Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷумлаи чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд. Дар ин доира бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя роҳу пул ва нақбҳо бунёду навсозӣ карда шуда, ҳаракати бемамонияти нақлиёт дар чор фасли сол таъмин карда шуд.
Дар доираи ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дастгириҳои бевоситаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъмиру навсозии роҳҳо имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон чун дигар шаҳру ноҳияҳо бомаром идома доранд. Дар ин росто ҷиҳати истиқболи шоиста аз 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб мумфаршкунии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб Амирхон Файзов роҳи мумфаршгардида масофаи 1300 метрро ташкил медиҳад. Роҳи мазкур, ки дар шоҳроҳи Кӯлоб-Ховалинг-Балҷувон қарор дорад, аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 550 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш карда мешавад.
Ҳоло бо ҷалби мутахассисони роҳсоз кор бо суръати баланд идома дошта, ният доранд, ки дар муҳлати муайянгардида корро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб