ОМОДАГИИ ТЕХНИКА КИШОВАРЗӢ БА МАВСИМИ КИШТИ БАҲОРӢ ДАР КӮЛОБ
Ба хотири муайян кардани омодагии техникаи кишоварзӣ ба мавсими кишту кори баҳорӣ роҳбарияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул аз ҳолати техникии мошинолоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб дидан карданд.
Дар чорабинии мазкур нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда, вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва пайванди илм ба истеҳсолот, ҳамчунин супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ин самт суханронӣ намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Кӯлоб 995 адад техника ва техникаолоти кишоварзӣ мавриди истифода қарор доранд, ки қисмати муайяни онҳо дар чорабинии мазкур намоиш дода шуданд.
Аз тарафи масъулин итминон дода шуд, ки нақшаи кишти баҳории зироатҳо пурра ва саривақт иҷро гардида, барои аввалин бор дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб таҷрибаи кишти пахта бо усули зери плёнка гузаронида мешавад.