Санаи 11 ноябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯриашон бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ санаи 9 ноябри соли равон баргузор гардид, сурат гирифт.
Зимни баромад раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳор доштанд, ки зимни баромади пурмуҳтавояшон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои гуногуни хоҷагии халқ гуфта гузаштанд, аз ҷумла дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ, истифодаи самараноки замин, рушди корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби ҷавонони донишманд дар ҳама самтҳо, роҳ надодан ба бегонапарастӣ, эҳтиром гузоштан ба омӯзгорон ва арзишҳои миллӣ, кӯмак намудан ба шахсони яккаву танҳо, иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, омодагии тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ва ҷонок намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар як дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро муваззаф мегардонад, ки рисолати худро дар назди ҷомеа содиқонаву софдилона анҷом диҳем. Он ҳама вазифаҳое, ки дар назди мову Шумо гузошта шудааст, бояд бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ иҷро намоем ва дар он ҳолат метавонем худро ҳамчун соҳибватан муаррифӣ намоем. Мо бояд дар мадди аввал шукрона намоем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосоямон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб сол то сол рушд карда истодааст, ки ин аз фазои сулҳу оромии кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Дар идома, ба тамоми масъулини соҳаҳои мухталифи шаҳр ҷиҳати амалӣ гардидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид даъват намуда, аз масъулин талаб карда шуд, ки ҷиҳати ислоҳи он камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида шавад.
Инчунин, изҳор гардид, ки ҷиҳати амалӣ гардидани супоришҳои Пешвои муаззаму хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳар яки мо масъулинро мебояд фаъолияти минбаъдаи кориамонро дигар намуда, дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ корбариро ҷоннок намоем.
Ҳамзамон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, таъкид доштанд, ки имрӯзҳо мардуми сарбаланду муваффақи Тоҷикистони биҳиштосоямон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб истиқбол аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро бо ташкил намудани Конференсия ва вохӯриҳои ҳадафманд бо аҳолӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида гузаронида истодаанд ва масъулинро вазифадор намуданд, ки чорабиниҳо бояд дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор карда шавад.
Дар интиҳои ҷаласа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо фаъолияти пурсамар, хизмати софдилона, иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастурҳои қатъӣ доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб