Санаи 26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
10 декабри соли 2024, бо иштироки аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқ муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлатзода Давлаталӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломзода Раҳмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, фаъолон, собиқадорони ҳизб ва аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб Конференсия таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори ҳизби созандаву бунёдкор" доир гардид.
Пеш аз оғози Конференсия меҳмон аз дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дидан намуданд. Сипас Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ ҳусни оғоз бахшид.
Дар оғоз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳозиринро аз номи узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона шодбош намуда изҳор дошт, ки бароямон лаҳзаи таърихӣ аст, ки дар Конференсияи имрӯзаи мо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шахсиятҳои хизматнишондодаи кишвар, нафароне, ки аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар паҳлуи Пешвои муаззами миллат кору фаъолият намудаанд, устод Давлаталӣ Давлатзода — собиқ муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳоло муовини раиси Шурои собиқадорони ҳизб ва устод Шарифҷон Ҳакимзода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб иштирок доранд. Бори дигар хуш омадед меҳмонони арҷманд. Ҳамзамон, намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саломзода Раҳмиддинро, ки ба мову Шумо салому табрикоти Роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб узви Раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ муҳтарам Азим Иброҳимро овардаанд, хайрамақдам мегӯям. Дар ин замина, ба ҳамаи меҳмонон ва Шумо иштирокчиёни Конференсия ҷашни фархундаи 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро табрику муборакбод гуфта, дар кору амали ҳизбиву ҷамъиятӣ ва зиндагии ҳаррӯзаатон пешравиву комёбиҳоро таманно менамоям. Имрӯз чун аз 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта истодаем, пеш аз ҳама, шукрона мекунем, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои истиқлолияти комил ва ваҳдату субот зиндагӣ ва кору фаъолият дорем.
Дар воқеъ, танҳо дар чунин шароити созгор, ки амалан натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзову ҷонибдорони ҳизб маҳсуб меёбад, ба мо имкон фароҳам овардааст, ки ҳадафҳои наҷиби худро дар амал татбиқ намуда, дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳми муносиб ryзоpeм. Агар ба гузаштаи начандон дури таъсисёбии ҳизб назар кунем, воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба саҳнаи сиёсат ворид шуд, ки дар кишвар нобасомониҳо ҷараён дошт ва Ватани азизамонро хатари аз байн рафтан таҳдид мекард. Ин буд, ки аввали солҳои навадуми асри гузашта, сарфи назар аз мавҷудияти ҳизбҳои мухталиф, ҷомеа ба як нерӯ ё ташкилоти сиёсии наве ниёз дошт, ки мардуми саросари ҷумҳуриро зери як андеша ва як идеяи созанда муттаҳид гардонад ва ба ояндаи дурахшон раҳнамоӣ созад. Ба ин хотир, дар заминаи талаботи сохтори демократии ҷумҳурӣ, аз ҷумла зуҳуроти бисёрҳизбӣ дар кишвар ба ташкили ҳизби нави сиёсӣ иқдом карда шуд. Ин буд, ки таҳти ҳидоятҳои хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, 10 декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Тоҷикистон таъсис ёфт ва 18 апрели соли 1998 номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тағйир дода шуда, Раиси ҳизб, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд. Сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб чун дигар сокинони кишвар, ки ҳамагӣ пайравони содиқи Пешвои муаззами миллат ҳастанд, аз соли 1998 ба Кумитаи иҷроияи навтаъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо аризаҳои худ барои узвият муроҷиат карданро оғоз намуданд. Ин буд, ки шумораи кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ низ аз 2 нафари соли 1998, имрӯз ба 15 нафар расидааст. Дар ибтидо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар утоқҳои иҷора кору фаъолият менамуданд, вале соли 2019 Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои дуошёнаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро ифтитоҳ намуда, якҷо бо автомобили хизматӣ ба мо ҳизбиён тӯҳфа намуданд. Натиҷаи чунин дастгириҳои пайдарпай буд, ки дар марҳилаҳои ибтидоӣ дар шаҳри Кӯлоб 500-600 нафар аъзои ҳизб дар 10-15 ташкилоти ибтидоӣ ба қайд гирифта шуда бошанд, ҳоло дар 254 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ 13604 нафар аъзои ҳизб муттаҳид гардидаанд, ки қувваи ниҳоят бузурги сиёсиро ташкил медиҳанд. Дар ин росто, хизматҳои шоёни раисони собиқи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Исмон Хушвахтов, Бобоҷон Муродов, Абдуҷаббор Зардиев, Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, Хурсанд Аъзамов, Зулайхо Ҳақназарова, Саъбагул Валиева ва дигар масъулину фаъолон мояи ибрат ва таҳсину ифтихор ҳастанд. Воқеан, аз ҳар ҷиҳат мо дар ин муддати на чандон зиёд, марҳилаеро тай намудем, ки ба чандин даҳсолаҳо баробар аст ва дар ин пешрафту комёбиҳо саҳми фаъолон ва ҷонибдорони ин ниҳоди бузурги идеологӣ назаррас мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нисбат ба дигар аҳзоби сиёсӣ, бонуфуз ва пешқадам буда, ҳамеша дар канори халқ аст. Дар амалӣ шудани ҳадаф ва мақсадҳои дар пешгузоштааш сайъе намуда, зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз ҳамарӯза ҳиссаи арзанда мегузорад.
Бояд эътироф намуд, ки ташаккули мафкураи давлатӣ аз чигунагии идеологияи ҳизби роҳбарикунандаи он вобастагии амиқ дорад. Имрӯз дар баробари Ҳукумати мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти ташаккули маънавиёти ҷомеа бар зиммаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гузошта шудааст ва ин дуруст ҳам ҳаст. Аз баскӣ имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами худ масъулияти бузурги давлатсозию миллатсозиро бар душ гирифтааст, моро лозим аст, ки нисбати фаъолияти ҳизбии худ бештар масъулиятшинос бошем. Дар ниҳоят, бори дигар ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амри иҷрои корҳои пурмасъулияти ҳизбиву давлатӣ , пешрафту комёбӣ ва саломатию хонаободӣ орзу менамоям. 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз! Ташаккур барои таваҷҷуҳ!
Дар идома, дигар баромадкунандагон роҷеъ ба таъсисёбии ҳизби созандаву бунёдкор, ки мақсаду ҳадафаш созандагиву бунёдкорӣ мебошад, баромад намуда, аз иҷро гардидани ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар зарфи 30 - сол рисолати худро ҳамчун пешоҳангони ҷомеа иҷро кардааст гуфта гузаштанд. Зимнан таъкид доштанд, ки воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз умқи дили мардум гирифташуда воқеан мардумӣ мебошад. Таъкид намуданд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб пеш аз ҳама ватандӯст, ифтихори ватандорӣ ва содиқонаву софдилона хизмат карданро дар назди худ ҳамчун рисолати ҷавонмардӣ қабул намояд.
Ҳамзамон дар вазъияти тантанавӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи ҷомеа раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин меҳмонон ва як қатор фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як қатор ҷавонони фаъол, ки ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ворид гардиданд, бо билетҳои ҳизбӣ таъмин шуданд.
Аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Санаи 24.11.2024 ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши мутантан ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, масъулину кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, кормандони ВАО-и кишвар, собиқадорону фаъолони соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин дигар сокинони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд.
Пеш аз роҳпаймоии идона ҳайати меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ ба хотири гиромидошт ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Парчами давлатӣ, ки дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.
Дар ин чорабинии фараҳбахш ва идона ҳазорон нафар шаҳрвандони синну соли гуногун бо шиору овезаҳо ва рӯҳияи болидаи идона, бо дарки рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ аз майдони марказӣ то Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб роҳпаймоӣ намуданд.
Пас аз роҳпаймоии идона дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид.
Дар оғози чорабинии тантанавӣ
раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр иштирокдорон ва сокинони шаҳро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид табрик гуфта, изҳор намуданд, ки
боз як хизмати бузурги Иҷлосияи таърихию такдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он Парчами миллии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар иртибот ба ин масъалаи муҳим, дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд, ки «Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба сӯйи ҳадафҳои умумӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид». Боз ҳам тибқи таъкиди Сардори давлат «Бо мақсади гиромӣ доштани ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр — Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид». Инак, соли 15-ум аст, ки мо ин санаи муҳимро таҷлил карда истодаем. Таъкид намуданд, ки кишварҳои муосири рӯйи замин дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллианд. Дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр гардидааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Яъне парчам яке аз рукнҳои давлатдории ҳар як мамлакат мушаххас маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат низ ишора кардаанд, ки «дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ мебошад». Мебояд таъкид намуд, ки ҳарчанд мо ҳамагӣ 32 сол муқаддам, Парчами давлати соҳибистиклолро қабул карда бошем ҳам, вале мардуми тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёд, яке аз қадимтарин парчамдорони олам аст. Маълум аст, ки парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Аммо дар китоби муқаддаси Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва диравши душманони он маълумот дода шудааст. Парчаму диравш вожаҳои қадимаи тоҷикӣ мебошанд. Яъне, ин далел гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ҷиҳати пайдоиши Парчам ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатдорӣ ҳам барои инсонияту кишварҳои олам ҳиссаи арзанда дорад. Парчами давлатии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик аст, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд. Агар забон, қалби миллат бошад, Парчам сари баланди халқ аст. Чунки дар ҳарҷое Парчам афрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд аланга мезанад. Боиси қаноатмандиву ифтихори ҳар яки тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз дар қатори Парчами дигар кишварҳои олам, дар назди иморати Созмони Милали Муттаҳид, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибифтихор низ парафшонӣ дорад. Бо назардошти гуфтаҳои боло, зарур медонам таъкид намоям, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини мамлакат муқаддас аст. Ҷаноби Олӣ ҳам таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо орем». Бигузор Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи ифтихору човидонии миллат, саодатмандии халқ ва кишвари соҳибистиқлоламон то абад парафшон бошад.
Чист парчам? Ифтихори миллат аст, Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Дар идома ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек доир ба арзиш ва гиромидошти Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатии мо, ки бо тобиши рангҳои сурх ҳамчун рамзи озодиву истиқлол, сафед — сулҳу оромӣ, сабз — ободию хуррамӣ ва тоҷи соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон инъикоси тамаддуни оламгир, фарҳанги деринбунёди давлатдорӣ, масири пуршарафи ватанхоҳӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони ҷонфидои миллат, шоҳкориҳои илму фан ва шаҳрсозию тинати ободкорию созандагии мардуми мо мебошад, таҳти сиёсати хирадбунёду сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ моро ба дастовардҳои нодири сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ташвиқ намуд.
Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, рангҳои сурху сафеду сабзи Парчами давлатӣ рангҳои ишқу умеду шукуфоиянд, рангҳои нишоту некию ҳимматанд, он рангҳои дурахшони зиндагиянд, ки аз онҳо мешавад ҳама рангҳои дигарро бунёд ниҳод. Парчами мо нишонаи муҳаббати мо ба башар, ба инсоният аст, ишора ва даъватест ба осоиштагӣ ва амонии тамоми сайёра. Парчами мо нишони руҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мост, ки аз асрҳо, обу оташи маргбори замонаҳо, овардҳои хунини замонаҳо гузаштаю пойдор мондааст:
Эй, танида аз матои сад ҳазорон ҷисму ҷон!
Эй, фурӯғи ашку хуну ҳикмати озодагон!
Бо ҳазоронсола таърих аз пасат саф мекашем!
Мо туро чун ганҷи ҷони хеш дар каф мекашем!
Дар ҳамовозӣ бо ин таровишҳои қалби пуртуғёни шоири ватансаро таманнои онро мекунем, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамчун рамзи бақои миллат, якпорчагии давлат, ваҳдату ҳамдилӣ, нангу номуси ватандорӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани аҷдодӣ то абад партавафшон ва роҳнамои наслҳои миллати сарафрозу соҳибтамаддун ба сӯйи қуллаҳои мақсуд бошад, таъкид дошт ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар идомаи суханронии хеш.
Ҳамзамон дар идомаи чорабинӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Қисмати дигари чорабинӣ бо барномаи ҳунарӣ ва фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони Қасри фарҳанг ва сарояндагони машҳури ҷумҳурӣ аз қабили Зиёвиддини Нурзод, Сурӯш Холов, Нигора Холова ва дастаи ҳаҷвнигорони “Ғарибшо компания”, ки саршор аз суруду таронаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, дӯстӣ, бузургии сарзамини аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзи давлатдориву ойини худшиносӣ-Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, садо доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҳамдиёрони азиз,
Боз як хизмати бузурги Иҷлосияи таърихию такдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он Парчами миллии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар иртибот ба ин масъалаи муҳим, дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд, ки «Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин ба сӯйи ҳадафҳои умумӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид». Боз ҳам тибқи таъкиди Сардори давлат «Бо мақсади гиромӣ доштани ин рамзи муқаддаси миллӣ 20-уми ноябри соли 2009 бо фармони Президенти мамлакат 24 ноябр — Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардид». Инак, соли 15-ум аст, ки мо ин санаи муҳимро таҷлил карда истодаем. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо ва тамоми мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ ва халқи Тоҷикистони азизро самимона табрику муборакбод мегӯям. Кишварҳои муосири рӯйи замин дорои Парчам, Нишон ва Суруди миллианд. Дар моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр гардидааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Яъне парчам яке аз рукнҳои давлатдории ҳар як мамлакат мушаххас маҳсуб меёбад. Пешвои муаззами миллат низ ишора кардаанд, ки «дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ мебошад». Мебояд таъкид намуд, ки ҳарчанд мо ҳамагӣ 32 сол муқаддам, Парчами давлати соҳибистиклолро қабул карда бошем ҳам, вале мардуми тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёд, яке аз қадимтарин парчамдорони олам аст. Маълум аст, ки парчамҳо таърихи беш аз 3000 сола доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Аммо дар китоби муқаддаси Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва диравши душманони он маълумот дода шудааст. Парчаму диравш вожаҳои қадимаи тоҷикӣ мебошанд. Яъне, ин далел гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ҷиҳати пайдоиши Парчам ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлатдорӣ ҳам барои инсонияту кишварҳои олам ҳиссаи арзанда дорад. Парчами давлатии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик аст, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд. Агар забон, қалби миллат бошад, Парчам сари баланди халқ аст. Чунки дар ҳарҷое Парчам афрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд аланга мезанад. Боиси қаноатмандиву ифтихори ҳар яки тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз дар қатори Парчами дигар кишварҳои олам, дар назди иморати Созмони Милали Муттаҳид, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибифтихор низ парафшонӣ дорад. Бо назардошти гуфтаҳои боло, зарур медонам таъкид намоям, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини мамлакат муқаддас аст. Ҷаноби Олӣ ҳам таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо орем». Бигузор Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи ифтихору човидонии миллат, саодатмандии халқ ва кишвари соҳибистиқлоламон то абад парафшон бошад.
Чист парчам? Ифтихори миллат аст, Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Парчамат парафшон бод Тоҷикистони азиз! Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон муборак ҳамдиёрони азиз.