19 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
DSC 1238
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба таъмини иҷрои супоришҳои қаблӣ, оид ба рафти қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 17 декабри соли 2021, №929 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 29 сентябри соли 2021, №314 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, оид ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба омодагии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ва деҳот, рафти корҳои иншоотҳои бунёдшаванда ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Файзулло Абдуллоев оид ба супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда ҳисобот дод.
Ҳамзамон тибқи тартиби рӯзномаи ҷаласа сармутахассис ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Амирҷон Гулмадов баромад намуда, қайд намуд, ки бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бурдан бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардидааст. Вобаста ба ин бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 17 декабри соли 2021, №929 Барномаи дохилиидоравии (соҳавии) зиддикоррупсионии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) тасдиқ карда шудааст.
Дар идомаи кори ҷаласа муовини раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён вобаста ба рафти корҳои омодагии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Аҳмадзода Қурбон оид рафти корҳои омодагӣ дар иншоотҳои ба истифодадодашаванда ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.
Роҳбарияти шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни баррасии масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва комиссариати ҳарбӣ оид ба ҷалби ҷавонписарони синни даъватӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидайни ҷавонон ҷиҳати сафарбарнамоии ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар назди ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, таъмини оби нӯшокӣ, насб намудани шиору овезаҳо вобаста ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP