Дар доираи сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гушаву канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.
Дар ин росто тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои давлатӣ имрӯз 20 октябри соли 2024 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб таҳти унвони "Саҳми ман дар тозагии шаҳри ман" ва "Аксияи тозагии соҳил" доир гардид, ки дар аксияҳои мазкур кормандони касбу кори гуногуни ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аксияи мазкур дар тоза намудани назди ташкилоту муассисаҳо, кучаву маҳаллаҳо ва тоза кардани партовҳову кашонидани онҳо ба ҷойҳои махсус дар сойи Тебалай доир гардида, партовҳо бо техникаҳои лозима кашонида шуданд.
Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони корхонаҳои марбут ба соҳаи коммуналӣ барои тозаву поккорӣ намудани кучаву маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ва назди ташкилоту муассисаҳо тоза карда шуда, барои зебо гардонидани шаҳр гулу буттаҳои ороишӣ шинонида мешавад.
Чунин иқдомҳои дастаҷамъона минбаъд низ аз ҷониби масъулин идома ёфта, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои дар пеш истода бо як шукуҳу шаҳомати хосса дар шаҳр таҷлил хоҳанд шуд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила суҳбату вохӯриҳоро бо сокинони маҳал баргузор намуда истодаанд.
Ин навбат вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода бо сокинони дехаи Тудакафши болои шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд. Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур раиси маҳалла, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва имомхатиби маҳалла иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ мавзуҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Расонидани нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Чораандешӣ ва вусъат додани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба ташаббусҳои байналмиллалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
3. Эълон гардидани Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”;
4. Пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароию террористӣ, мусоидат ва пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ дар байни ҷомеа;
5. Тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ватандӯстии шаҳрвандон” ва тарғиби хизмат дар сафи Артиши миллӣ;
6. Омодагӣ ба таҷлили сазовор аз ҷашнҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ;
7. Таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар озмунҳои ҷумҳуриявие, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд;
8. Мусоидат ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон дар НБО Роғун ва дигар ташкилоту муассисаҳо;
9. Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олию касбӣ ва сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ;
10. Тозаю озода нигоҳ доштани назди муассиса, деҳаву маҳалла ва дар заминаи он саҳмгузорӣ намудан дар корҳои созандагию бунёдкорӣ.
Тибқи масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис тасдиқгардида вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури рӯйимизӣ барои фаъолияти ҳар яки мо мебошад. Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта, самтҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва афзудани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Хурсандиовар аст, ки ташабусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, марҳила ба марҳила тадбиқ гардида истодаанд. Вобаста ба қонунҳои миллӣ-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” низ мухтасаран ибрози ақида карда шуданд.. Ҳамзамон шомил гардидани шаҳрвандони синни даъватиро ба хизмати Модар-Ватан қарзи имонии ҳар як ҷавон дониста, дар рӯҳияи далерию шуҷоат ва ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандонро аз ҳар як сокини деҳа талаб намуданд.
Дар идома, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашнҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ андешаронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ҷавонони мо бояд ифтихор аз гузаштаи худ дошта бошанд, аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ дар байни ҷомеа чораандешӣ намоем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии НБО “Роғун” буда, тибқи роҳхати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб шахсони бекор метавонанд, ки ба НБО Роғун сафарбар карда шаванд. Ба ин васила метавон, ки ҳам вазъияти молиявии оилаи худро ғанӣ гардонанд ва ҳам метавон дар бунёди иншооти азими аср НБО Роғун ҳиссагузор шаванд.
Таълиму тарбияи насли наврас аз баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобастагии зич дорад. Дар баробари омӯзгорон ҳамаи мо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифагузорем ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбияи насли наврас бетарафӣ накарда, саҳми арзандаи худро гузорем.
Ободии давлату сарзамин аз тозаю озода нигоҳ доштани маҳал ва хонаву дари ҳар яки мо оғоз мегардад. Ҳамаи моро лозим аст, ки дар фаъолияти кории худ дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти кори худ қарор дода, дар пешрафту шукуфоии яке аз гӯшаҳои Тоҷикистони азиз шаҳри Кӯлоби бостонӣ ҳиссагузор бошем. Фарзандонро дар рӯҳияи дӯст доштан ва ҳамеша омода будан ба хизмати Модар-Ватан тарбия намоем. Тамоми саъйю талоши худро баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона намоем.
Дар музокира раиси маҳалла, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, имомхатиби маҳалла ва якчанд сокинон баромад намуда, зикр намуданд, ки марҳила ба марҳила ҳамаи он дастуру супоришҳое, ки баррасӣ гардиданд, иҷро карда мешаванд.
Дар охир, доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардиданд, қарорҳои дахлдор бо назардошти фикру андешаҳо ва таклифу пешниҳодҳои сокинон қабул карда шуданд
Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
. Санаи 10 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар нӯҳ моҳи соли 2024 доир гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони раёсатҳо, корхонаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва тиббии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, раисони Кумитаҳои маҳаллии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Пеш аз оғози ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо қаноатмандӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон ва шароитҳои буду боши афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ ёдовар гардида, таъкид доштанд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ ва фазои сулҳу оромии кишвар мебошад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ватандӯст ҷиҳати анҷом додани хизмати модар ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ мешаванд. Ҳамин сиёсати ҷавонпарваронаву софдилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мебошад, ки имсол даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввал ба итмом расонида шуд, ки ба ҳама роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар замири ҷавонон меҳру муҳаббат ба ватанро ташвиқ намудан изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки мо ҳамеша дар татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардидани он омода мебошем.
Зимни баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо Саттор оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар давраи нуҳ моҳаи соли 2024 баромад намуд. Қайд гардид, ки сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб давоми нуҳ моҳи сипаригаштаи соли 2024 баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ, аз тамоми имконот истифода бурда, бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти кишвари азизамон вусъати тоза бахшида, дар нуҳ моҳи соли 2024 ба тақвияти корҳои созандагӣ ва фардои боз ҳам ободу осуда заминаҳои мусоиду устувор гузошта истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Конститутсияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумуҳрии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои роҳбари Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба роҳбарӣ гирифта, талош намуда истодааст, то ин ки фаъолияти худро дар тамоми самтҳои гуногуни хоҷагӣ беҳтар намояд.
Дар идома, муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо Саттор дар самти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла фаъолияти ширкати "Пахтаи Кӯлоб", ки дар доираи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шарикони рушд дар Ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор ва Зиракӣ дар майдони зиёда аз 1900 га пахтаи аълосифат кишт шудааст, баромад намуда, зимнан таъкид доштанд, ки чиниши пахта беҳтар буда, бо боварӣ гуфта метавонем, ки имсол нақшаи иҷроиши пахта бо пуррагӣ иҷро хоҳад шуд. Бо ин мақсад дар ҷамоатҳои деҳоти болозикр ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Инчунин, дар идома роҳбари хоҷагии деҳқонии "Ибодулло-21" Абдураҳмонов Ибодулло баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар доираи дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгириҳо дар самти кишоварзӣ изҳори сипос намуда, қайд намуданд, ки сол то сол сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида, ҳосилнокӣ аз заминҳои коррам бар зиёд иҷро гардидааст. Боиси қайд мебошад, ки хоҷагии мазкур аслан пахтакор буда, имсол дар 3 га замин пахта коридааст, ки имрӯзҳо ба ғундоштани он сафарбар гардида, ҳосилнокии хуб ба даст оварда истодааст.
Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласаи мазкур Рустамов Амриддин директори ҶДММ "Ориён-Рустам" ва Абдуллоев Раҳим мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб доир ба натиҷаҳои нуҳ моҳи фаъолияти корхонаҳои худ маълумот доданд. Аз ҷониби муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштан ба масъулин маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани кишти зироатҳои кишоварзӣ, таъмини пурраи чиниши пахта, баҳисобгирии дурусти саршумори чорво, зиёд намудани истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, таъмини босифати барқ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, назорати ҷиддӣ бурдан дар муассисаҳои таълимӣ, фаъолона иштирок намудани хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳо дар соҳаҳои мухталиф, шинонидани гулҳои мавсимӣ, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои вайроншавии оилаҳо, гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ, омода будани ташкилоту муассисаҳо дар давраи зимистонгузаронӣ ва чорабиниҳои профилактикӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Инчунин дар идомаи кори ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон аз пешрафт ва фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб баҳои баланд дода, пеш аз ҳама арзу сипосу миннатдори раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ дар рӯзи аввал иҷро намудани нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, зикр карда шуд, ки дар оянда мо метавонем боз ҳам ин чорабиниҳои муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд иҷро намоем. Инчунин изҳор доштанд, ки ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликият дар амалӣ ва татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф мебошанд.
Дар ин росто, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ки аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр дар ҷамоатҳои деҳоти Кӯлоб масъул мебошанд, вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша вохӯриҳо доир намуда, ҳарчи зудтар иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳоро амалӣ намоянд.
Дар охир, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, аз масъулин ҷиҳати иҷроиши нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оиди боз ҳам тақвият бахшидани вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ, тариқи усули хона ба хона бо иштироки шахсони обуруманд, вакилон, имомхатибон, омӯзгорон ва дигар шахсиятҳо фаъолияти худро ҷоннок намоянд, ҳамзамон дастур дода шуд, ки зимни вохӯриҳои мазкур дастуру супоришҳои роҳнамунсози Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ҳамзамон расонидани бандҳои дахлдори Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи Ватандӯстии ҷавонон”, дар бораи саривақт иҷро намудани нақшаи обуна 2025, инчунин дар бораи роҳ надодан ба фарҳанги бегона, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, инчунин тарбияи дурусти фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ даъват намуданд.
Ҳамзамон дар интиҳои ҷаласаи мазкур аз тамоми масъулон бори дигар даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамаи мо масъулин вазифадорем, ки корбариву коргузориро ҷиддӣ ба роҳ монда, дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаамон масъулиятшинос бошем, то ин ки ба нишондиҳандаҳои мусбат ноил гардем.
Дар фароварди ҷаласа ба як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои садоқатмандонаву содиқона заҳмат кашидан дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ва дар татбиқ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо гузоштаанд бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 7 октябри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, инчунин мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, муасиссахои таълимӣ, тандурустӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи шаҳру деҳоти Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб Асозода Манучеҳр оид ба саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 баромад намуда изҳор дошт, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби масъулини дахлдори соҳаҳои мухталифи ҷомеа корҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани давраи зимистонгузаронӣ бо истифода аз захираҳои мавҷуда рафта истодааст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб саривақт ситодҳои доимоамалкунанда бо иштироки масъулин ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори шаҳр гузаронида мешавад ва дар ин самт корбарӣ идома дорад. Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни баррасии масъалаи мазкур вобаста ба иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда масъулинро вазифадор намуд, ки тамоми ташкилоту муассисаҳо бояд барои гузаронидани давраи зимистонгузаронӣ пурра омода бошанд ва дар ин самт бояд ягон мушкилӣ эҷод нагардад, зеро тамоми захираву имкониятҳо барои захира намудани ангишт, ҳезум ва сузишворӣ мавҷуд аст, танҳо аз ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса ва масъулин масъулияти баланди корӣ мебояд, ки нишон дода шавад.
Ҳамзамон дар идомаи ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб, ҳисоботи сардори қисми 33-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Кӯлоб шунида шуда, иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби масъулини дахлдор оид ба иҷроиши бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар самти бехатарӣ аз сухтор дар ташкилоту муассисаҳо ва марказҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои дахлдор мунтазам рафта истодааст. Зимнан роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъкид доштанд, ки дар фасли зимистон аз лиҳози бехатарӣ дар аксарият марказҳои савдо беаҳамиятӣ дида мешавад. Вобаста ба масъалаи мазкур масъулинро вазифадор намуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла бозору марказҳои савдо ҷоннок намоянд то ин ки дар фасли зимистон ба мушкилот дучор нашавем.
Дар идома роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷроиши нақшаи пахта ва чиниши он аз ҷониби хоҷагиҳо ва ҶДММ "Пахтаи Кӯлоб" пурсон гардид.
Муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо баромад намуда таъкид доштанд, ки тибқи нақшаи дурнамо чиниши пахта дар аксарият хоҷагиҳо оғоз гардидааст ва дар ин самт корбарӣ рафта истодааст.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин иттилоъ доданд, ки тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бояд имсол хирмани пурборро ба даст орем ва ин аз масъулияти баланди кории ҳар яки мо, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Ҳамчунин масъулин дастур гирифтанд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед, саривақт супоридани он ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ чораҳои дахлдор андешида шавад.
Инчунин, дар бораи гирифтани ду - се ҳосил аз замин, ки ин бевосита дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, мо бояд ҳамаҷиҳата ба ин диққати аввалиндараҷа диҳем, ки як ваҷаб замин бекор намонад ва ҳамеша бо хоҷагидорон дар иртибот бошем.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр инчунин таъкид доштанд, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаву софдилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имсол мардуми сарбаланду муваффақи шаҳри Кӯлоб мисли дигар шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳи баланд иҷро намуд, ки ин аз кордонию ташаббускории ҳар як масъулини дахлдори ҷомеа дарак медиҳад. Зимнан ба ҳамаи он нафароне, ки саҳми босазои худро дар самти сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанд изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки мо бояд дар ҳама соҳаҳо пешсаф бошем ва саҳми худро дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр расонем.
Ҳамзамон роҳбарияти шаҳр изҳор доштанд, ки новобаста аз оне, ки нақшаи обуна - 2025 фоизи муайянеро ташкил медиҳад, ба масъулин дастур дода шуд, ки то санаи 10 октябри соли равон бояд нақшаи обуна ба пуррагӣ иҷро гардад.
Дар интиҳои ҷаласа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз ҳар як роҳбари ташкилоту муассисаҳо фаъолияти пурсамар, хизмати софдилона, иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастурҳои қатъӣ доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб