«Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ бесоҳиб намегузорам».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Боиси зикр аст, ки ҳамасола 8-уми июл дар саросари кишварамон Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад, ки далели эътибори Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳоест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд, рӯҳафтода нестанд ва ҳамеша сарбаланданд.
Бахшида ба ин рӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Мир Сайи Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо ва дигар фаъолон чорабинии бошукуҳ баргузор карда шуд.
Нахуст, иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои маҳсули дастии шахсони имконияташон маҳдуд боздид намуда, ба ҳунари волои ин табақа баҳои баланд доданд.
Сипас, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ин табақаи эҳтиёҷманди чомеаро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ба муносибати ҷашнашон табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ нисбат ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Инчунин, таваҷҷӯҳи доимӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба маъюбон, ҷорӣ кардани имтиёз ва аёдати ин қабил ашхос дар рӯзҳои иду айём, аз тадбирҳое маҳсуб меёбанд, ки барои дастгирии моддию маънавӣ равона карда шудааст. Дар идома дигар иштирокчиён низ баромад намуда, ба шахсони имконияташон маҳдуд ва боиродаву сарбаланд умри бардавом, сарсабзию сарфарозӣ ва дастархони шодро таманно намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ тарбия намудани онҳо бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, ба кӯдакони имконияташон маҳдуд туҳфаҳои хотиравиии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Дар охир барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ аз тарафи санъаткорони шинохтаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва маъюбони боистеъдод пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP