Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар кадоми Шумо ва дар симои Шумо аҳли оила ва хешону пайвандонатонро ба фарорасии иди сайиди Қурбон табрику муборакбод менамояд.
Имрӯз ҳар кадоми мо дар чунин як фазои бе сару сомони ҷомеаи ҷаҳонӣ ба даргоҳи Худо шукрона аз он мекунем, ки таҳти сиёсати сулҳҷӯёна ва ваҳдатпар-варонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити тинҷиву оромӣ ва амнияту суботи комил зиндагӣ карда истодаем. Маҳз аз баракати ин сиёсати созанда ва ваҳдати миллӣ барои мусалмонони кишвар як қатор шароитҳои беҳтар барои тоату ибодат ва анҷоми дигар маросими динӣ фароҳам оварда шудаанд. Тавре ҳамагон шоҳид будем, санаи 8-уми июни соли равон Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ифтитоҳ гардид. Ин рӯйдоди муҳим бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки танҳо бо роҳи таъмини суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ метавон дар ҳама самту соҳаҳо комёб шуд ва ба мардум шароит ҷиҳати зиндагии боз ҳам беҳтар фароҳам овард.
Чун дирӯз мо аз 26-солагии Ваҳдати миллӣ истиқбол гирифтем, месазад хотирнишон созем, ки риояи расму оинҳои динӣ низ бояд ба рушди маърифати баланди инсонӣ, эҳтироми якдигар, некиву накӯкорӣ, ободиву созандагиҳои дастаҷамъона ва дар маҷмуъ ба Ваҳдати миллӣ равона карда шаванд. Зеро гиромӣ доштану қадр кардани Ваҳдати миллӣ, ки ҳаёти осудаи мо аз он сарчашма мегирад, бароямон вазифаи муқаддас аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Иди саиди Қурбон дорои фазилатҳои зиёдест, ки хайру сахо, дастгирии ниёзмандон, шод кардани дили ятимон, аёдати беморон ва зиёрати волидон аз зумраи онҳо мебошад. Дар ин рӯзе, ки ба хотири хурсандӣ ид карда мешавад, набояд ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ дод. Бо риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фаҳмишҳои олии фитрии ҳар як шахси мусалмон дастархони идонаи мо аслан дастархони маънавӣ бояд бошад. Яъне мақсад аз ба хонаи ҳамдигар меҳмон шудан дар рӯзҳои ид асосан ёди гузаштагон ва мустаҳкам намудани риштаи хешиву пайвандӣ ва дӯстиву рафоқат бо аҳли ҳамон хонадон мебошад, ки моро мебояд бештар сари ин ҳикмати зиндагӣ андеша кунем.
Бо назардошти ин гуфтаҳо, дар охир таманнои онро менамоем, ки дар кишварамон ваҳдату субот пойдор бошад, раҳмату баракат дар ин сарзамин фаровон шавад ва ба мардуми ин диёр зиндагонии орому саодатмандона насиб гардад.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP