Имрӯз (24.12.2024) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва роҳбарияти донишгоҳ ҳамоиши илмию адабӣ бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Абдулҳамид Самад, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек ва дигар шахсиятҳои шинохтаву намояндагони илм, аҳли илму адаби кишвар, омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Дар идома, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, зимни суханронии худ иброз намуд, ки иқдоми наҷибу адабпарвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба шинохти шахсиятҳои бузурги илмию фарҳангии кишвар қобили ситоиш ва пайравӣ мебошад. Дар робита ба ин баргузории конференсияву ҳамоишҳо бахшида ба 100- солагии Соҳиб Табаров дар ҳамаи муассисаҳои таълимиву илмии қаламрави вилоят ин иҷрои саривақтии амри Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470 мебошад.
Ҳамчунин, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, нахуст ҳамаи меҳмононро ба шаҳри бостонии Кӯлоб хушомадед намуда, сипас қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди фарҳангу адабиёти тоҷик ва ҳаёту фаъолияти ходимони илму адаб таваҷҷуҳи беандоза доранд. Аз ҷумла бо Амри дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ва имрӯз дар шаҳри бостонии Кӯлоб ҷашн гирифта шуда истодааст, ки мояи ифтихор мебошад.
Мавзуи Конференсияи имрӯзаи мо низ «Соҳиб Табаров мунаққид ва адабиётшиноси шуҳратёр» мебошад, ки ба гиромидошти 100-солагии хотираи неки устод бахшида шудааст. Соҳиб Табаров воқеан ҳам яке аз шахсиятҳое ба ҳисоб мерафт, ки то охирин нафас ба адабиёти тоҷик содиқона хизмат кард. Корҳои илмии устод асосан ба таҳлили рушди адабиёти давраи нави тоҷик бахшида шудаанд. Махсусан, таҳлили адабиёти советии тоҷик, ки дар меҳвари он шахсиятҳои варзидае мисли Садриддин Айнӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат ва ғайраҳо карор доштанд. Устод Соҳиб Табаров дар байни мунаққидони барҷастаи адабиёти шӯравӣ, ки шумораашон хеле зиёд буд, бо хусусиятҳои хоси худ фарк мекард. Ӯ ҳамчун мунаққиди касбӣ ба адабиёт, мисли “табиб ба ҷисми инсон" рафтор менамуд. Яъне хунсардона воқеъбинона. Мисле, ки агар табиб дар ҷисми инсон иллатеро мушоҳида кунад, онро пинҳон намедорад, балки ошкор карда, давои онро ҷустуҷӯ мекунад. Барои устод Сохиб Табаров низ фарқ надошт, ки муаллифи асар дар ҷомеа аз чӣ мавқеъ бархурдор аст ва кадом унвонҳоро дорад. Ҷойҳои беҳтарини асарҳоро тавсиф мекарду лоиқи пайравӣ талқин менамуд ва камбудиҳоро ошкор карда, фикри худро баён мекард. Ҳатто зимни тадқиқи романи “Ғуломон”-и устод Садриддин Айнй тартиби ҳамкории худро дигар накарда буданд. Гузашта аз ин, чи дар асархои эҷоднамуда ва чи дар дафтарҳои хотираашон устод боре ҳам худро ҳатто бо ишорае тавсиф накардаанд, боре нашудааст, ки андешаи худро ҳақиқати мутлақ ҳисобида бошанд.
Баръакс, ҳамеша ишора мекарданд, ки “шояд ин ақидаи ман ғалат бошад”, “мумкин аст дигарон дар ин масъала фикри беҳтаре дошта бошанд” ва ҳатто борҳо худро хоксорона ба камдониш”-ӣ мазаммат кардааст. Ин равишро метавон ҳамчун як қолабшиканӣ дар нақди адабиёти шӯравӣ ва муосири тоҷик унвон кард. Аммо ҷиҳати дигари фарқкунандаи устод дар он буд, ки шоирону нависандагони навқаламро пайваста дастгирӣ ва рӯҳбаланд менамуд. Ин хусусиятро метавон дар баҳодиҳӣ ба асарҳои Фазлидлин Муҳаммадиев, Юсуф Акобиров, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло ва монанди инҳо мушоҳида кард. Устод аз асарҳои адибони ҷавону умедбахш беҳтарин мисраву андешаҳоро ёфта, одилона тавсиф карда, таъкид мекард, ки минбаъд ба ҳамин шева идома диҳанд.
Он замон ҳамаи адабиётшиносону мухлисони адабиёт баъди чопи асаре интизорӣ мекашиданд, ки устод Соҳиб Табаров нисбати ин ё он китоби тозанашр чӣ мегуфта бошад. Ҳатто ҳамин як таваҷҷуҳи хурди устод ба шоирони ҷавон на танҳо рӯҳу илҳом, балки дар ҷомеа ҷойгоҳу иззату обрӯ медод. Аз ин лиҳоз, метавон устод Соҳиб Табаровро дар таърихи адабиёти муосири тоҷик на танҳо ҳамчун як мунаққиди воқеъбин, балки ҳамчун як мактаби бузурги эҷодӣ эътироф намуд. Дар давраҳои гуногун сарфароз гардидани устод бо се ордени «Нишони фахрӣ», ордени «Дӯстӣ», медали «Ветерани меҳнат», Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ғайраҳо нишонаи қадршиносӣ аз заҳматҳои устод ҳастанд.
Боварии комил дорем, ки минбаъд низ асарҳои ба ёдгоргузоштаи устод барои рушди адабиёти тоҷик ва тарбияи шогирдони нав, нақши калидӣ хоҳанд дошт.
Дар раванди конференсияи мазкур дигар иштирокдорон аз ҷумла, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, Абдулҳамид Самад, Аламхон Кучарзода, Озар Салим доир ба фаъолияти илмию адабӣ ва эҷодӣ, зиндагии устод, мактаби эҷодии эшон, мавқеи онҳо дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров суханронӣ карданд.
Ба гуфтаи баромадкунандагон ҷойгоҳи Соҳиб Табаровро дар адабиёти муосири тоҷик, махсусан нақди адабӣ шоистаи таҳсин хонда, иброз намуданд, ки Соҳиб Табаровро хонандагони тоҷик, пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама, ҳамчун мунаққид мешиносанд. Осори қисми кулли адибони тоҷик, ки солҳои 40-80-уми садаи ХХ фаъолият намудаанд аз мулоҳизаҳои интиқодии ин мунаққиди пуркору воқеъбин дур намондаанд. Дигар хусусиятҳои нақди Соҳиб Табаров дар он аст, ки устод зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, онҳоро ба роҳи мақбул ва самараноки эҷодӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамзамон, баромадкунандагон ёдовар шуданд, ки асарҳои устод Соҳиб Табаров «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Садриддин Айнӣ –асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Адабиёти муосири советӣ» (1984), «Адиби сухандон ва муборизи майдон» (1986) ва ғайраҳо пай дар пай ба табъ мерасанд. Ҳар кадоми онҳо, хоҳ ба эҷодиёти адибони алоҳида бахшида шуда бошанд ва хоҳ масъалаҳои умумии адабиётшиносиро фаро гиранд, бо дақиқӣ, ҳуҷҷатнокӣ ва услуби таҳлили воқеъбинонаву асоснок фарқ карда меистанд.
Дар ҳақиқат, мактаби адабиётшиносии устод Соҳиб Табаров тавассути ҷаҳду талош ва сахтгирию масъулиятшиносии беҳамто, чунонки шарқшиносони барҷастаи Чех - Ян Рипка ва Иржи Бечка низ таъкид кардаанд, ба яке аз мактабҳои пурқувват ва бонуфузи замони пеш аз соҳибистиқлолӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил гардид ва баъдҳо ба ҷумҳуриҳои исломии Эрону Афғонистон низ доман паҳн кард.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Дар арафаи ҳар иду айём роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаву софдилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдати собиқадорони соҳаҳои мухталиф, маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманд рафта, кӯмакҳои моддиву молиявии худро мерасонад.
Бо чунин мақсад ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025 имрӯз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр барои ҳолпурсӣ ба хонаҳои собиқадорони меҳнати шаҳр рафта, аз наздик бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Дар пайравӣ ба ин иқдомҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аёдат карда, кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои солинавиро баҳрашон тақдим намуданд.
Зимни сӯҳбати самимӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ёдовар шуда, изҳор намуд, ки мо бояд аз чунин як давлати ободу зебо ва сулҳу оромии кишвар шукрона кунем, ки барои миллати тамаддунофар ва фарҳангсолор чунин як роҳбари дилсӯз ғамхори миллатро чун Эмомалӣ Раҳмон ҳадя намудааст.
Бо шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб сол то сол рушд карда истодааст ва симои худро дигаргун намуда истодааст. Ҳамчунин таъкид намуд, ки саҳми Шумо низ дар пешрафт, таълиму тарбияи насли наврас ва шукуфоии Ватани маҳбубамон назаррас мебошад ва ҳеҷ вақт хизматҳои Шуморо давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаромӯш намекунад.
Дар навбати худ собиқадорон изҳору сипосу миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид расонида, иброз намуданд, ки то вақте, ки ҷон доранд барои рушди тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Дар арафаи Соли Нави мелодӣ дар доираи сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи супориши раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба кормандони соҳаҳои коммуналии шаҳри Кӯлоб маводҳои хӯрокворӣ дастрас гардид.
Дар маросими тақдими кумакҳо раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иштирок намуда, изҳор доштанд, ки тамоми мардуми шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти Олии мамлакат махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди кишвар ғамхорӣ намуда, ҳамеша ин табақаҳоро дастгирӣ менамоянд.
Инчунин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳор доштанд, ки чунин кумакҳо дар оянда низ ба дигар оилаҳои эҳтиёҷманд расонида мешавад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ёдовар мешавем, ки санаи 13 декабри соли 2024 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар робита ба иҷрои банди 29-и Нақшаи чорабиниҳо дар бораи амалисозии “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570) дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Озмуни “Ҳунарманди сол”–ро ҷамъбаст намуд.
Дар озмун ғолибони Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” ва Озмуни ҷумҳуриявии “Ҳунар омӯз...” аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи 7 номинатсия: “Маҳсулоти бофандагӣ ва либос”, “Коркарди чӯб ва маснуоти чубӣ”, “Маҳсулоти минералии ғайриметаллӣ”, “Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ”, “Созҳои мусиқӣ”, “Санъати нафиса”, “Ҳунарҳои соҳаи кишоварзӣ” намунаи ҳунарҳои худро ба аъзои ҳакамон пешниҳод намуданд.
Мақсади баргузории озмун рушди фаъолияти ҳунармандӣ, ҳифз ва нигаҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандон мебошад.
Дар маросими ҷоизасупории озмуни мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, роҳбарияти вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ширкат намуда, аз рӯи номинатсияи “Маҳсулоти бофандагӣ ва либос” сазовори ҷойи 1-ум ва аз рӯи номинатсияи “Коркарди металл ва маснуоти тайёри филизӣ” сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.
Ин музаффариятро ба тамоми мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб муборак мегӯем.
Ғолибони озмуни “Ҳунарманди сол” бо ҷоиза, диплом ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб