Файзи Ашӯр аз ҷумлаи шоирони хушзавқ ва пурталош аст, ки кӯшиш мекунад суханаш бикр, нигоҳаш нав ва ҳарфаш барҷой бошад. Ин хусусиятро дар маҷмуаҳои шеърии ба нашррасидаи ӯ баръало эҳсос мекунем. Ӯ дар ҳар як маҷмуа, ки ба нашр мерасонад дигаргунӣ ва таҳаввулӣ эҷодӣ дорад ва давра ба давра, маҷмуа ба маҷмуа рушд мекунад. Маҳсули эҷодаш боиси ба дасти хонанда расидани маҷмуаҳои шеърии “Карашмаи субҳ”, “Касби падар”, “Хоки роҳ”, “Ғамномаи нотамом”, “Дунёи саҳна”, “Ғизои андеша”, “Рози оина” ва “Аз пайроҳа то роҳ” гардидааст, ки ҳамагӣ аз ҷониби хонандагон истиқболи гарм ёфтанд. “Оре, манам дарахт”, маҷмуаи навбатии ашъори Файзи Ашӯр аст, ки соли 2021 дар нашриёти “Адиб” ба табъ расидаасту дар он шеъру ғазал ва манзумаҳову нигоштаҳои дар солҳои гуногун эҷод намудаи ӯ ҷой дода шудаанд.
Баррасии шеърҳои маҷмуаи мазкур нишон медиҳад, ки вусъати андеша ва ҷаҳони тасовиру хаёлоти Файзи Ашӯр бою рангин буда, ҳар ҳарфу ҳиҷо ва мисраву байти ӯ реша дар фалсалафаи амиқи зиндагӣ дорад. Диду нигоҳи тозаи шоир сатҳӣ набуда, масоили муҳимми иҷтимоӣ ва ҳалли уқдаҳои сарбастаи ҳаёти ҷомеаро дар бар мегиранд. Доираи мавзуоти ашъори Файзи Ашӯр мутанаввеъ ва гуногунпаҳлу буда, муҳимтарини онҳо Ватан, модар, зиндагӣ, дӯстӣ, бародарӣ, ахлоқ, ишқу ҷавонӣ ва арзиши қаламу қоғазу илму ҳунар мебошанд.
Садоқату вафодорӣ ва эҳтироми шоир ба неруи қалам, бузургии қалам ва илҳому ҳунари эҷод ниҳоят маҳкам аст, маҳзи хотири ин шоир маҷмуаро бо шеъри “Савти қалам” оғоз мебахшад:
Қалам дубора ба дафтар салом мегӯяд,
Пас аз салом муборак калом мегӯяд.
Оре, қалам, ба андешаи шоир, дар дасти инсони хирадманду масъулиятшинос мубораку мунаввар аст ва ӯ бо қалам зиндагӣ карданро ба хонанда талқин менамояд, зеро қалам унсурҳои ибратпазирии зиёд дорад ва ҳамеша аз ростӣ ва покиву садоқат паём медиҳад ва бо вуҷуди сахтиҳои рӯзгораш, паёмбарвор панд медиҳад на аз интиқом мегӯяд. Дар ин шеъри шоир қалам ниҳоят зебо, бомантиқ ва шоирона ба тасвир кашида шудааст, махсусан вақте мегӯяд:
Ба ҳаққи қатраи хуни сиёҳи хома, ки Файз,
Сараш буранд агар, аз низом мегӯяд!
Дар эҷодиёти Файзи Ашӯр таъбиру ибораҳои шоирона чун: “муғпари гулофар”, “остинбарзадагон”, “кампири фандхӯрда”, “гардипотакӣ”, “дуои бадгирифта”, “соқии муҳтарами ғамбезор”, “хӯшачинии аҷал”, “деҳқонтабиатӣ”, “виҷдонхаридорӣ” ва хеле зиёди дигар, тасвирҳои ноби дилкаш, таркибсозиҳои зебову шево, истифодаи мазомини дилчасп ва дидгоҳи хоси шоирона ба зиндагӣ, ашё ва табиат хеле зиёд ба назар мерасанд. Ҳар шеър баёнгари ҳолот, назариёт ва руҳу равони шоир нисбат ба ҳаводиси рӯзгори ӯ мебошад ва ин ифодаҳо гиреҳи масъалаеро кушода, барои ҳалли масоили дигар роҳнамо мегарданд.
Диду назари шоир ба Ватан хеле самимӣ ва отифӣ аст. Ӯ ватанро фарзандвор дӯст дорад ва барои салоҳи Ватану бақои меҳан ҷонро фидо мекунад. Ба андешаи шоир хизмат ба Ватан набояд забонӣ, балки ҷонӣ бошад ва дар ҳама вазъу ҳолат ватандор танҳо бояд барои меҳан ҳарфи “итоат” дошта бошад:
То дар ин хоки муқаддас зиндагонӣ мекунем,
Пой то сар, сар ба гардун, шодмонӣ мекунем.
Хуни мо одат ба нону оби покаш кардааст,
Бар Ватан хидмат забонӣ чист? Ҷонӣ мекунем.
Дар ҳама амри Ватан ҳарфи “Итоат” бар забон,
Пайравӣ аз гурдҳои ориёнӣ мекунем.
Шеърҳои “Қасри миллат”, “Роғунсоз”, “Рози бунёдгар”, “Меҳри миллат”, “Мужда”, “Кӯлоб” ва чанде дигар, ки ба мавзуи Ватан ва тавсифи обу хоки сарзамини куҳанбунёду навободамон – Тоҷикистон бахшида шудаанд, хеле самимӣ, ҷолиб, шоирона ва зебо эҷод шудаанд.
Дар ин баробар ашъори дар васфи модар бахшидашуда низ хеле зебо ва дилнишин ба риштаи тасвир кашида шудаанд. Аз ҷумла, шеърҳои “Нони модар”, “Ранҷи модар”, “Ҳастияш инқилобҳо дорад”, “Андуҳи модар”, “Меҳри модар”, “Тан ба пирӣ надиҳад” ва иддае дигар, ки аз тасовиру таобири шоирона рангинанд аз ҳунари волои як эҷодкор ба унвони шоир дарак медиҳад. Албатта, дар ин радиф наметавон шеъри “Дасту танӯр”-ро нодида гирифт, ки дар ниҳояти тасвир ва баёни ҳунармандона, аз қалби пуршӯр ва нигоҳи зебобинона бар рӯйи авроқ таровидааст:
Дар танӯри чун шафақ сурх,
Лахча чун истора месӯхт.
Чашм-равшан,чеҳра пурнур,
Модари ман кулча мепухт.
Ӯ ҳамегустард бо завқ
Осмони суфраи файзу барорашро,
Рӯйи маҳтоби рафида
Пораи абри хамири ширборашро.
Пас, ба он бо муғпари гулофараш
Хол мекӯбид модар,
Гаҳ зи нӯги панҷаҳои рӯҳбахшаш
Орд меборид чун нури саҳар.
Бар тани сӯзони чагдон
Нарм мезад хомнонро,
То гул аз сӯзиш набандад кулчааш
Об мепошид онро.
Бо алавшӯри ба оташ ошно
Лахчаҳоро боз мекард ӯ тагу рӯ, ҷо ба ҷо.
Дар танӯри чун шафақ сурх,
Лахча чун истора месӯхт.
Модари эъҷозкорам
Бар қатори кулчаҳояш дида медӯхт.
Гӯиё ӯ дар муҳити моҳу анҷум
Пушти ҳам хуршед мепӯхт.
Агар аз як тараф, ташбеҳоти зебову диданӣ аз қабили “танӯри чун шафақ” “лахчаи чун истора”, “хол кӯбидани рӯйи кулча”, “боридани орд чун нури саҳар”, “кулчаҳои чагдон ба хуршед” ба шеър зебоиву ҷаззобият дода бошад, пас истифодаи таркиботе чун “лахча”, “кулча”, “муғпар”, “алавшӯр”, “гул бастани кулча” ва ғайра шеърро дилнишин ва диданӣ кардаанд. Албатта, шеъри “Дасту танӯр” аз лиҳози сохтор низ ҷолиб аст, зеро он дар шакли шеъри нав суруда шудааст ва оҳангу инсиҷоми шеъри озодро басо хуб дар худ нигоҳ доштааст.
Аз мазомини ашъори Файзи Ашӯр бармеояд, ки шоир дар зиндагӣ ҳадаф ва мақсади муайян дораду маромаш баёни ҳақиқат ва иҷрои адолат аст. Ӯ дар шеърҳояш афроди ноқобили ҷоҳталаб, дӯстони бемурувват, ашхоси дурӯғгӯ ва фиребгару носипосро сахт мазаммат мекунад:
Миёни боварам афшурд бозувони дурӯғ,
Бигӯ, чӣ кор кунам, бишканад миёни дурӯғ?
Сазои нафрати насли ҷадид хоҳад шуд,
Касе, ки монд ба мерос достони дурӯғ.
Аз дигар шеърҳои хубу дидании Файзи Ашӯр шеъри “Тӯфони ҷавру раҳм” аст, ки яке аз шоҳкориҳои эҷодиёти шоир аст. Яъне шеър аз рӯзгори гунҷишке қисса мекунад, ки бехабар аз ҳикмати ҳаводис аз холиқи худ гиламанд мешавад:
Гунҷишк қаҳр карда зи парвардигор буд,
Зеро ки лонааш
Вайрон зи дасти ҳодисаи рӯзгор буд.
Омад фариштае,
Пурсидаш: - Аз чӣ рӯ
Қаҳр аз Худой кардаию гиря мекунӣ?
Оё Худо ба ҳоли ту беэътибор буд?
Оре, - ҷавоб дод
Гунҷишки бехабар-
Тӯфони ӯ балои сарам шуд, ки нест кард
Он лонаро, ки ҳосилам аз гирудор буд....
Мазмуни шеър қиссаи гунҷишки шокӣ аз Парвардигор аст, ки вирди забони ҳамагон аст, аммо шоир ин мазмунро ба қолаби назму низом дароварда, бо ибораҳои дилнишин ва баёни латифу маҳини шоирона ҷаззобият ва шевоияш бахшидааст.
Бале, гунҷишк ҳамон инсонҳои нофаҳму бехабар аз ҳикмати рӯзгорро мисол мезанад, ки бо андак шикасту нобаробарӣ гила аз тақдир мекунанду шиква аз ноҷурии рӯзгор. Шоир ҳар як бурдро доди Худоӣ медонаду барои ҳар як нобарорӣ ҳикматеро ҷӯёст, ки кушояндаи сад гиреҳи дигар аст.
Оре, доираи андешаи Файзи Ашӯр фаррох аст ва масоиле, ки матраҳ мекунад, доғи рӯзанду дарди башар, мавзуъҳои баррасишаванда дар эҷодиёти ӯ сарсарӣ ё зудгузар нестанд, балки муҳимтарин мавзуи рӯзро бо баёни шоирона ба мардум мерасонад ва барои ислоҳи онҳо роҳ меҷӯяд.
Агар аз лиҳози ашколи шеърӣ ба эҷодиёти Файзи Ашӯр баҳо диҳем, пас ӯ шоирест моил ба шаклҳои суннатии шеърӣ. Анқариб тамоми ашъори ӯ дар шаклҳои суннатии шеърӣ чун ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, фард ва амсоли инҳо эҷод шудаанд. Агарчи дар ин баробар шеърҳое дар вазнҳои озод дида мешаванд, ки баёнгари ҳунарсанҷии шоир дар ин қолабҳост, аммо ӯ куллан ба қолабҳои суннатӣ майл дорад ва як шоири суннатгарост.
Ғазалҳои шоир бисёр равон, пурмазмун ва матраҳкунандаи масоили доғи рӯз ҳастанд. Ошиқонаҳои ӯ низ дар шакли ғазал бисёр диданӣ ва дилнишин эҷод гардидаанд, аммо аксари ғазалҳои ӯ бо мазомини иҷтимоӣ офарида шудаанд. Яъне шоир дар эҷоди ғазал маҳорати баланд ва дасти тавоно дорад:
Рафтӣ, дарахтҳои гузарро салом гӯй,
Ҳамсояҳои боғи падарро салом гӯй.
Гар дар баҳор меравӣ он сӯ насимвор,
Ғарқи паём шохаи тарро салом гӯй.
Ҳангоми тирамоҳ, ки фаслест файзрез,
Дар боғи мо расида самарро салом гӯй.
Бо ин ки Файзи Ашӯр шоирест моил ба ашколи суннатии шеърӣ, вале мазмуну муҳтавои ашъораш наву замонист, яъне дар шаклҳои суннатии шеърӣ мазмуни тоза дорад, мешавад гуфт, ки ӯ навгароиро дар муҳтаво мебинад. Масалан:
Кибр аз ману ту чу дарки ҷонро гирад,
Фурсатталабе расад, миёнро гирад.
“Ман” гӯям ман, ту низ агар “ман”-гӯйӣ,
Ӯ ояду ҷойи ҳардумонро гирад.
Яъне, шоир ба хонанда арзиши ҳамдиливу иттиҳодро мехоҳад гӯшзад кунад, ки то замоне ваҳдату ягонагии кулли шаҳрвандон набошад хатари Ватанро тасаруф намудани бегонагон боқӣ мемонад.
Дар баробари ин ҳама хубиҳо ва ашъори ҷолиб бо мазомини арзишманд, ки барои хонанда ҷаҳони маънӣ ва сайри хотирмони олами андешаву хаёлоти шоирро фароҳам мекунад, дар маҷмуаи мазкур ба андешаи мо, баъзе норасоиҳо ва нуктаҳои қобили мулоҳиза вуҷуд доранд, ки чун маслиҳат пазируфтани онҳо дар оянда ба бурди шоир ва манфиати шеъри муосири тоҷик хоҳад буд. Дар шеъри “Гимни хонадон” калимаи “гимн” ба салосати сухан халал ворид мекунад, пас ҷойи он дорад, ки ба ҷойи “гимн” калимаи дигар интихоб шавад, ки ҳам мақсади шоир бароварда шавад, ҳам таркибе тоҷикона бошад. Ё ин ки калимаи “поиз”, мутаассифона, имрӯзҳо истифодаи калимаи “поиз” ба ҷойи “тирамоҳ” аз тарафи адибону шоирон роиҷ гардида истодааст, ҳатто бузургтарин шоирони имрӯзи мо низ дар шеърашон поизро зиёд истифода мекунанд. Албатта, инҷониб тарафдори истифода нашудани “поиз” нестам, аммо хубтару шевотар мебуд агар “тирамоҳ” истифода мешуд. Магар тирамоҳ дар қолаби шеър номувофиқ меояд? Вақте ки устод Турсунзода мегӯяд:
Шуҳрати бисёр дорад тирамоҳ,
Номи лангардор дорад тирамоҳ.
чӣ қадар зебо ва гушнавоз аст, пас ин масъала бастагӣ ба ҳунари шоир дорад. Ба шеъри “поиз” таваҷҷуҳ мекунем:
Поиз фасли дарду аламдори сол нест,
Зард аст агарчи, чеҳраи бемори сол нест.
Ҳамчунин, истифодаи калимаҳое чун “фач”, “пешпуртак”, “думликонӣ”, “дайду”, “бетонпора” ва ғайра ба ҳусни шеър таъсири манфӣ расонидааст. Албатта, шоир чун бонии забони адабӣ аз лаҳҷаву шеваҳо бояд вожаҳои салису равонро пайдо ва ба хонанда пешниҳод намояд. Ин аст, рисолати таркибсозии шоир. Дар миёни мардум, дар гуфтори ҳаррӯза калима ва таркибу ибораҳое ҳастанд, ки дар забони адабӣ истифода намешаванд. Дар ҳоле, ки калимаҳои таърихан тоҷикона ҳастанд, аммо аз забони адабӣ дур мондаанд. Дар ин баробар ҷо-ҷо афтиши ҳарфҳо низ ба назар мерасад, ки дар оянда диққати бештарро ҳангоми нашри китоб талаб менамояд.
Хулоса, Файзи Ашӯр шоирест дорои маҳорати баланд, ки тавониста дарди худ ва дарди ҷомеаро дар қолаби мавзуни шеър биғунҷонаду бозгӯкунандаи ҳолоти ҷомеа бошад. Албатта, шоир дар амалӣ намудани ҳадафи хеш комёб низ шудааст.
Ҳадиятуллоҳи Амриддин, номзади илмҳои филологӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP