ТАБРИКОТИ

РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ НАЗАРЗОДА БАХТИЁР ХУДОЁР БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ РӮЗИ МОДАР

 

Муҳтарам Модарон, апаҳо, хоҳарон ва бонувони азиз!

Санаи 8 март дар саросари кишвар рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тамоми занони Кӯлобшаҳри бостониву Тоҷикистони азизро аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама тани сиҳат, хонаи обод, саодати рӯзгор ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ ташаббускори дар ҷумҳурӣ эълон намудани Рӯзи Модар ҳастанд, дар яке паёмҳои шодбошии худ ба муносибати ин рӯзи саид зикр намуданд, ки «…модар мавҷудияти муқаддастарин ва азизтарину бебаҳотарин барои инсон ва арзандаи ҳама гуна парастиш, дустдорӣ ва ғамхорӣ мебошад.

Тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд».

Бо такя ба ин суханони пур аз панду ҳикматҳои Пешвои муаззами миллат бояд қайд намуд, ки дар ҳақиқат модар барои ҳар як шахс мавҷудияти ниҳоят азизу гиромӣ ва муқаддасоти беамсол аст. Инсонест, ки барои фарзанди худ шабонарӯзӣ заҳмат мекашад, тамоми умру ҳастии худро ба ӯ мебахшад ва вақти барояш дар ин дунё ҷудошударо бо ғаму шодиҳои зодаи худ, сипарӣ мекунад. Аз ин рӯ фарзанд барои гиромидошти модар чӣ қадаре меҳнат накунад, имкон надорад заҳматҳои ӯро подош намояд. Бинобарин Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «ҳар қадаре бузургон модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки мо хизмати модарро ба ҷо наорем, ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати ҳатто барои як фарзанд кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем».

Бузургони ҷаҳон аз қадим то ба ин дам модарро ситоиш карданд ва боварӣ ҳаст, ки дар васфи ин гавҳари ноёб, бузургтарин ганҷинаи руи замин боз садҳову ҳазорон шеъру достон эҷод хоҳад шуд. Аз ҷумла шоире сурудааст:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Мебояд тазаккур дод, ки хушбахтона, ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати Тоҷикистон, дар кишвари мо ҳуқуқи марду зан баробар буда, зани тоҷик имрӯз на танҳо чароғи хонадон аст, балки дар баробари қисмати боқувати инсоният, яъне мардҳо дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт меҳнат мекунад ва дар пешбурди ҷомеа саҳми арзандаи худро, мегузорад. Масалан, дар даъвати нави интихобот ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои деҳот санаи 2 марти соли 2025 занони Кӯлобшаҳри бостонӣ ҳам ба сифати интихобшаванда ва ҳам ба сифати интихобкунанда фаъолона иштирок намуданд, ки мояи ифтихор аст.

Аз 82 адад шумораи умумии мансабҳои хизмати давлатӣ, 27 ададашро дар шаҳру деҳот занҳо ишғол кардаанд. Дар соҳаи маориф 4010 нафар, тандурустӣ 2338 нафар, фарҳанг 266 нафар, бонкдорӣ 490 нафар зан кору фаъолият карда истодаанд. 2465 зан ба соҳибкорӣ машғул буда, аз ин ҳисоб 547 нафарашон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Хулоса, ягон ҷабҳаи зиндагиро бе зан тасаввур кардан имкон надорад.

Дар охир, бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати бузургтарин ид, Рӯзи Модар шодбош гуфта, суханони худро мехоҳам бо ду мисра шеъри шоир, ки хусусияти маърифативу тарбиявӣ дорад, ҳусни анҷом бахшам:

Гар нишастӣ назди модар, дарду ғам камтар шавад,

Гар бидонӣ қадри модар, хок гирӣ зар шавад.

Рӯзи Модар муборак!

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP