Санаи 17 октябри соли равон   ҳайати иштирокчиёни конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Логистика ва бартариҳои он дар рушди иртибототи нақлиётӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа»  аз ҷумҳуриҳои Эрон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Хитой ва Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовинонони раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифтанд.

               Сипасдар ҳудуди истигоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  бо ҳайати иштирокчиёни конфронс  баргузор гардид.

Зимни баргузории мулоқот  лоиҳаи озмоишии ҳамлу нақли мултимодалии бор тавассути долони "Хитой-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия"  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар идома ҳайати меҳмонон аз бинои маъмурии  ба расмиятдарории нуктаи ҳамлу нақли борҳоро ки дар шаҳри Кӯлоб ба таври муосир бунёд гардидаву дар  он намояндагони мақомоти назоратӣ аз ҷумла хадамоти гумрук , КВД роҳи оҳани Тоҷикистон,  суғурта ва дигар сохторҳои марбута  фаъолият менамоянд, ки Махз барасмиятдарории борхати электронӣ  дар ҳамин нуқта   сурат мегирад  боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки мавкегирии  маркази ҳамлу нақл   дар майдони 7 гектар дар шахри Кӯлоб бунёд шудааст.

              Бояд гуфт ки Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди  муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар нақши муассир дорад.

Дар охир ҳайати меҳмонон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ Оромгоҳи мутафаккири бузург Мир Сайи Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Бо ҳамин ташрифи меҳмонон ба шаҳри Кӯлоб ба охир расид.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP