намуданд.
Зимни баромади худ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба шаҳри Кӯлоб хайрамақдам гуфта, изҳор доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузаштаашон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо назардошти таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки "Соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». Бо Фармони марбутаи Сарвари давлат аз 30 декабри соли 2023, №668 соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Мақсад аз ин икдом баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тақвият додани эхтиром нисбат ба қонун мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ кафолати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст. Пешвои муаззами миллат ҳам таъкид намуданд, ки «баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад. Ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсия тавъам эълон намудани соли 2024 хамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ » бори дигар собит сохт, ки Ҷаноби Олӣ дар ҳақиқат шахсияти таърихӣ ва хирадсолоранд. Чунки тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Аз Конститутсияе, ки амалӣ намудани меъёрҳояш чуноне Президенти кишвар зикр намуданд «ба мо имкон дод пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шахрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё намоем». Ҳамин тариқ эълон шудани соли 2024 — ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, шахсони мансабдорро вазифадор намуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахрвандон» ва дигар субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ, чораандешӣ ба монанди "ҷорӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳии муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", нашри мақолаҳо ва пахши барномаҳо тавассути васоити ахбори омма ва дигар тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд. Мебояд тазаккур дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳам дар иртибот ба ҳамин вазифа нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳияву тасдиқ намуда, онҳоро ба тадриҷ амалӣ карда истодааст. Тибқи нақшаи мазкур дар давоми сол мулоқоти ҳуқуқшиносони варзидаи ҷумҳурӣ ва вилоят бо фаъолони шаҳр баргузор гардида, онҳо бо иштирокдорон дар атрофи паҳлӯҳои гуногуни қонунгузории мамлакат суҳбатҳои муфид анҷом доданд. Тавассути телевизиони Кӯлоб шурӯъ аз ибтидои сол дар мавзӯҳои ҳуқуқӣ барномаҳои ҷолиб мунтазам пахш шуда истодаанд. Бо ҷалби мутахассисон дар маҳалҳо чандин ҳамоишҳо баргузор гаштанд ва қоидаҳои умумии ҳатмии рафтори муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаҳмонида шуданд. Боварӣ ва умед дорем, ки ин чорабиниҳо то андозае ба баланд бардоштани шуурнокии субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ тавонистанд мусоидат кунанд. Дар идома ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ,ҷиҳати роҳандозии чунин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити ҷахонишавӣ: дастовард ва дурнамо» изҳори сипос намуда ,изҳор дошт,ки дар Конференсияи имрӯза олимони номвари соҳаи ҳуқуқ ходимони варзидаи давлатӣ ва дигар мутахассисони соҳибтаҷриба ширкат карда истодаанд, ки бешубҳа иштирокдорон имкон доранд, ҷиҳати баланд намудани сатхи донишҳои ҳуқуқии худ қадами устуворе ба пеш гузоранд. Дар охир ба кори Конференсия бурдборию муваффақиятҳоро орзу намуданд.
Кори конфронс дар нимаи 2-юми рӯз бо дарназардошти шунида шудани беш аз 60 мақола дар се бахш идома ёфт.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб