Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр собиқадорони матбуот, рӯзноманигорони шаҳру минтақаи Кӯлоб, инчунин муовинони раиси шаҳри Кӯлоб ва бархе аз мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроия ширкат варзиданд.
Зимни баромад Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб изҳор дошт, ки рӯзи 11 март ба шарофати нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф», дар кишвари мо рӯзи матбуот эълон гардидааст ва иди касбии рӯзноманигорон мебошад. Ба ин муносибат ҳозиринро табрику таҳният гуфта, тансиҳатӣ, хонаободӣ, бахту иқболи наку ва дар фаъолияти ояндаи касбиашон мувафаққиятҳои эҷодӣ таммано намуданд.
Ҳамзамон, Назарзода Бахтиёр Худоёр дар идомаи суханронии худ қайд карданд, ки мо имрӯз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тамоми масъулияти худро ба он равона менамоем, ки ҳарчи хубтару беҳтар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии меҳанро ба ҷаҳониён нишон дода тавонем ва ин масъулияти ватандӯстона имрӯзҳо аз ҷониби рӯзноманигорони соҳибқалам ба хубӣ эҳсос мегардад.
Сипас собиқадорони соҳаи матбуот шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғойиб, ноиби ректори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Худойдодзода Шарофат, директори Телевизиони Кӯлоб Тоҷов Амрохон ва дигарон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонони навқалам ва барои таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар самти дастгирӣ ва роҳандозӣ намудани чунин иқдомҳо ва баргузор намудани озмунҳо миёни рӯзноманигорон изҳори сипос намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш маросими тақдими Ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни “Беҳтарин муаррифгари дастовардҳои шаҳри Кӯлоб” аз рӯйи чаҳор номинатсия бо Диплом ва мукофотҳои пулӣ сурат гирифт.
Инчунин, ба як қатор фаъолон Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.