Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Иди Саиди Қурбон дар оромгоҳҳи №2 ва Хоҷағоиби шаҳри Кӯлоб шанбегӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур кормандони оромгоҳ ва корхонаҳои коммуналии шаҳр сарҷамъонаву якдилона ба ҳашар баромада, оромгоҳҳорро тозаву озода намуданд.
Сарҷамъӣ ва иштироки мардум дар ҳашари мазкур давоми иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аст.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки мардуми масъулиятшинос ва меҳнатқарини шаҳри Кӯлоб дар корҳои ободониву тозагӣ ҳаргиз худро бетараф намегузоранд.
Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ арҷ гузоштан ба гузаштагон ва пос доштани хотироти онҳо мебошад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷумлаи чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд. Дар ин доира бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя роҳу пул ва нақбҳо бунёду навсозӣ карда шуда, ҳаракати бемамонияти нақлиёт дар чор фасли сол таъмин карда шуд.
Дар доираи ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгириҳои бевоситаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъмиру навсозии роҳҳо имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон чун дигар шаҳру ноҳияҳо бомаром идома доранд. Дар ин росто ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб мумфаршкунии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб Амирхон Файзов роҳи мумфаршгардида масофаи 1300 метрро ташкил медиҳад. Роҳи мазкур, ки дар шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг-Балҷувон қарор дорад, аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш карда мешавад.
Ҳоло бо ҷалби мутахассисони роҳсоз кор бо суръати баланд идома дошта, ният доранд, ки дар муҳлати муайянгардида корро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шахр оид ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқуллода дар мавзӯи заминҷунбӣ, омадани сел, пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Точикистон дар минтақаи Кӯлоб ба шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб, сокинони ҷамоати деҳоти Кӯлоб, кормандони беморхонаи шаҳрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ин рӯз баланд бардоштани сатҳи омодагии шаҳрвандон ва кормандони муассисаҳо дар ҳолатҳои фавқулода, омӯзонидани тартиби дурусти амал дар шароити офатҳои табиӣ, сӯхтор, заминларза ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ доир ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуданд. Инчунин, шаҳрвандон ва кормандони сохторҳои болозикр дар машқҳои омӯзишӣ иштирок намуда, малакаҳои амалиашонро такмил доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар доираи сиёсати ғамхорона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар арафаи Иди Саиди Қурбон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон кӯмаки ғизоӣ расонида шуд. Ниёзмандону эҳтиёҷмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар интиҳо шаҳрвандон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳори сипос намуда ба Тоҷикистони азизамон сулҳи абадиро орзу карданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб