Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба санаи 15-феврал Рӯзи гиромидошти хотираи ҷанговарони башардӯст ҷамъомад баргузор гардид.
Ҷамъомади мазкур дар қисми низомии 13483д-и шаҳри Кӯлоб оғоз гардида, иштирокчиён бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи ҳомиёни Ватан назди Лавҳаи ёдгории шаҳидони Ватан гулчанбар гузошта, лаҳзае хотираи шаҳидони Ватанро пос доштанд.
Сипас, чорабинӣ дар толори дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, Раҳмон Дилшод Сафарбек- ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Бахтиёр Раҳимов-раиси Шӯрои ҷанговарони башардӯсти шаҳру минтақаи Кӯлоб, Исмоилзода Саймурод-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар минтақаи Кӯлоб, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар собиқадорону фаъолони шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Зимни баргузориии чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу суханронӣ намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни ҷанговаронро ба инобат гирифта, дар сатҳи расмӣ имтиёзҳои ҷанговарони башардӯстро муқаррар намудаанд ва ҳамеша қишри соҳибэҳтироми ҷомеа муаррифӣ мешаванд.
Дар идома дигар иштирокчиён низ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад карда, атрофи роҳҳои тайнамудаи баромадани ҷанговарони тоҷики қушунҳои Шуравӣ аз хоки Афғонистонро ёдоварӣ намуданд.
Дар ин рӯз дар вазъияти тантанавӣ як идда собиқадорон барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи марзу буми Ватан ва ҳамчунин шахсият тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва далериву ҷасорат бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳунарии ҳунармандони ансабли “Фалак” ва бахши фарҳанги Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба аҳли нишаст суруду шеърҳои дилнишин, ки мавзӯи ватандӯстиро дар бар мегирифт бо маҳорати баланд пешниҳод намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP