Ҳамдиёрони азиз!
Инак ба қабули Конститутсияи давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлоли Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Ҳамон Конститутсияе, ки амалӣ намудани меъёрҳояш чуноне дар Паёми соли гузаштаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд «ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем».
Ба ин муносибат мехоҳам пеш аз ҳама барои дастгириҳои падарона, сиёсати созандаву бунёдкорона, таваҷҷуҳи беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори сипос намуда, зимнан ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми шарафманди Кӯлоби бостонӣ ва Тоҷикистони азизро самимона табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат, барору баракат, оромиву осоиш ва фатҳу пирӯзиҳои нав ба навро таманно дорам. 30 сол муқаддам, халқи тоҷик дар таърихи беш аз 6-ҳазорсолаи худ бори нахуст бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳамчунон, ки Пешвои муаззами миллат таъкид карданд «Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад». Дар ҳамон лаҳзаи ҳассоси таърихӣ қабули Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз набудӣ наҷот додани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати точик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ, таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳила барои гузоштани аркони давлатдории тоҷикон тақдирсози халқ нақши арзананда бозид. Инчунин, Конститутсия эҷоди қонуну заминаи меъёрии ҳуқуқии санадҳои моҳиятан миллӣ ва созгор ба манфиатҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.
Конститутсия истиқлолияти давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаро муайян намуд. Ҳарчанд 30 сол барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосии давлати мо аз имтиҳонҳои ҷиддии ҳаётӣ гузашт ва собит намуд, ки барои кулли мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳақиқат ҳуҷҷати тақдирсоз аст.
Дар давоми 30 соли баъди қабули Конститутсия Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои бузург ба даст оварда, бо дили пур ба ояндаи дурахшон устуворона қадам ниҳода истодааст. Бахусус фароҳам омадани фазои ором ва осоиштаву босуботи кишвар, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои судбахши байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷуёнаи Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқии кишвар маншаъ мегиранд. Барҳақ Конститусияро бахтномаи миллат, шиносномаи давлату миллат низ ном мебаранд.
Ҳама санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар ин бобат Ҷаноби Олӣ ҳам ишора кардаанд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ инчунин, ҳуҷҷати созандаи созиши иҷтимоӣ, дурнамои пешрафти ҷомеа мебошад».
Хотиррасон менамоям, ки Конститутсияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки коршиносони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, Конститутсияи моро омӯхта, онро яке аз Конститутсияҳои беҳтарини олам эътироф намуданд.
Бори дигар 30-юмин солгарди қабули Конститусияро ба ҳама шодбош гуфта, тансиҳативу хонаободӣ орзумандам. Бигузор Конститутсия ин ба мардуми тоҷик боз асрҳои аср хизмат кунад.
Саломату сарбаланд ва саодатманд бошед ҳамдиёрони азиз.