30 июни соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, намояндагони васоити ахбори омма ва ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Иҷлосия мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб даъват карда шуда, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр сурат гирифт.
Пас аз интихоботи котибот, ҳайати таҳрирӣ ва тартиби кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки дар он масъалаҳо “Оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 26 феврали соли 2021, №162 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 феврали соли 2021, №22 “Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2021, №704 “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Кӯлоб”, Ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №15 Неъматзода Рустам оид ба фаъолияти вакилӣ, инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Кӯлоб ворид гардид.
Дар оғози кори иҷлосия раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш, сиёсати ҷавонон, зан ва оила” Асозода Ҳотамшо “Оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 26 феврали соли 2021, №162 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 феврали соли 2021, №22 “Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2021, №704 “Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Кӯлоб баромад намуда, баъдан вакилон масъалаи мазкуро баррасӣ намуданд.
Дар идомаи муҳокимаронии масъалаи мазкур ҳисобот оид ба вазъи имрӯзаи соҳаи тандурустӣ аз ҷониби вакилон, аз ҷумла вакил аз ҳавзаи интихоботии №4 Даминзода Арафамо, вакил аз ҳавзаи интихоботии №32 Абдураҳмонов Бобохон шунида шуд.
Дар робита ба масъалаи мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр масъулинро баҳри беҳтар намудани вазъи соҳаи тандурустӣ ва ба кор ҷалб намудани ҷавонон дар ин соҳа, шароит фароҳам овардани фаъолияти кори тиббӣ, вохӯрӣ бо соҳибкорон ҷиҳати бунёди биноҳои тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи вакилӣ аз ҷониби вакил аз ҳавазаи интихоботии №15 Неъматзода Рустам пешниҳод гардид.
Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Кӯлобро дар робита бо масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.
Аз рӯи ҳамин масъалаи муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ бо натиҷагирӣ аз масъалаҳои иҷлосия суханронӣ намуда, шаҳодатномаи вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро ба Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар назди ҳозирин тақдим намуд.
Ҳамчунин раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда изҳор доштанд, ки ҳар яки моро мебояд дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намоем ва дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем.
Инчунин, зимни баромад масъулинро ҷиҳати таъмини пардохти музди маоши кормандон, пардохти бақияпулиҳои андоз, дуруст ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, тозагии гирду атрофи шаҳр, биноҳои истиқоматӣ ва ҷӯйборҳо, хурраму сабзгардонӣ инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати шашум кори худро анҷом дод.
Бахши матбуотии МИҲД- шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP