НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП1729 ва нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 6 феврали соли 2025 соати 11:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карда шуд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимои иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар соли 2024 ба таври мухтасар гуфта гузашта, қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, амалигардонии консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, инчунин тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар қисамти саволу ҷавоб аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо пешниҳод гардида, ба саволҳо аз ҷониби раиси шаҳр, муовинони раис ва масъулини соҳаҳои дахлдор ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатдӯсти шаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри иҷрои нақшаҳои дарпешгузошташудаи соли 2025 дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштоосоямон содиқона саъю талош хоҳанд варзид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
БАРРАСИИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БО КИШОВАРЗОНИ ШАҲРУ ДЕҲОТИ КӮЛОБ
Санаи 11-уми феврали соли 2025 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, раиси Кумитаи замин ва геодези Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф, директори Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Абдуҷаббор, муовини якуми директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифзода Хуршед, муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода Маҳмуд, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар ва дигар шахсони расмӣ бо ҷалби кишоварзони шаҳру деҳоти Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баррасӣ гардиданд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни иҷрои расмиёт масъулинро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, вобаста ба дастовардҳои шаҳри Кӯлоб дар соҳаи кишрварзӣ ва раванди иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон нуктаҳои Паёми Пешвои муаззами миллатро дар робита ба дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки обу замин шарҳ доданд. Ҳамчунин, аз масъулини соҳаи кишоварзӣ вобаста ба раванди иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пурсиш намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта маслиҳату тавсия ва супоришҳои мушаххас доданд.